Главная / Гуногун / БОИГАРИИ ЗАБОН ДАР ЧИСТ?

БОИГАРИИ ЗАБОН ДАР ЧИСТ?

 Бегоҳии рўзи 14-ми майи с. 2009 чун банда  аз телевизиони «Ҷаҳоннамо» хабарҳои тоза мешунидам, якбора ҷавони зебое чор нафар олими забоншиноси маъруфи Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Эшон баробари лаб во намудан ба танқиди замони шўравӣ гузаштанд, ки ин замон барои равнақу инкишофи забони тоҷикӣ имконият намедод. Бисёр олимони тоҷик асарҳояшонро ба забони рўсӣ менавиштанд ва ғ. ғайраҳо.

  Чун барандаи ҷавон оромона савол дод, ки ҳоло, яъне баъд аз Истиқлолият ба даст овардан, вазъи забони тоҷикӣ чи хел шуд?

  Ҳамоно ин олимон ба сиёсатмадорӣ гузоштанд.

  Бадбахтии баъзе аз зиёиёни мо аз он иборат аст, ки ба ҷойи ҳақиқатро боз намудан ба сиёсатмадорӣ мегузаранд. Шукри Худо имрўз ҳама ба сиёсат сарфаҳм мераванд, вале мо чун ҳақиқатро хаспўш намуда, баҳудаву беҳуда ба сиёсатмадорӣ мегузарем, ин маънои ба чашми роҳбарони давлатӣ ва сиёсӣ хок пошидан аст. Дуюмин бадбахтии аз ҳама авфнопазир фиреби халқ ва гумроҳ намудани вай аст.

  Халқи рус то соли 1861 дар ҳолати ҳуқуқи крепостноӣ мезист. Ба қавли Плеханов: «Халқи ришдарози бедин» буд. Равшанфикрони асри XIX рус ба ҷои тозиёна, ба даст қалам гирифта, бо калам халқи худро масхара карда мезаданд, то ки аз хоби гарон бедор кунанд. Дар натиҷа, ҳамагӣ пас аз ним аср, ин халқро ҷаҳонгир карданд.

  Мо зидди он ақидаи эшон нестем, ки «аксари  кулли олимони замони шўравӣ корҳои илмии хешро ба забони русӣ менавиштанд» мегўянд. Ҳатто илова мекунем, ки худи зиёиёни тоҷик шахсеро, ки ба забони буррои русӣ ҳарф зада наметавонист, ўро «бесавод» мепиндоштанд.

  Дуруст аст, ки котиби генералии КМ ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ Н.С. Хрушев гуфта буд: «Ҳар кадар забонҳо тезтар барҳам хўранд, ҳамон қадар мо тезтар ба коммунизм мерасем. («Асосҳои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ»). Вале чун халқи тоҷик (агар хато накунам, соли 1964) 550-солагии Абдураҳмони Ҷомиро ҷашн гирифтанд, дар ин ҷашн аз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон олимонро даъват намуда буданд. Маърўзачии асосӣ, марҳум М. Осимӣ буданд. Матни баромадро ба забони русӣ тайёр карда буданд. Вале чун як рўз пеш аз ҷаласа намояндаи КМ ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ, аз ин огоҳ шудааст, ҳамоно қотеъона талаб кардааст, ки маърўзачӣ бояд бо забони тоҷикӣ баромад кунад. Ҳамоно бо супориши КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон матни маърўзаро ба тарҷумонҳо тақсим карда, ба забони тоҷикӣ гардониданд. Банда, ки ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррири радиошунавонӣ ба забонҳои хориҷӣ кор мекардам, 10 саҳифа ба мо ҳам супориданд, ки онро ба зуддӣ ба тоҷикӣ гардонем. Мо онро ба ду тақсим карда ба тарҷумонҳои номӣ М. Туробӣ ва С. Боғиров супоридем, ки тарҷума кунанд. Хулоса ҳеҷ гоҳ забони тоҷикӣ ба мисли ҷашни Ҷомӣ ин қадар бо салобат танинандоз нагардида буд. Ҳамаи олимони хориҷӣ бо забони ба ҳар як одами оддии тоҷик фаҳмо нутқ мекарданд. Вале бадбахтӣ он аст, ки худи мо ҳамон вақт ҳам ноўҳдабаро будем. Мошинаи овозсабткунии «Томвагин» дар дасти рафиқони рус буд. Ман талаб кардам, ки овози ҳамаи баромадкунандаҳоро ба навор сабт кунанд. Накарданд. Ба раиси кумитаи радио  ва телевизиони Тоҷикистон хабар додам. Вале ин шахси тасодуфӣ ба фиреби рафиқони техникӣ гўш карда, ба ман дарафтод, ва бо ин ба кори наҷиби таърихӣ монеъ шуд.

  Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ноўҳдабароиҳои мо забони тоҷикии даврони шўравӣ як забони ширини барои тамоми халқи тоҷик ягона ва фаҳмо гардида буд. Вай аз ҳисоби мафҳуму калимаҳое, ки дар натиҷаи тараққиёти илму техника, дар байни ин ва ё он халқи дигар пайдо  мешуд, бой мегардид. Қонуни забон чунин аст, ки ин ва ё он мафҳум ё калима дар натиҷаи тараққиёти илму техникаи ин ва ё он халқи тараққикарда, пайдо мешавад ва он мафҳум ватани пайдоши худро дорад. Ва бечуну чаро мо онро бояд қабул кунед. Иҷборан онро тоҷикигардонӣ кардан, калимасозӣ намудан, ин ҳама, ба вайрон кардани қонуни забон ва фалсафаи вай бурда мерасонад.

  Инак ба таърих рў меорем: Қабл аз ба вуҷуд омадани Империяи умумиҷаҳонии Ҳахоманиш, яъне 2700 сол муқаддам, осуриҳо барои наҷот ёфтан аз таъсири забони орамӣ (Ерамия) ин халқи меҳнатиро бо зўрӣ ба ҳар тараф-яъне ба ҳар як шаҳру ноҳияҳои мухталиф ба таври зўрӣ пароканда карданд. Осуриҳо бо ин амали худ осуда гардиданд, ки забони ин халқ дар байни халқҳои дигар махлут гардида, бо ҳамин забони ин халқ ҳам нест шуда меравад. Вале ин халқи меҳнатӣ бо заҳмату ҳунари бепоёни худ, баракс дар байни халқхои минтакаи Баҳрайннаҳрайн эътибор пайдо карда, таъсири забонашон забонҳои дигарро пахш карда, аз саҳнаи таърих баровард. Ҳатто забони Форсии Қадим, ки асли баромадаш аз забони Ёфатӣ аст, ҳахоманишҳоро маҷбур сохт, ки забони орамиро дар катори забони Форсии Қадими худ қабул кунанд. Вале чун усули давлатдории прогрессивии ҳахоманишҳо ҳамаро фаро гирифта, роҳи бозори умумиҷаҳониро  боз намуд ва чунин давлатдори карданд, ки ба қавли Ҳеродот дар роҳҳои корвонгарди савдогарон аз Осиёи Марказӣ то Чину Ҳинд ва аз он тараф то ба Мисру Бобулистон дар арзи зиёда аз 200 сол як бор ҳам ҳодисаи роҳзанӣ дар байни ин роҳҳои дуру дароз ба кайд гирифта нашудааст, зеро тамоми роҳҳоро сарбозҳои Форс дар зери назорати ҷиддӣ гирифта буданд.

  Роҳи тараққиёт, робитаи озоди молу амволи тиҷоратӣ, хулоса ташкил намудани бозори ҷаҳонӣ бо намоишгоҳҳояш, дар ҳар як мамлакат соле як бор ташкил намудани намоишгоҳ-забони Форсии Қадимро ҳамчун забони ҳукмрони даврони Ҳахоманиш, дар байни халқҳои гуногуни ҷаҳон чун забони ягона, бисёр халқхо – чи аз қабили юнониву мисрӣ ва чи Бобулистону Сурия ин забонро ҳамчун забони ягонаи Форсии Қадим пазируфтанд.

Ва дар баробари ҳамин халқҳои дигар ҳам забони худро  аз ҳисоби калимаҳои форсӣ инкишоф медоданд. Вале бо ин, забони худро аз ҳисоби калимаву мафҳумҳои дигар халқ бой кардан – ягон забон сохти грамматикии худро аз даст надодааст.

Ҳеродот ба тарзи шаҳрдории форсҳо дар Бобулистон, тарзи либоспўшии ҷавонон-бо нишонаҳои махсус, хонадоршавии онҳо ва тартибу, назорати бозор қоил шуда, мегўяд, ки рўзе нест, ки чандсад одами суғдӣ ба Бобулистон пайдо шуда ва рўзи дигар иваз мешаванд.

  Сарлашкарҳои юнонӣ дар тўли чандин даҳсолаҳо ба артеши форсҳо ки аз панҷ округи ҳарбии миқдоран аз 800 ҳазор сарбоз иборат буд, хизмат карда, ҳам таҷрибаи ҷангӣ меомўхтанд  ва ҳам бо забони форсӣ ба хуби гуфтугў мекарданд ба ғайр аз ин, онҳо «харита»-и Осиёи Миёнаро ба мисли панҷ ангушти дасти худ медонистанд. Аз ин лиҳоз, яке аз сабабҳои ба тезӣ ба сари қудрат омадани Искандари Мақдунӣ ҳам аз ҳамин иборат аст. Ва пас аз ҳамаги ним аср аз нав ба ҷойи ҳукмронии юнониён ба тахту тоҷи подшоҳӣ соҳиб шудани паҳлавиҳои аслу насабашон аз паҳлавонони Самарқанду Бухоро ва Истаравшану Бохтар буд, ба зуддӣ ҷойи забони Форсии қадимро забони Форсии Миёна гирифт, ки инро забони «паҳлавӣ» ҳам мегўянд.

  Барои чи забони «паҳлавӣ» мегўянд?

  Хати паҳлавӣ дар Осиёи Миёна ҳанўз то аз тарафи паҳлавиҳо аз нав ба даст даровардани вилоятҳои форсию Баҳрайннаҳрайн мавриди истифода қарор гирифта буд,  се намуд дошт: 1. Модию (мидийцы) паҳлавӣ (ғарбӣ ва ё калдонию паҳлавӣ), дар тангаҳои паҳлавиҳои охирин ва сосониёни ниҳоят қадим дучор меоянд. 2. Форсӣ ва ё сосонию паҳлавӣ, ки дар тангаву мўҳр ва нақрасанги сосониён дучор меояд. 3. Хатти нави паҳлавӣ ва ё хати паҳлавие, ки китоби Авесто ва китобҳои дигари ба Авесто пайвасташудаи форсҳо бо он тарҷума шудаанд. Ин намуди охирини хати паҳлавӣ ҳамчунин номи гузариш (huzvarish)-ро дорад. Он тақрибан 500 калимаву шаклҳои орамӣ (ҷонишинҳо, пешояндҳои махсусан истифодашаванда, шумора ва шаклҳои дигарро, ки бештар истифода мешаванд, дар бар мегирифт). Забони форсӣ, яъне шакли деринаи забони паҳлавӣ, шакли гузариш ба забони Форсии Нав мебошад ва забони Форсии Нав дар хат тамоман аз баҳри унсурҳои орамӣ баромадааст. Билохира аз ҳамин забони форсии нав – забони тоҷикӣ сабзида баромад, ки олими асри XIX рус А. Шепотев менависад: «Забони нави форсӣ (забони тоҷикӣ – И. Ў) аз забонҳои туркӣ ва арабӣ ба куллӣ фарқ мекунад, он забони зебо ва бой ба ҳисоб рафта, дар Осиё бештар паҳи гардидааст». (Ниг. Иброҳим Умарзода, Таърихи тамаддуни Ориён. Д. – 2006. с. 91-93).

  Барои чӣ забони сосонӣ мегўянд? Магар ин як забони алоҳидаи форсӣ аст?

Барои ба ин савол ҷавоб додан мо бояд андаке ҳам бошад ба таърихи Сосониён рў оварем. Дар акси ҳол мо сабабҳояшро фаҳмида наметавонем.

  Ҷанги дурударози Рим бо Шарқ дар охири асри дуюми милодӣ нав хомўш шуда буд. Паҳлавиён ба ҷангҷўии римиён нигоҳ накарда чандин карат ба онҳо ёрии иқтисодию моддӣ ва ҳатто дар ҷанги онҳо ба муқобили Сурия ва Осиёи Хурд ҳам дасти ёрӣ дароз карда буданд, Вале римиҳо аз ин натича набардоштанд. Марк Аврели Философ ба муқобили паҳлавиҳо аз нав оташи ҷангро афрўхт ва ин ҷанг бетанаффус 60 сол идома ёфта бо ғалабаи Артабони V (Паҳлавӣ) анҷом пазируфт. Рим дар симои император Элағабал на фақат аз талаби худ нисбати Арманистон ва Баҳрайннаҳрайн даст кашид, балки 5 миллион динор товони ҷангро ҳам дод. Вале ҷанги дурудароз беасар намонд. Феодалҳои паҳлавиён ҳангоми дар хориҷа будани Артабони V дар ҷануби мамлакат бо сардории Ардашер шўриш бардоштанд ва ҳокимияти Паҳлавиёнро  сарозер намуда, сулолаи Сосониёнро ба сари қудрат оварданд, ки аз соли 224 то соли 651 –и милодӣ, яъне то барқарор гардидани дини Ислом ҳукмронӣ намуданд. Дар ҷанги доҳилии форсҳо на аз тарафи Паҳлавиён ва на аз тарафи Сосониён ба хунрезии зиёд роҳ дода нашуд. Фақат як сулола ҷои худро ба сулолаи дигари форсӣ дод.

Забони сосониён идомаи ҳамон забони форсии миёна, ки паҳлавиҳо ҷорӣ карда буданд, карор гирифт. Фақат ҳамин қадар аст, ки дар замони Сосониён забони форсии миёна бидуни истифодабарии калимаҳои орамӣ ва юнонӣ амал кард, зеро паҳлавиҳо 200 – соли охир бо тозакунии забон машғул шуда буданд. Жуковский дар яке аз мақолаҳояш бо унвони «Предварительные заметки» менависад:

  «Ин забон ба монанди занд ва ё форсии қадим на синтетикӣ, балки мисли забонҳои романии аз забони лотинӣ бо грамматикаи содда кардашуда бе пасояндҳои падежӣ, бе шаклҳои фарқкунандаи ҷинсҳои мардона ва занона, бо дар фелҳо бартари доштани шаклҳои тарқибӣ ва ғайра инкишоф ёфта, таҳлилӣ мебошад. Умуман забони паҳлавӣ мувофиқи сохти грамматикӣ қариб ба забони форсии нав шабоҳат дорад».

  Ба инкишофи забони паҳлавӣ, дар замони Сосониён, аҳолии таҳҷоии ориёӣ, ворисони Ориёни бостонӣ роли калон бозиданд. Ба шарофати онҳо сохтори миллии мардуми форсизабон муайян карда шуд. Тарқиби давлати Сосониёнро дар баробари мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрони ҷанубию Арманистон, боз сомиҳои бо орамӣ гуфтугўкунанда, юнониён, арабҳо ва дигар халқҳо ташкил менамуданд.

  Вале забони Форсии Нав аз гаҳвора набаромада хомўш гардид. Пас аз ба вуҷуд омадани дини мубини Ислом, аз тарафи арабҳои бодиянишин, ҳам ҳуруфоти форсӣ, ҳам санъати рассомӣ ва ҳам адабиёту рақсу суруд манъ карда шуданд. Ин аз он сабаб рух дод, ки дини Ислом ба саҳнаи ҷаҳони набаромада Муҳаммад (а) аз олам гузашт ва ҳанўз фурсати тарҳрезии ин масъалаҳо нарасида буд. Вале аз ҳоли Муҳаммад (а) маълум буд, ки Пайғамбари Худо  ба ҳамаи масъалаҳо аз фаризаи Офаридагор берун намерафт.

  Фалсафа дар ҳудуди империяи Форс хеле тараққӣ карда, дар замони сосониён шаҳри Мадоин ватани ҳакимони ҷаҳон гардида буд. Ин аз он сабаб аст, ки таълими фалсафа дар Рим дар асоси қарори Юстиниани Аввал аз соли 529 манъ карда шуда, худи файласуфҳои навафлотунӣ таъқиб карда мешуданд. Даматский бо шогирдонаш аз Афина ба империяи Форс омаданд. Дар Афина инчунин Академияи файласуфҳо вуҷуд дошт, ки он ҳам дар асоси ҳамон қарори соли 529 милодӣ баста шуда буд, аз ин ҷиҳат файласуфҳо ба империяи Форс омада буданд. Аз ин лиҳоз Анўшервони Одил масъала гузошт ва дар асоси талаби ў Аҳднома бастанд, ки аз соли 549 шарти пурра таъмин намудани бехатарии файласуфҳо ва дар қаламрави империяи Шарқии Рим – Румиё (Византия) имконияти озодона амал кардани онҳо роҳ дода шавад.

Пас аз марги Муҳаммад (а) ҳукамои араб дар як давраи хеле кутоҳ ҳамаи дарҳои тамаддуни бостонии Шарқро бастанд. Вале дере нагузашта ба шарофати Имоми Аъзам барин ашхоси барўманд ба дунё омада, ба маънидод кардани Қурон даст заданд ва кор ба дараҷае расид, тамоми китобҳое, ки чи дар ҷодаи илми дакиқ ва чи дар ҷодаи ҳикмат дар мамолики ҷаҳон эҷод шудаанд, ба забони арабӣ тарҷума кунанд. Акнун забони Форсии Нав аз нав эҳё гардид. Вале дар натиҷаи таъсири забони арабӣ ба забони Форсии Нав – тоҷикӣ ин кадар калимаҳои арабӣ дохил шудаанд, ки дар тамоми рафти таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи Форсии Қадими ёфатӣ дохил нашуда буданд. Захираи луғавии забони тоҷикӣ бой гардид, аммо сохти грамматикии забони Форсии Нав – тоҷикӣ ҳамон тавре ки буд, боқӣ монд. Забони Форсии Нав боз ҳам забони шевоу дилпазиртар гардид.

  Вазъи забони тоҷикӣ пас аз истиқлолият чи хел шуд?

  1. Истиқлолият саддарсад барои ҳукмронии забони тоҷикӣ дарҳоро боз карда, забони тоҷикиро забони давлатӣ – яъне умумихалқӣ эълон кард.
  2. Дар ҷодаи фарҳанги забони тоҷикӣ китобҳои ба назар тамоёни қобили қабул чоп карда шуданд.

Ин бори дигар ба субут мерасонад, ки дар ҷодаи забоншиносӣ олимони барўманду фозил  ҳастанд. Вале дар забони муосири тоҷикӣ ягонагии миллии забон, яъне ҳамаи мардум дар муоширати худ ба як забон – забони адабии тоҷик чун замони шўравӣ итоаткор бощанд, ин дида намешавад.

Дуруст аст, ки дар замони шўравӣ барои муттаҳидии ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон эътибор намедоданд. На ин, ки муттаҳидии ноҳияҳо, балки муттаҳидии халқи ягонаи тоҷик дар амал вуҷуд надошт. Як халқи дар он вақт кўчаки тоҷик ба чандин шеваи забони тоҷики гуфтугў мекарданд. Маҳз ҳамин забони шевагии мардуми тоҷик сабаб шуд, ки сари бисёр ҷавонони бегуноҳро хўранд. Ду гурўҳи ба ҳам зид, ки барои ба сари қудрат омадан одамкушӣ мекарданд, бештар барои онҳо далели асосӣ ҳамин лаҳҷаи забонӣ буд. Ин рафтори ғайриинсонӣ ва ғайридинии онҳо нишон дод, ки мақсади онҳо на ҷомеъаи инсонӣ бунёд кардан, балки ба дасти халқи тоҷик завлона ва ба пояш кишан задан будааст.

Рўзе ба ман як шахси тоҷик  гўфт: – ман чи аблаҳӣ карда, пас аз хатми мактаби миёна, дар назди интернат, ному насақамро дигар кардам. Сад бор беҳтар набуд, ки ман худро ба ягон миллати дигар мансуб медонистам.

Ин як ҷинояти авфнопазир аст, ки дар натиҷаи сиёсияти ҳукуматдорони лухтакмонанди замони шўравӣ ба мо мерос мондааст. Онҳо натавонистанд халқро муттаҳид карда, ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд. Вале афсўс, ки ин моли меросии гузаштагони мо пас аз истиқлолияти мамлакат боз реша медавонад. Ин дафъа бе тарсу бим.

Он ҷо равам, ки гардун болои сар набошад.

Афсўс метавон хўрд, ҷои дигар набошад.

  Ғайр аз ин, як ананаи ғайри қобили қабул дар байни зиёини тоҷик расм шудааст, ки чун ба Эрон ё ягон мамлакати ҳамзабони мо мераванд, ҳатман ба Тоҷикистон ягон калимаи «нав» ҳамчун савғотӣ ба зиёиёни тоҷик мебиёранд. Ин калима ё мафҳум, ки ҳаргиз дар таърихи забони тоҷик набуд, ба зуддӣ чорӣ мешавад ва олимони «барўманди» тоҷик дар ягон ҷамъомади илмӣ шарм накарда ҳар як баромадкунанда то даҳ борӣ ин калимаро иброз медоранд.

  Рўзе як муаллим нақли аҷибе кард: «Ҷаноби Анварӣ ба Эрон рафта, рафиқи деринаашонро суроғ мекунанд. Дар ин вакт ронандаи рафиқашон пайдо шуда мегўяд:

  – Тайи як ҳафта аст, ки маризанд.

  – А…а, чи гуфтед, чи гуфтед, такрор кунед?

  – Тайи ҳафт рўз аст, ки маризанд.

  – А…а таби ё тайи? Такрор кунед, чи гуфтед?

  – Ай бобо, ман ки чизе нагуфтам. Маризанд!

  – На-на… тай… тайи… а тайи, тайи»

  Ва ин олими баруманди тоҷик ин калимаи «тайи»-ро барои олимони мо ҳамчун тўҳфа оварданд. Имрўз ин анана ба авҷи аъло расидааст. Акнун калима не, балки баъзе аз олимони унвондор ба Эрон рафта мағзобаҳои эҷодии эрониёнро мебиёранду бо унвони тамаддуни ориён, бо муқоваҳои зебо китобат карда, чоп ҳам мекунанд. Ҳатто худашон ба мазнуни иқтибосашон сарфаҳм нарафтаанд, ки вай чи маънӣ дорад. Зидди таърихи халқи тоҷик аст ё не?!

  Эй дод аз дасти ақл, фарёд аз дасти унвонҳои олию каллаҳои холӣ

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …