Главная / Гуногун / Боғи Мактаб – Шеър барои кӯдакон

Боғи Мактаб – Шеър барои кӯдакон

Як қитъаи заминро
Ҳамвор карда будем,
Сарҷамъ гашта, бо шавқ
Шудгор карда будем.

Бо ҳам шинонда будем
Як рада себи хушрӯ,
Дар хатти дигари он,
Анҷиру ноку олу.

Боғи Мактаб

Дар як замони кӯтоҳ
Сабзид боғи зебо,
Як ҷои дилкушо шуд
Атрофи мактаби мо.

Акнун ба деҳа ин боғ
Файзу сахо бубахшад,
Дар дидаву дили мо
Нуру сафо бибахшад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …