Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон бармегаштанд. Роҳи баргашти онҳо аз даштҳои Дизак ба чарогоҳҳои Кӯли Калону Кӯли Аловуддин ва Искандаркӯл аз канори деҳаи мо мегузашт ва чанд рӯз дар кӯҳҳои атрофи деҳа таваққуф мекарданд ва мо баччаҳо ба назди онҳо сайри кӯҳ мерафтем. Як сол, вақте ман дар синфи 6 ё 7 мехондам, ин молҳо омаданду дар як мавзее бо номи Теғаи Малахгардон, ки дар кӯҳи Офтобрӯя аст, мечариданд. Ман ва чанд баччаи дигар, ки ба чӯпонҳои рама робита доштем, барои сайру тамошо ба сари он рама рафтем. Амаки Абдуҳомиди ман, сардор ва падари яке аз он баччаҳо – Бобои Файз (Бобоашӯр) чӯпони ин рама буданд. Ин мав- зеъ, ки дар баландӣ ҷойгир буд, дар фасли баҳор сабзу хуррам ва сайрбоб буд. Ғайр аз ин чӯпонҳо сагу хар доштанд, ки барои мо баччаҳо харсавориву бозӣ бо сагбаччаҳо хеле маъқул буд.

boboДар деҳаи Панҷрӯд Субҳони Полвон ном марди нонвое буд, ки нонҳои хеле хушмаза мепухт, нонҳояш хурд, вале бисёр хуштаъм буд. Амаки хурдии ман – Абдулмаиз, ки ҳамроҳи мо мерафтанд, аз ин нонвойхона даҳ дона нон хариданду мо саво- раву пиёда озими кӯҳ шудем. Мо баъд аз нисфирӯзӣ расидем, ки рама аз чаро баргашта, дар атрофи қӯш хобида буд. Чӯпонҳо барои худашон чой омода мекарданд. Хӯроки чӯпонҳо асосан аз чойу нон иборат буд. Барои мо ҳам ҷой густурданд ва ҳама гирди як дастархон нишастем.

Ман дар мактаб шогирди аввал будам ва ҳама наздикон, аз ҷумла, амакҳову тағоҳоям, махсус дар назди дигарон, аз ман мепурсиданд, ки хонишам чӣ гуна аст ва баҳоҳоям чанданд. Ман ҳам бо ифтихор мегуфтам, ки баҳоҳоям «панҷ»-анд ва онҳо бо ифтихор байни худашон ба ман таҳсин мегуфтанд, ки дар мактаб аз ҳама пешсаф ҳастам. Албатта, онҳо мехос-

танд маро рӯҳбаланд бикунанд, вале ман ки бачча будам, аз ин «ифтихор»-и онҳо курта-курта гӯшт мегирифтам.

Писари чӯпон – Бобои Файз (Бобоашӯр), ки ҳамроҳи мо омада буд, Бобо- калон ном дошт. Сари Бобои Файз (Бобоашӯр), ба гуфти ҳолдонҳо кал бу- дааст ва ӯ соле дувоздаҳ моҳ як кулоҳи зимистонии сарбозии шӯравиро пӯшида ин «айб»-ашро пинҳон мекард. Ӯ инчунин ҷомаи пахтагии гармро, ки маъмулан фақат дар зимистон мепӯшанд, ҳеч гоҳ аз танаш дур намекард. Касе ӯро бе ин кулоҳи кӯҳнаи фарсудаву ифлос ва он ҷомаи аз чирк ранги аслияш но- маълум, надидааст. Ӯро дар ғайбаш Кали Ашӯр низ мегуфтанд.

Аъмоли ӯ хеле ба Қорӣ Ишкамбаи Устод Айнӣ шабоҳат дошт. Мегуфтанд, ки ӯ пули зиёд дорад, вале касе намедонад, ки пулҳояшро дар куҷо нигоҳ медорад. Баъзеҳо бар ин бовар буданд, ки ӯ пулҳояшро дар ғорҳо пинҳон мекунад, баъзеи дигар мегуфтанд, ки дар остари ҳамон ҷомаи ҳамешадартанаш ҷой карда, ҳамроҳи худаш мегардонад.

Дар хӯрдан низ аз Қори Исмат монданӣ надошт. Ҳамин ҳоло агар дигарон дар пиёла чой нӯшанд, у нимкосаеро то нимаш қанди сафед рехта, аз рӯяш чой пур карда, як нонро аз он нонҳои хуштаъм пора карда, дар он нимкоса тар карда монда буд ва нони дигарро ду пора карда, нимашро ба даҳонаш халонда, нимаи дигарашро қат карда, дар дасташ нигоҳ медошт, то ба маҳзи холӣ шудани даҳон онро низ ба он ҷо бихалонад. Як нони дигарро аз рӯи нонҳои дар байн истода гирифта, дар наздаш, рӯи дастархон гузошта буд ва бо он дасти дигараш аз гӯшаи он дошта меистод, то касе онро нагирад. Ҳамин тавр, дар ҳоле, ки дигарон нонро шикаста дар пеши ҳама як буридаӣ гузошта буданд ва онро ҳам кам-кам мехӯрданд, ӯ аз он даҳ нон сетоашро дарзамон соҳибӣ карда буд. Чашмонаш ҳарисона ҳаракати дасти дигаронро дунбол мекарданд. Ба фикрам, агар дасти дигаре медошт, рӯйи он чанд нони дигар мегузошт, то касе ба онҳо низ нарасад. Ин саҳна тақрибан яке аз он саҳнаҳое буд, ки ман дар «Марги судхӯр» хонда будам.

Бобои Файз (Бобоашӯр) умуман савод надошт. Писари калонии ӯ Бобоа- раб ҳамсинфи ман буд, Бобокалон писари хурдии ӯ, ки ҳамроҳи мо омада буд, аз ман ду синф поёнтар мехонд. Писаронаш низ бештар ба касби падарашон шавқ доштанд ва саводашон аз ӯ бештар набуд.

Замоне ки гирди дастархон нишаста будем, амакам, тибқи одат аз ман вазъи хонишамро пурсиданд. Чун охири моҳи май, яъне поёни соли таҳсил буд, дарсҳо тамом шудаву мо чоряки охирини солро ҷамъбаст карда будем, амакам пурсиданд:

  • Хайр, чоряки охирро чӣ хел ҷамъбаст кардӣ?
  • Ҳамааш панҷ! – бо ифтихор гуфтам ман.

Ду-се нафаре, ки дар атрофи дастархон буданд, ба ман офа- рину аҳсант гуфтанд. Намедонам аз чӣ бошад, ки ин таърифҳо ба Бобои Файз (Бобоашӯр) писанд наомаданд ва вай, дар ҳоле, ки даҳонаш пур аз нон буд, баргашту ба ҳозирон бо норозигӣ гуфт:

  • Чӣ ин қадар ӯро таъриф мекунед? Бобокалони ман ҳам шеър медонад! Савод надоштани писарони Бобоашӯрро ҳама медонистанд. Яке аз ҳозирон аз Бобокалон баҳоҳои ҷамъбас- тияшро пурсид. Бобои Файз (Бобоашӯр) нагузошт писараш ҷавоб диҳаду гуфт:
  • Бобокалон, ҳамон шеърата бихон!

Ҳама ҳайрон шуданд, ки Бобокалон ҳам шеър медонистааст. Он замон дар Панҷрӯд расм буд, ки ҳар кас порае аз шоирони бузург, махсусан аз Устод Рӯдакӣ бидонад, вале ин ки Бобокалон ҳам шеър медонистааст, ҳамаро ба тааҷҷуб овард ва аз ӯ хоҳиш карданд, то бихонад.

Барои ман бисёр ҷолиб буд, ки Бобокалон кадом шеърро аз ёд кардааст, зеро медонистам, ки ӯ аслан хондану навиштанро наметавонист. Ӯ аз ҷояш хест, қоматашро рост гирифт, гулӯ тоза карду бо садои баланд ва оҳанги хос ин шеърро хонд:

Кал рафт ба масҷид. Фаҳш* дод ба мулло, Табарҳоро тез кунед, Сари* калро пӯст канед.

Садои қаҳ-қаҳи нишастагон фазоро тарконд.

Бобои Файз – ҷони бобо (Бобоашӯр) бо ифтихор ба ҳозирон нигоҳ мекард, бечора зоҳиран маънии шеърро нафаҳмида буд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …