Главная / Маданият ва санъат / Технологияи матоъ таёр кардани мато

Технологияи матоъ таёр кардани мато

Инсоният аз қадимулаём матоъро истифода мебарад. Усулҳои тайёр намудани матоъ ҳанўз аз замонҳои хеле қадим маълум аст. Кофтуковҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони мо дар асрҳои ҶV-и пеш аз милод ба бофандагӣ (матоъ тайёр кардан) машғул буданд.

Аввалин нахҳое, ки одамон истифода мебурданд нахҳои (сўзгиёҳ) ва (канабу) бангдона будаст. Техникаи корҳои ресандагию бофандагӣ солиёни зиёд дастӣ буда, танҳо дар асрҳои миёна он рў ба тараққӣ ниҳод.

Аз дуку чархҳо то ҳаллоҷӣ аз ҳаллоҷӣ то дастгоҳҳои оддӣ, аз он то дастгоҳҳои механикию автоматии пуриқтидор такмил дода шуданд. Ҳоло як чанд намуд нахҳоро истифода мебаранд.

Матоъ мувофиқи тартиби зайл тайёр мешавад:

  1. Маҳсулоти бофандагиро аз чигит тоза мекунанд
  2. Калоба мекунанд
  3. Аз калоба ресмон мерезанд
  4. Аз ресмон матоъ мебофанд
  5. Рангу бор медиҳанд

Ба гурўҳҳои аслии матоъҳои дохил мешаванд, ки аз нахҳои табии яъне аз растаниги – пахта, пила, ҳайвонот – мўйна, зағирпоя, канна бандгона, матоъҳои суф, чит, сатин, шоҳӣ атлас, шифон, духоба, бахмал Матоъ дар натиҷаи бофтани риштаҳо, тору пуд ҳосил мешавад. Риштаи тор дарозӣ амудиаш аст.

Риштаҳои дарозӣ асос (тор) дар вақти кашидан дароз намешаванд. Риштаҳои пуд дар вақти кашидан меёзанд риштаҳои пуд ғафс ва кўтоҳ мебошанд Дар ду паҳлўи матоъ милк мавҷуд аст, масофаи ду милкро барии матоъ меноманд.

bofandagi

Ҳангоми печонидани риштаҳо аз навард ҳар тори онҳо воситаи чашмаки ремизок мегузарад.Ҳангоми ҳаракати ремизок (якеаш аз боло дигараш аз поён) дар баёни риштаҳои кашида нашудаи тор фазо пайдо мешавад. Аз ҳамин фазо меку тез ба риштаи пуд мегузорад Моку намудани киштича ва думчаи тез дорад! Дар дохили моку найчаи риштадоре ҳаст.

Ҳангоми ба ҳолати аввала баргардонидани ремизокҳо шона риштаи пудро ҷафс мекунад. Моку бошад, баробари ҷой иваз кардани ремизокҳо ба самти акс ҳаракат намуда, матои тайёр ба наварди моли печонида мешавад.

Матоъ анна ҳамин тавр пайдо мешавад. Меҳнати бофандаҳо дар замонҳои пеш ниҳоят душвору тоқатфарсо буд. Дар фабрикаҳои бофандагӣ калабаресҳо, ресмонҳо, торпечонҳо, бофандагон ва дигарон кор мекунанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …