Главная / Илм / БЛАСТОМИКОЗҲО

БЛАСТОМИКОЗҲО

blastomikozhoБЛАСТОМИКОЗҲО (Blastomycoses), як гурӯҳи бемориҳои музмин, ки дар пӯст, устухон ва узвҳои дарун пайдо мешаванд. Б.-ро занбӯруғҳои хамирмоя ва мисли онҳо ба вуҷуд меоранд. Б. мансуби микозҳои амиқ мебошанд. Маҳалли сукунати ангезандаҳои беморӣ хок аст. Сироят, одатан, дар мавриди бо гарду чанг нафас гирифтани спораҳои занбӯруғ сар мезанад. Ба Б. асосан кормандони соҳаи кишоварзӣ гирифтор мешаванд.
Б. дуру дароз давом мекунанд. Ташхиси беморӣ душвор аст. Бо мақсади муолиҷа аз доруҳои зидди занбӯруғҳо, витаминҳо, марҳамҳои зидди занбӯруғӣ, маҳлули рангҳои анилинӣ истифда мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …