Главная / Биология / Бордоркунӣ ва бордоршавӣ- Буғузшавӣ

Бордоркунӣ ва бордоршавӣ- Буғузшавӣ

Ба бештари ҳайвоноти обӣ ва организмҳое, ки афзоишашон бевосита ба об алоқаманд аст (моҳиҳо, обхокиҳо), бордоршавии беруна хос мебошад. Ҳайвонот дар давраи афзоиш маҳсули ҷинсиро дар шакли ҳуҷайратухм ва нутфа бо об хориҷ карда бордоршавӣ дар он ҷо ба амал меояд. Дар организмҳои хушкӣ узвҳои ҷинсии беруна инкишоф ёфтааст; нутфа аз роҳи ҷинсии нарина ба роҳи ҷинсии модина гузашта, дар он ҷо бордошавӣ ба вуқўъ меояд. Ин ҳолатро бордоркунии дарунӣ меноманд (расми 6.11).

nutfa Дар вақти бордоркунӣ миқдори зиёди нутфа ҷудо мешавад. Ин ба ҳамин хотир аст, ки нутфа муҳити муайяни химиявиро ба вуҷуд меоварад ва бидуни ин бордоршавӣ намегузарад. Бордоршавӣ равандест, ки дар мавриди он нутфа ва ҳуҷайратухм якҷоя шуда, дар натиҷа ҳуҷайраи даври аввалини инкишофи ҷанинӣ, яъне зигота (аз юнонии zygota – якҷояшавӣ, ҷуфт)-ро пайдо менамояд. Дар зигота дастаи хромосомаҳои диплоидии ба мансуби ҳамин намуд барқарор мегарданд. Дар бисёр мавридҳо бордоршавӣ ҳамон лаҳза баъди бордоркунӣ ба амал меояд. Ҳолатҳое ҳам маълуманд, ки байни ин ду раванд фосилаи муайяне мегузарад.

Кўршабпаракҳо фасли тирамоҳ ҷуфт мешаванд, вале ҳуҷайратухм бордор нашуда, нутфа зимистонро дар роҳи ҷинсии кўршабпараки модина мегузаронад.

buguzsahvi

Бо фаро расидани фасли баҳор, модоме ки ҳуҷайратухм болиғ гашт, бордоршавӣ ба вуқўъ мепайвандад. Баъзан баъди бордоршавӣ инкишофи зигота зуд қать гашта, баъди чанд моҳ дубора барқарор мегардад. Сабаб дар он аст, ки давраи насловарӣ ва ғамхорӣ ба насл бояд ба фасли тобистон рост ояд. Барои ҳамин, давомоти ҳамли қоқум 300-320 ва самур 230-280 шабонарўзро дарбар мегирад, ҳарчанд ки давомоти инкишофи насли ин ҷонварон нисбатан кўтоҳ аст.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Дар инкишофи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ кадом давраҳоро ҷудо мекунанд?
  2. Инкишофи ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модинаро шарҳ диҳед.
  3. Дар рафти сперматогенез ва овогенез давраи болиғшавӣ чӣ гуна мегузарад?
  4. Фарқияти мейоз ва митозро нишон диҳед.

Истилоҳот:

  1. Чилликишавӣ – ивазшавии қисми хромосомаҳои гомологӣ, ки байни худ конюгатсия (ҷафс) шуда, дар натиҷа қисмҳои ҳампаҳлўи хроматидҳои ғайрихоҳариро дигар мекунанд.
  2. Бордоршавӣ – якҷояшавии нутфа ва тухмҳуҷайра, пайдо шудани зигота.
  3. Гаметогенез – давраи расиши (пухтани) гаметаҳо, ки дар натиҷа ҳуҷайраҳои гаплоидӣ ҳосил мешаванд.
  4. Гаметаҳо – ҳуҷайраҳои ҷинсашон гуногун, ки дар натиҷаи гаметогенез пайдо мешаванд.
  5. Конюгатсия – раванди бо ҳам наздикшавии хромосомаҳои гомологӣ, ки дар профазаҳои якуми тақсимшавии мейоз рўй медиҳад. 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …