БОЛИШТАКХОР (Acanthopyllum glandulosum), нимбуттаест сершох (8 – 20 см қад мекашад). Ба болишти хордор мемонад. Баргаш дарафшмонанд (дарозиаш 1 – 4 см), гулаш майдаи сафед (рагҳои гулобӣ дорад), июл – авг. гул мешукуфад; тухмаш гирда, дорчинӣ (баъди расидан бӯри сиёҳтоб мешавад). Дар нишебиҳои серсанг ва регзамин месабзад (дар баландии 2500 – 3700 м аз с. б.). Решаи Б. ашё барои ҳосил кардани сапонинити холис аст (дар ҷумҳурӣ захираи он зиёд нест). Сапонини холисро дар байторӣ барои таҳия намудани баъзе ваксинаҳо (барои пешгирии сӯхтанӣ ва брутселлёз) кор мефармоянд.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби решаи Б.-ро ҳангоми илтиҳоби нойчаҳои шуш ва сулфа чун давои балғамовар истеъмол мекунанд, ба ҷароҳат мебанданд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …