Главная / Гуногун / Бузургии Падар ва Писар дар чист?

Бузургии Падар ва Писар дар чист?

Меҳмони пире шудам дар Диёрбакр, ки моли фаровон дошт ва фарзанде хубрўй. Шабе ҳикоят кард, ки маро ба умри хеш ҷуз ин фарзанд набудааст. Дарахте дар ин води зиёратгоҳ аст, ки мардумон ба ҳоҷат хостан он ҷо раванд. Шабҳои дароз дар пои он дарахт бар ҳақ бинолидаам, то маро ин фарзанд бахшидааст. Шунидам, ки писар бо рафиқон оҳиста ҳаме гуфт: «Чӣ будӣ, гар ман он дарахт бидонистаме куҷост, то дуо кардамеву падар бимурдӣ».
Хоҷа шодикунон, ки писарам оқил аст ва писар таъназанон, ки падарам фартут.

Солҳо бар ту бигзарад, ки гузор
Накунӣ сўи турбати падарат.
Ту ба ҷои падар чӣ кардӣ хайр,
То ҳамон чашм дорӣ аз писарат.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …