Главная / Гуногун / БО БАҲОНАИ ПЕШГУФТОР

БО БАҲОНАИ ПЕШГУФТОР

Туро донишу дин раҳонад дуруст,

Раҳи ростагорӣ бибояд-т ҷуст…

Ба гуфтори Пайғамбарат роҳ ҷӯй,

Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй… (05-25)

                                                       Фирдавсӣ

«Алҳамду лиллоҳи Раббил ъоламин, вал ъоқибату лил-муттақин, вассалоту вассалому ъало хайриҳи халқиҳи Муҳаммадин афзалул анбиёи вал мурсалин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи ва аҳли тоъатика аҷмаъин».

Ва ба ҳаққи ҳурмати қадру қимат ва мартабаву мақому манзалати аҳли илму адаб ва фаҳму фаросат ва муштоқони гулзори сухан, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони Маҷид мефармояд, астаъизу биллоҳ: «_Фабашшир ибодил-лазина ястамиъунал-қавла фаяттабиъуна аҳсана улоикал-лазина ҳадяҳумуллоҳу ва улоикаҳум улул-ал-боб… (Яъне:» Пас башорат деҳ ё Муҳаммад салъам, бандагони маро, онон, ки суханро мешунаванд ва беҳтаринашро пайравӣ мекунанд, онон касоне ҳастанд. ки Худо ҳидояташон карда ва хирадмандон ҳам ононанд…».)…

Асъадакаллоҳу фиддорайни, аммо баъд, чуноне, ки аз ҳикмати кутуби муқаддаси илоҳӣ (билхоса «Қуръони маҷид»), таърихи башарият, гузашти айёму таҷрибаи рӯзгор, яъне, афкору андешаи пешиниён ва аз ҳикмати аҳодиси набавии Расули гиромӣ Ҳазрати Муҳаммади Мустафо /с/, афкору андеша ва рӯзгори чаҳор ёри босафову пиру пешгоҳҳо ва уламои камназир ва осору ҳикмати як ҳазору чаҳорсад муршиди комилу авлиёъи кабир ва ба хусус ҳикмату афкори садри муаззам Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ва кулли аҳли илму адаб ва шуъарову уламойи шаҳир маълум аст, зебу зиннати одам хирад асту адаб асту илм асту ҳунар…

Ва гавҳари ноёби Худошиносиву хештаншиносиву худшиносии миллиро, ки имрӯзҳо ҳама онро чун мӯҷизаи Исову мурғи ҳумову тухми анқову моҳичаи тилло интизорему ҷустуҷӯ дорем, танҳо аз қаъри дарёи пурзиё, яъне, аз ниҳонхонаи баҳри бекаронаи маърифат онро метавон ба даст овард.

Маърифат василаест, ки фардро ва ҷомеъаро аз кулли ҳаводис ва мушкилоту яъсу ноумедиҳо ва бардагӣ наҷот медиҳад. Пас боист, ки мо ҷавонон ва ҳама аҳли ҷомеъа, бомаърифат ва бофарҳанг бошем, зеро фарҳанг беҳтарин аслиҳа, бузургтарин сармояву мағлубнопазиртарин қудратест, ки фардро, миллатро ва ҷомеъаро аз хатар ва бардашавиву бардагӣ /ғуломӣ/ нигоҳ, медорад. Устоди назми порсӣ, одамушшуаро Рӯдакӣ басо хуш ва пурмеҳру самимӣ таъкид ба мо карда, ки:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.42.-71.

Ё худ мегӯяд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд. 42.-71

…Барои дарки маънӣ, мафҳум ва фалсафаи худшиносӣ, Худошиносӣ ва ё хештаншиносӣ, қабл аз ҳама, моро зарур аст, ки ба умқи дарёи худшиносӣ, ба гузаштаи хеш ва ба таърихи пурфарози асли худ назар афканем, то бошад, ки бад-ин васила битавонем роҳи имрӯзу фардои хешро бо фонуси пешинаи худ ва низ фарҳанги гаронсанги гузашта ва имрӯзаи пурифтихори башарият, мунаввар созем. Зеро, ки решаи худшиносии миллии ҳар қавмияту миллат устувор асту пойбарҷост дар марзи пуроб ва пурбори фарҳанги гузаштаи ӯ. Пас фарҳанг чист? Фарҳанг – гаронбаҳотарин мероси фитрии миллат аст, ки маҳз нури пурзиёи он роҳи фардро ва ҷомеъаро барои дарки ҳастии хеш ва Худошиносиву хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мунаввар месозад ва барои фатҳи қуллаҳои баланди ормонҳои олии милливу башарӣ, қудрат ва нерӯ мебахшад…

Вақти он аст, ки мо ҷавонон ва аҳли ҷомеъа худро бишносем, Худоро бишносем, ҷомеъаро бишносем, башарро ва тамаддунҳоро бишносем, гузаштаро бишносем, бузургони худу гузаштагони худ ва таърихи худро бишносем, /яъне, то ба Ислом ва баъди Ислом, то кунун/ миллати худро бишносем ва абармардони оламро бишносем, яъне, аз паи пирони хирад роҳ паймоем ва ҳунар омӯзем, то мабодо, ки боз ба коми аҳриман, яъне, иблиси лаъин наафтем. Басо хуб гуфта Аллома Иқболи Лоҳурӣ:

Зарбате бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хок,

Нола кай бе захма аз тори рубоб ояд бурун.(77).

Ва дар ёд бояд дошт, ки пешвойи мову шумо афзалул анбиёъи вал мурсалин – Ҳазрати Расули гиромӣ /с/ фармудаанд, ки «Аз гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯ»… 92, -3 – 94.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …