Главная / Гуногун / ЧОВАНДОЗ

ЧОВАНДОЗ

Шиноснома, – гуфт лейтенант ба марди паҳлавонҷуссаи гандумгун рў оварда. Мард дар рўбарўи ў рост меистод. Вай яқин матлаби лейтенантро нафаҳмид, ки ҳаракате накард.

– Шиносномаатро деҳ мегўям, такрор кард лейтенант, бо кароҳат сар то пои мардро аз назар гузаронда. Мард дар сар кулоҳи моҳутии нимдошт дар тан нимтанаи чармини рангпарида дошт. Пойафзоли варзишиаш низ хеле кўҳна буд.

– Шиносномаам дар дасти сержант, – гуфт мард.

– Сержант, шиносномаи ин ку? – ба милисионери қадбаланди уқоббинӣ, ки чанд қадам дуртар аз онҳо дар курсии мулоим менишаст, рўй овард лейтенант.

Сержант дарҳол аз ҷой хеста, даст ба ҷайбаш бурд ва шиносномаро оварда ба лейтенант дароз кард. Лейтенант ҳарчанд чанд дақиқа шиносномаро бо диққат варақгардон карда, ному насаби мардро хонд, боз ба вай рў оварда, пурсид:

– Фамилия?

– Сангов, – ҷавоб дод мард.

– Ном?

– Асад.

– Мусофирӣ?

– Бале. Аз Тоҷикистон.

– Дар куҷо кор мекунӣ?

– Дар бозори Кузнечик… аробакашам.

– Чӣ гуноҳ кардӣ?

– Ягон гуноҳ накардам, рафиқ лейтенант.

Лейтенант қаламро болои қоғаз гузошта, ба мард чизе гуфтан мехост, ки сержант ду қадам пеш омада, ба вай муроҷиат кард:

– Рафиқ лейтенант, ман ўро дар хиёбони Невский, дар болои кўпруки Аничков дастгир кардам. Вай ба яке аз муҷассамаҳои асп, ки дар ду тарафи кўпрук гузошта шудааст, савор шуданӣ буд.

Лейтенант нигохи суололудаи худро ба мард кўчонда, пурсид:

– Рост мегўяд?

– Рост, – сар хам кард мард. – Аммо, рафиқ лейтенант, ман ягон нияти бад надоштам. Танҳо хостам боре ба он асп савор шавам. Бисёр ҳам маъқул шуд, ба аспи ман монанд… Лекин, рости гап, аз аспи ман ҳам зебою чолоктар…

– Ту ҳушёрӣ ё девона? – аз ҷой хест лейтенант, – вай аспи зинда мешуд, гапи дигар буд. Охир, вай ҳайкал аст.

– Шумо маро фаҳмида наметавонед, – рост ба чашмони лейтенант нигарист Асад.

– Чиро намефаҳмам?

– Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки онро бо сухан баён кардан ниҳоят душвор.

– Боз террорист набошӣ? Ба нияти таркондан…

– Худо нигаҳ дорад, рафиқ лейтенант. Ман агар, чи хеле шумо мегўед, террорист бошам ҳам, дар ду дунё аспро наметарконам. Асп барои ман мисли он ки шикорчӣ камонашро чун гаҳвараки чашмонаш эҳтиёт мекунад, азиз аст, муқаддас аст.

– Ту дар ватанат аспбон будӣ? Бишин чаро рост истодаӣ…

Мардро аз ин илтифоти милисионер чеҳрааш андаке шукуфта, ҷуръаташ зиёд шуд. Вай курсиро аз таки миз гирифта, нишаст ва дар лабонаш табассум гуфт:

– Не. Ман човандоз будам. Танҳо як асп доштам, ки бо он дар маъракаҳои бузкашӣ иштирок мекардам. Мо дар тўйҳои худ чунин як мусобиқа барпо мекунем. Бузкашӣ ном дорад.

– Пойгаҳ?

– Пойгаҳ гўем ҳам мешавад. Лекин мо мисли пойгаҳи шумо хушку холӣ ба сари марра намеоем. Дар оғози маърака бузеро сар бурида ба замин мегузорем ва қариб панҷоҳ-сад аспу човандоз ба сари он часпу талош мекунанд. Касе, ки онро аз замин бардошта, то ба марра расидан аз даст надиҳад, соҳиби мукофот мешавад.

– Мукофота кӣ медиҳад? – пурсид лейтенант.

– Соҳиби тўй.

– Танҳо як мукофот?

– Не. Даҳ-понздаҳто.

– Оҳо! – нидо кард лейтенант, – аз куҷо меёбад ин қадар пулро?

– Мо, мардум, тамоми умр пул пасандоз мекунем, ки як бор ба мардум нағзакак ошу нон диҳем, базму бозӣ кунем.

– Ин қадар хароҷоти беҳуда ба чӣ хотир?

– Таомуламон ҳамин хел.

Лейтенант, гўё он базму бозӣ ва тўю тамошоеро, ки мард дар бораи он ҳарф мезад, пеши назар овардан мехрст, ки чанд лаҳза нигоҳи хаёлолуди худро аз рўи ҳамсўҳбати хеш наканд. Ва баъд шояд беҳуда будани ин кўшиши худро фаҳмид, ки худ ба худ даст афшонда, гуфт:

– Хайр, аспбоз, гап зан, бо ту чӣ кор кунем?

Асад бо аломати «худатон медонед» сар ҷунбонд.

– Ту ба ман аниқ нагуфтӣ, ки барои чӣ ҳайкалро савор шудӣ. Наход фақат аз ишқи зиёдат ба ин ҷонвар?

– Рафиқ лейтенант, магар ягон човандоз, умуман инсоне, ки  як бор дар хонаи зини асп нишаста, йўрғаи онро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кардааст, метавонад аз назди чунин аспи зебо, бигузор вай ҳайкал бошад, бефарқ гузарад. Шумо ягон бор ҳамон ҳайкалро дидаед?

– Не, надидаам, – гуфт тамасхуромез лейтенант. – Ту аз ким-кадом гўшаи дунё омада дидиву ман дар ҳамин шахр таваллуд шуда надидаам.

– Барои саволи беҷоам бубахшед, – узр пурсид Асад, – вақте имрўз чашмам ба он асп афтид, аз ҳаяҷон намедонистам чӣ кор кунам… Ҳазорон раҳмат бар падари ҳайкалтароше ки муҷассамаи чунин аспи зеборо офаридааст. Аниқ вай ҳам ошиқи асп будааст. Агар не, чӣ тавр метавонист дар санг чунин зебоиро таҷассум намояд. Не, не одами оддӣ, ҳарчанд истеъдоди фавқулодда дошта бошад ҳам, қудрати офаридани чунин шоҳасарро надорад. Ин ҳайкал не, балки аспи зинда аст. Хаёл мекунӣ, ки ҳамин ҳозир аз дасти ромкунандаи худ раҳо ёфта, чорхез мезанад. Хулоса, аввал хуб тамошо кардам, сипас аз суратгире, ки дар даст асбоби аккосӣ хоҳишмандонро сурат мегирифт, хоҳиш кардам, ки дар манзари муҷассамаи ин аспи зебо акси маро низ бигирад. Баъд бо суратгир ҳисобӣ карда, азбаски мизоҷе надошт, ҳарду хеле сўҳбат кардем. Суратгир низ одами хушчақчақ будааст. Дар бораи таърихи ин муҷассама хеле маълумот дод. Нохост дар дилам чунин ҳавас пайдо шуд, ки як бор ба ин аспи зебо савор шуда, аз ёлҳои оҳанинаш дорам.

– Хоҳиши аҷиб, – луқма партофт лейтенант.

– Шумо, ки аспсаворӣ накардаед, лаззати онро намедонед, – гуфт Асад андаке худписандона.

– Ин қадар аспсавори моҳир бошӣ, дар ватанат аспсаворӣ карда гард буд, – яқин аз таънаи Асад ранҷида, якбора овозашро баланд кард лейтенант. – Кӣ туро маҷбур кард, ки аспатро, зану кўдаконатро партофта ба ин дуриҳо биёӣ.

– Тангдастӣ, – сараш андаке хам, посух дод Асад.

– Мехоҳӣ, ки пул ҷамъ куниву баъд ҳамаашро дар як тўй ба боди фано бидиҳӣ?

– Бале, – табассум кард Асад.

– Ба худо, ки шумо мардум девонаед. Ман дар тўли ин чанд соли охир садҳо ту барин мардикоронро вохўрдам… Охир, шумо бо чӣ азобу сахтиҳо чор танга ҷамъ мекунеду чаро ба қадри он намерасед, а!

– Урфу одатро риоя кардан лозим, рафиқ лейтенант. Агар не, радди маърака мекунанд.

– Э хок бар сари ҳамун урфу одат.

– Чӣ кор кунем, ки аз бобою бобокалонамон мерос мондааст.

– Мерос мондааст, гуфта, ба ҷони худатон ҷабр мекунед. Ту дар ватанат чӣ кора будӣ?

– Муаллим.

– Маълумоти олӣ дорӣ?

– Бале.

– Ҳозир аробакашӣ мекунӣ. Ба хотири чӣ? Барои он ки пул ҷамъ куниву ба мардуми бисёр ош диҳӣ?

– Албатта, ҳама танҳо барои тўй пул ҷамъ намекунанд. Зиндагӣ…ҳазор каму костӣ дорад. Ман худамро барои мисол гуфтам. Худатон бояд фаҳмед, рафиқ лейтенант, дар ватани мо ҷои кор нест. Заводу фабрикаҳо кор намекунанд. Аммо зиндагӣ кардан даркор. Як шоири классики мо чунин байте дорад:

Зиндагӣ бар гардан афтодаст, Бедил, чора чист,

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

Асад ба таври худ ин байтро ба русӣ тарҷума кард.

– Гапат дуруст. Бе гуфтани ту ҳам ҳамаашро медонам. Ҳар рўз даҳ-понздаҳ ҳамшаҳриҳои ту меҳмони мо мешаванд. Ана ҳамин хел, мисли ту, бо онҳо низ рўбарў нишаста сўҳбат мекунам. Аммо… Чандин нафарашон иброз доштанд, ки бо пули мардикорӣ расму таомули аҷдодиро ба ҷо меоранд, Яъне писарчаашонро хатна мекунанд. Ба худо шумо мардуми нодонед, фаҳмидан душвор шуморо. Ё аз ҳад доноеду мо, русҳо, ҳеҷ сарфаҳм намеравем?

Лейтенант чанд дақиқа озмоишкорона ба Асад дида дўхт ва баъд маҳин табассум карда, аз ҷой хест.

– Хайр, човандоз, бо ту чӣ кор кунем? Боз ҳайкалсаворӣ мекунӣ?

Асад сар хам кард.

– Воқиан ҳозир гуфтӣ, ки суратгир ба ту дар бораи таърихи он муҷассамаи асп ҳикоя кард. Ку бигў, чӣ таърих доштааст вай?

Асад мисли мактаббачае, ки дар назди муаллими сахтгир вазифаи хонагиро ҷавоб медиҳад, аз ҷой хеста, гуфт:

– Ин муҷассамаро Клодт ном ҳайкалтарош солҳои панҷоҳуми асри нуздаҳ офаридааст. Боз… Дар давраи Ҷанги бузурги ватанӣ, вақте ки фашистони лаин шаҳри Ленинградро ба муҳосираи дуру дароз гирифта, онро аз дуру наздик гулўлаборон мекарданд, ҳайкали мазкурро дар боғи Қасри пионерон гўронда буданд. Танҳо баъд аз муҳосира озод шудани шаҳр онро боз ба ҷои худаш гузоштанд.

– Оҳо, нағз-ку! Дарҳақиқат маълум, ки маълумоти олӣ дорӣ, – воқиан ҳам хурсанд шуд лейтенант ва коғазеро, ки чанд дақиқа пеш дар он ному насаби Асадро қайд карда буд, ғиҷим карда, ба сатили  ахлот партофта, гуфт:

– Бирав, човандоз, то ба ватанат баргаштан тоқат кун, дигар ҳайкали аспҳоро савор нашав.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …