Главная / Гуногун / Нархи сим-корт ба 250 сомонӣ аз 1-уми сентябр дар Тоҷикистон

Нархи сим-корт ба 250 сомонӣ аз 1-уми сентябр дар Тоҷикистон

Мақомоти Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки 250 сомонӣ муқаррар шудани қимати симкортҳо ба масоили амниятӣ марбут аст. Бар асоси тасмими мақомот, аз якуми сентябри имсол нархи як симкорт 50 баробар гарон хоҳад шуд.

sim-kort-vavilon

Пешниҳод аз кӣ буд?

Сокиноне, ки соатҳо дар назди нуқтаҳои фурӯш ва сабти симкорҳо навбатпоӣ мекунанд, афзоиши қимати онро дастдарозӣ ба ҷайби бе ин ҳам тақрибан тиҳии мардум медонанд.

Назар Одиназода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин масъала бештар ба амният дахл дорад. Ва кӯшиш мекунем, ки аз тарафи мақомоти дахлдор, хусусан ширкатҳои мобилӣ, шумораи муштариён дақиқ шавад.”

Ин масъули ниҳоди танзимкунандаи нархҳо бо исрор дар сӯҳбат мехост ҷанбаи молӣ доштани ин қарорро рад кунад. Назар Одиназода аз ҷумла гуфт, “маблағҳо ба воситаи ширкатҳои мобилӣ ба суратҳисоби онҳо ҷамъ мешавад ва тибқи қонунгузории ҷорӣ андоз баста мешавад.”

Гузорииш видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Ин мақоми Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, афзоиши қимати симкортҳо ва сабти дигарбораи он бо пешниҳоди чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ширкатҳои мобилӣ то ба ҳол ба ин назари Хадамоти зиддинҳисорӣ вокуниш накардаанд.

Мардум: “Ин иқдоми худсарона аст”

Ин иқдомро бештари сокинон беасос ва худсарона унвон мекунанд ва аз мақомоти Хадамоти зиддинҳисорӣ мепурсанд, ки чаро асосҳои иқтисодии боло бурдани қимати симкортро тавзеҳ надода, ба амалӣ шудани он иҷоза додааст.

Ардашер Заррабинов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ба иттилои вай, барои тайёр кардани симкорт ҳамагӣ 10 сомонӣ харҷ мешавад ва ҳоло қимати онро даҳчанд боло бурданд. Ин сокини Душанбе мегӯяд, бояд дар чунин тасмимгириҳо шароити зиндагии мардум ба назар гирифта шавад.

Сокиноне, ки соатҳо дар назди нуқтаҳои фурӯш ва сабти симкорҳо навбатпоӣ мекунанд, афзоиши қимати симкортҳо ва сабти дигарбораи онро дастдарозӣ ба ҷайби бе ин ҳам тақрибан тиҳии мардум медонанд.

зиёни мардум аст” САДО, ВИДЕО

Симкорт қиматтар аз нафақаи як сокини Ҳисор

Раҳмат Юсупов, сокини ноҳияи Ҳисор ин нархгузориро ғайримунсифона донист ва гуфт, ӯ 246 сомонӣ нафақа мегирад, ки барои харидории як симкорт басанда нест. Ӯ суол мекунад, ки агар бо 250 сомонӣ симкорт харад, пас, дар як моҳи дигар чӣ бихӯрад?

Бар асоси омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 4 миллиону 160 ҳазор симкорти фаъол сабти ном шудааст. Аз соли 2009 ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 40 миллион симкортро ба сокинон фурӯхтаанд, ки бахши бузурги он ғайрифаъол дониста мешавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …