Главная / Илм / БОФТА

БОФТА

boftaБОФТА (Textus), маҷмуи ҳуҷайраҳое, ки пайдоиш ва сохтори ба якдигар монанд дошта, вазифаи якхеларо иҷро мекунанд. Сохт ва ҷойгирии Б.-ҳоро гистология меомӯзад. Б. эпителиявӣ, пайвандӣ, мушакӣ ва асабӣ мешавад. Вазифаи Б.-и эпителиявӣ муҳофизат, ихроҷ ва ҷаббиши моддаҳо аст. Ба Б.-ҳои пайвандӣ хун, лимфа, Б.-ҳои тӯрмонанд, ковок, зич, тағоякӣ ва устухонӣ мансубанд. Б.-ҳои тӯрмонанд узвҳои махсуси муҳофизатӣ ва хунофар (сипурз, лимфағуддаҳо, мағзи устухон)-ро ташкил мекунанд. Б.-ҳои пайвандии ковок аз ҳуҷайраю нахҳои гуногун ва моддаи байни ҳуҷайраҳо иборат буда, насҷи зери пӯст ва қабатҳои ковоки байни узвҳоро ба вуҷуд меоранд. Рагу пайҳо аз Б.-ҳои пайвандии зич таркиб ёфтаанд. Б.-ҳои пайвандии тағоякӣ, ки аз ҳуҷайраҳои калон иборатанд, ба пайдоиши бандҳо, қабурға, бинӣ, гӯш ва диг. узвҳо замина мегузоранд. Б.-ҳои пайвандии устухонӣ вазифаи такягоҳро иҷро мекунанд. Б.-ҳои мушакӣ ду навъ – суфта ва кӯндаланграх мешаванд. Мушакҳои суфта аз ҳуҷайраҳои дарози дукшакл иборат буда, ҳаракати узвҳои дохилиро таъмин месозанд. Мушакҳои кӯндаланграх аз торҳои мушакӣ (мушакҳои скелетӣ) ё ҳуҷайраҳо (мушаки дил) иборатанд; онҳо қобилияти тез кашиш хӯрданро доранд. Б.-ҳои асабӣ аз ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо) ва ёрирасон иборат буда, барои дарк, таҳлил ва ҷавоби ангезиши аз муҳит ё аз узвҳо омада мусоидат мекунанд. Ангезиш тавассути ретсепторҳо қабул шуда, ба импулсҳои асаб мубадал мегардад ва ба воситаи торҳои асаб ба системаи асаби марказӣ мегузарад. Дар ин ҷо импулсҳои ҷавобӣ ташаккул ёфта, ба воситаи дигар торҳои асаб ба узвҳо мераванд.
КЛ
Расми 1. Сохтори миофибриллаи нахи мушак: 1 – сарколемма; 2 – қурси А; 3 – мезофрагма дар мобайни қурси А; 4 – қурси 1; 5 – телофрагма дар мобайни қурси 1; 6 – митохондрия; 7 – систернаи ниҳоӣ; 8 – шабакаи саркоплазмавӣ; 9 – найчаҳои кӯндаланг.
Расми 2. Сохтори бофтаи сӯфтаи мушак: 1 – миосит; 2 – миофибриллаҳо дар саркоплазма; 3 – ядрои миосит; 4 – сарколемма; 5 – эндомизий; 6 – нах (тор)-и асаб.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …