Главная / Илм / БОДОВАРД

БОДОВАРД

bodovardБОДОВАРД (Silybum marianum), бодрӯз, хори каррок, кукухор, гиёҳест як ё дусола. Пояаш рост, одатан бешоха, то 150 см қад мекашад. Баргаш калони хордор, рахҳои сафед дорад. Хӯшагулаш «сабадак»-и калон, дар нӯги поя ҷой гирифтааст. Гулаш майда, найчашакли арғувонӣ. Одатан, моҳҳои май – июн гул карда, авг. – сент. тухм мебандад. Б. чун алафи бегона дар канори роҳ, назди хонаҳо, замини партов, боғу киштзор ва ғ. мерӯяд.
Б. гиёҳи доруист. Ҷолинус онро барои табобати амрози гуногун истифода мебурд. Абӯалии Сино бо ҷӯшоби бехи бозовард ниқрис, хунпартоӣ, исҳоли кӯҳна ва дарди дандонро муолиҷа мекард; онро чун доруи пешоброн ва тақвиятбахши узвҳои ҳозима тавсия медод; аз он марҳам тайёр карда, ба омос мебаст.
Табибони халқӣ ҷӯшоб ё хокаи тухми Б.-ро аз қадим барои табобати иллати ҷигар, сипурз, заҳрадон ва зардпарвин истифода мебаранд; шираи барги онро ҳангоми хала, қабзияти меъдаву рӯда ва чун давои заҳрарону пешоброн тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби решаи Б.-ро ҳангоми назла (катари)-и меъда менӯшанд. Бо тухми Б. илтиҳоби ҷигар, иллати сипурз, талхадон, санги заҳрадон, заъфарма ва бавосир муолиҷа карда мешавад. Қиёми самари он ҷузъи таркибии доруи «холелитин» аст, ки барои табобати холетсистит, гепатитҳо ва ғ. истифода мегардад.
Б. барои беҳтар сохтани фаъолияти ҷигар аҳамияти калон дорад. Доруҳое, ки дар таркиби онҳо Б. мавҷуд аст, иммунитетро баланд бардошта, баҳри одамони солхӯрда муфид мебошад. Ин гуна доруҳоро дар мавриди бемории афсурдарӯҳӣ низ таъин мекунанд. Илова бар ин, доруҳои Б.-ро дар ҳолатҳои зерин низ истифода бурдан нафъи зиёд дорад; ҳангоми аз истеъмоли шароб ва мухаддирот даст кашидан; бо мақсади рафъ сохтани таъсири номатлуби доруҳои ҷигар; баъди гузаштани табобати химиявӣ ва шуоъӣ. Табибони чинӣ барои пешгирии таъсири номатлуби кимиёшифоӣ ба беморон истеъмоли доруҳои Б.-ро низ тавсия менамоянд.
Духтурони гомеопат бо меваи пухта расидаи Б. бемориҳои ҷигар, талхадон, сипурзро табобат мекунанд. Духтурони дерматолог бошанд давоҳои Б.-ро ҳангоми муолиҷаи амрози аллергии пӯст, тоссарӣ, песӣ (витилиго), псориаз, шукуфаи фалсии сурх, наррак ва ғ. кор мефармоянд. Б. раванди дар организм ҳосил шудани гистаминҳоро фурӯ нишонда, бо ҳамин аксуламалҳои аллергӣ ва сардардро пешгирӣ менамояд. Б.-ро дар шакли обҷӯш, чой, қиём, хока кор мефармоянд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …