Главная / Илм / БЛОКАДАИ НОВОКАИНӣ

БЛОКАДАИ НОВОКАИНӣ

blockade_novokainИНҲИСОРИ НОВОКАИНӣ, блокадаи новокаинӣ, яке аз усулҳои табобат, ки ҳангоми он ба бофтаҳо маҳлули новокаин мефиристанд. Новокаин ба организм таъсири андаки ангезишовар расонда, дардро рафъ ва ғизогирии асабҳоро беҳтар мекунад. Дар баъзе мавридҳо ба маҳлули новокаин витамин, антибиотикҳо ва диг. доруҳо низ илова менамоянд. Дар вақти И. н. бемор бояд дароз кашад. Риояи қоидаҳои асептика ҳатмист.
И. н.-ро барои табобати халаи ҷигар ва гурда, бемории рагҳои дасту по, захмдорӣ, шикастану баромадани устухон кор мефармоянд. Дар натиҷаи И. н. ташаннуҷи мушакҳо рафъ, тонуси онҳо зиёд ва ҷараёни илтиҳоб пешгирӣ мешавад. И. н. навъҳои гуногун дорад, мас., вагосимпатӣ, наздигурдаӣ, пешичорбандӣ, ғилофакӣ, кӯтоҳ, ақибипистонӣ, наздифақаротӣ, дохиликосӣ ва ғ. Инҳисори вагосимпатиро барои муолиҷаи осеби узвҳои ҷавфи сандуқи сина (ё ҷарроҳии онҳо) ва бемориҳои римноки шуш кор мефармоянд. Инҳисори наздигурдаӣ барои дармон бахшидан ба иллати узвҳои шикам, кос, дасту по, бемориҳои илтиҳобии ҷавфи шикам, ногузароии рӯда ҷоиз аст. Инҳисори пешичорбандиро дар мавриди захмдор шудан ё осеб ёфтани чорбанд ва узвҳои кос, илтиҳоби рӯдаи рост, ҷарроҳии бачадон истифода мекунанд (маҳлули новокаин ба мавзеи байни думғоза ва мақъад фиристода мешавад). Ҳангоми инҳисори ғилофакӣ, ки дар вақти осеби дасту по ба амал бароварда мешавад, маҳлули новокаинро ба ғилофакҳои бандаки мушакҳо то устухон мефиристанд. Бо И. н.-и кӯтоҳ илтиҳоби ҷузъии пӯсти рӯй, тана, дасту по муолиҷа меёбад (маҳлули новокаин якҷоя бо антибиотикҳо ба атрофи манбаи илтиҳоб ва зери он равон карда мешавад). Инҳисори ақибипистонӣ, одатан, ҳангоми мастит истифода мегардад (маҳлули новокаинро ба зери ғадуди шир равон мекунанд). Инҳисори наздифақаротӣ ҳангоми шикастани қабурға, остеохондроз, радикулит нафъ дорад. Инҳисори дохиликосиро ҳангоми шикастани устухони кос, тромбофлебити по, илтиҳоби музмини зоидҳои бачадон кор мефармоянд. Ҳангоми инҳисори танобаки манӣ, ки бо мақсади рафъи халаи гурда ва табобати амрози хоя амалӣ гардонда мешавад, маҳлули новокаинро ба мавзеи танобаки манӣ мефиристанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …