Главная / Гуногун / Буҷети давлатии Тоҷикистон 2018-2019

Буҷети давлатии Тоҷикистон 2018-2019

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия (ба ҳолати 12 октябри соли 2018) қисми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – сентябри  соли 2018 дар сатҳи 100,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 15582,6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид (67,2 млн. сомонӣ барзиёд), ки нисбат ба ММД 32,8 фоизро ташкил менамояд. Барои соли 2019-ум ба маблағи 23 миллиарду 774 миллион сомонӣ (2,5 миллиард долларов) пешбинӣ шудааст.

Дар ин давра иҷрои нақшаи даромадҳои ҷорӣ дар сатҳи 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 12460,6 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд (198,8 млн. сомонӣ барзиёд). Нақшаи воридоти андозҳо бошад 99,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ҳамагӣ 10747,6 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд  (-63,9 млн. сомонӣ), ки нисбат ба ММД 22,6 фоизро ташкил намуд.

Иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз 100,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 101,7 фоизро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақша иҷрои баъзе намуди андозҳо  дар ин давра иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб 420,8 млн. сомонӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид нашуд, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 84,6 фоиз  (-291,6 млн. сомонӣ), боҷи гумрукӣ 83,5 фоиз (-84,4 млн. сомонӣ), андоз аз даромади шахсони воқеӣ 97,7 фоиз (-30,7 млн. сомонӣ) ва аксизи дохилӣ 89,7 фоиз (-14,1 млн. сомонӣ).

Илова бар ин иҷрои нақшаи пардохти грантҳо барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 95,1 фоиз (-52,2 млн. сомонӣ) ва қарзҳо барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 57,0 фоиз (-436,6 млн. сомонӣ), ҷамъ 488,8 млн. сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.

Бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи буҷети давлатӣ дар солиь 2018 ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоию байналмилалии давлат мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи пардохтҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои ташаккулдиҳандаи буҷет тадбирҳои дахлдор андешанд.

Омили дигаре, ки ба сифатнокии иҷрои нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад, ин бақияпулиҳои андозӣ мебошад, ки ба ҳолати 1 сентябри соли 2018 ба 740,2 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба аввали соли ҷорӣ  30,9 млн. сомонӣ ё 4,0 фоиз коҳиш ёфт.

Бақияи қарзи андозии ВМКБ ба ҳолати 1 сентябри  соли ҷорӣ 1,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 379,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, аз ҷумла зиёдшавии ин нишондиҳанда аз ҳисоби шаҳри Хоруғ 183,1 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Дарвоз 23,5 ҳазор сомонӣ, Ванҷ 34,7 ҳазор сомонӣ, Шуғнон 27,2 ҳазор сомонӣ, Роштқалъа 17,7 ҳазор сомонӣ, Ишкошим 16,7 ҳазор сомонӣ ва ноҳия Мурғоб 45,8 ҳазор сомонӣ ба назар мерасад.

Маблағи бақияи қарзи андозии вилояти Суғд 103,6 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба аввали сол 13,7 млн. сомонӣ коҳиш ёфтааст. Коҳишёбии бақияи қарзҳои андозӣ дар аксарият шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба назар расид, аз ҷумла дар шаҳри Исфара 782,9 ҳазор сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 2,3 млн. сомонӣ, шаҳри Бӯстон 1,5 млн. сомонӣ, шаҳри Истаравшан 2,4 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Б. Ғафуров 3,2 ҳаз.сомонӣ ва Мастчоҳ 783,6 ҳазор сомонӣ.

Дар вилояти Хатлон бошад бақияи қарзи андозӣ дар ин давра 177,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 6,9 млн сомонӣ коҳиш ёфтааст. Камшавии бақияҳои қарзи андозҳо асосан аз ҳисоби шаҳри Бохтар 2,3 млн. сомонӣ, Кушониён 3,2 млн. сомонӣ, Ҷайҳун 1,0 млн. сомонӣ,  Ховалинг 1,4 млн. сомонӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, зиёдшавии бақияи қарзҳои андозӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон низ вуҷуд дорад, аз ҷумла дар Балҷувон 2,3 млн. сомонӣ, Хуросон 854,7 ҳазор сомонӣ, Дустӣ 854,9 ҳазор сомонӣ, Ёвон 972,6 ҳазор сомонӣ, Восеъ 760,1 ҳазор сомонӣ ва Фархор 681,9 ҳазор сомонӣ.

Дар ин давра бақияи қарзи андозӣ дар шаҳри Душанбе 81,0 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба аввали  сол 3,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад, ки зиёдшавии он аз ҳисоби ноҳияҳои Шоҳмансур 1,9 млн. сомонӣ, И. Сомонӣ 2,9 млн. сомонӣ ва Сино 3,0 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Дар ноҳияи Фирдавсӣ бақияи қарзи андозӣ ба маблағи 4,2 млн. сомонӣ кам шудааст.

Бақияи қарзи андозии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2018-ум 71,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 3,3  млн. сомонӣ кам мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар ин давра зиёдшавии бақияи қарзи андозӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба назар мерасад, аз ҷумла шаҳри Роғун 1,3 млн. сомонӣ, шаҳри Турсунзода 1,5 млн. сомонӣ, ноҳияи Нуробод 356,1 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 38,4 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Файзобод 117,9 ҳазор сомонӣ.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ғайр аз вилоятҳои Суғду Хатлон дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали сол афзоиш ёфта истодаанд.

Вобаста ба ин, мутасаддиёни самти мазкур бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи воридоти андозҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти андоз ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои андозӣ ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо тадбирҳои амалӣ андешад.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ ҳамчун омили муҳими таъминкунандаи рушди соҳаҳои иқтисодиёт танҳо дар сатҳи 91,6 фоиз иҷро гардида, 16037,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ММД 33,8 фоиз мебошад.

Аз ҷумла маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф 93,9 фоиз            (-166,7 млн. сомонӣ), нигоҳдории тандурустӣ 96,0 фоиз                (-45,7 млн. сомонӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 84,6 фоиз (-375,5 млн.сомонӣ), хоҷагии манзилию коммуналӣ экология, хоҷагии ҷангал 86,5 фоиз (133,6 млн. сомонӣ), фарҳанг ва варзиш 91,5 фоиз (-53,3 млн. сомонӣ).

Ҳамзамон маблағгузорӣ ба соҳаҳои алоҳида, аз ҷумла кишоварзӣ моҳидорӣ ва шикор 87,4 фоиз (-60,4 млн. сомонӣ), саноат ва сохтмон 89,4 фоиз (-14,7 млн. сомонӣ), нақлиёт ва коммуникатсия 92,4 фоизро (-60,6 млн. сомонӣ) ташкил дод.

Дар ин давра ба соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1478,8 млн.сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 1347,4 млн. сомонӣ тибқи нақша мабалғгузорӣ нагардидааст. Дар маҷмӯъ дефитсити Буҷети давлатӣ ба 1 октябри соли ҷорӣ 454,7 млн. сомонӣ ё 0,96 фоизи ММД-ро ташкил намуд.

Бо мақсади таъмини пурраи маблағгузории соҳаҳо Вазорати молия, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро мебояд нақшаи хароҷоти буҷети давлатиро сифатнок иҷро намоянд.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ дар сатҳи 102,0 фоиз таъмин гардида, 3709,1 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 73,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Сарфи назар аз иҷрои нақшаи пешбинишудаи даромадҳои дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз рӯи ҳаҷми умумии даромад уҳдадориҳои андозии худро таъмин накардаанд.

Аз ҷумла ноҳияи Панҷ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ, Ёвон                  13,9 млн. сомонӣ, Восеъ 423,8 ҳазор сомонӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 825,5 ҳазор сомонӣ, Фархор 1,3 млн. сомонӣ, Ховалинг 1,3 млн. сомонӣ, Рашт 303,3 ҳазор сомонӣ, Лахш 57,8 ҳазор сомонӣ, Шаҳринав 137,1 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Ваҳдат 35,5 млн. сомонӣ. Дар маҷмӯъ аз ин ҳисоб ба буҷет  54,8 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Маблағи умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  1 октябри соли 2018-ум 2873,8 млн. долларро ташкил медиҳад, ки ин ба 38,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …