Главная / Маданият ва санъат / Биҳишти шашум, ки онро Ҷаннотулнаим гӯянд

Биҳишти шашум, ки онро Ҷаннотулнаим гӯянд

Биҳишти шашум, ки онро Ҷаннотулнаим гӯянд

Пайғамбар (с) фармуданд, ки чун ману Ҷабраил (а) ва Ризвон аз биҳишти панҷум ба сӯи биҳишти шашум равон шудем, дар биҳиште, ки онро Ҷаннотулнаим гӯянд, он аз зумурраду лаъл аст, расидем. Дари он аз лӯълӯи байзо ва кунгураҳояш аз алмосу ҷавоҳлир буд ва ба дари он навишта шуда: “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”.

Дар ин биҳишт шаҳидон ва мӯъминон дароянд. Ва бинои он хиште аз нуқра ва гиёҳаш аз заъфарону сангрезааш аз марворид аст. Фариштагон нидо кунанд, ки, эй аҳли биҳишт, шуморо зиндагонӣ аст бе марг ва неъмате аст бе завол. Дар биҳишт чизҳое ҳаст, ки ҳеҷ чашме ӯро надида ва ҳеҷ гуше ӯро нашунида ва онҳоро Худои таъоло барои аҳли биҳишт офаридааст.

Он гоҳ гуфт: – Ба миқдори тозиёна, яъне камчин аз биҳишт беҳтар аст аз ҳама дунё.

Фармуд: қасам ба он Худое, ки ба ман Қуръонро фиристодааст ҳусну ҷамоли бандагон дар биҳишт чунон бошад, ки дар ваҳми касе наёяд. Ва меваҳои биҳишт гуногун аст. Ҳар мевае ҳафтод рангу ҳафтод бӯ дорад. Ва аҳли

биҳиштро на бавл (пешоб) асту на ғойит (ахлот) ва на балғам. Занони мӯъминро ҷамол чунон бувад, ки агар зане аз аҳли биҳишт як нохуни худро дароз кунад, аз Машриқ то ба Мағриб ҳама равшан гардад. Ҳар якеро ҳафтод либос бошад ва ҳар соате ҳафтод гуна бигардад.

Дар хабар аст, ки камтарин касеро аз аҳли биҳишт ҳафт қаср диҳанд. Қасре аз ёқут ва қасре аз ҷавоҳир ва қасре аз марворид ва касре аз гавҳар ва қасре аз нури арш.

Ҳар мӯъминеро дар биҳишт қуввати чиҳил паҳлавонро диҳанд ва низ дар биҳишт хоб набошад. Аз ҷомаҳои биҳишти бӯи мушку кофур ояд. Ва ҷомаҳои онҳо сабзранг бошад. Чун онҳоро ҳоҷат ба гӯшт хӯрдан шавад, мурғони бирёншуда гӯянд: эй дӯсти Худо, ҳар чӣ хоҳӣ аз мо бихоҳ, ки аз чашмаи салсабил об хӯрдаем ва аз дарахтони зери Арш омадаем. Чун мӯьмин аз он бихӯраду сер шавад, онҳо парида ба ҷои худ раванд.

Паҳнои қасрҳои биҳишт васеъанд. Аз яке то дигаре якмоҳа роҳ аст. Ҳар қасре ҳафтод хона дорад, ки дар ҳар хона ҳазор дар бошад. Ва дар ҳар даре ҳуре нишаста бошад ва он ҳурро ҳафтод канизак бошад. Агар ин қасрҳо дар дунё бошанд, чашм аз дидани онҳо кӯр гардад. Дар пеши тахт курсие ниҳода аз як дона марвориду ёқут ва он тахт болотар бошад. Чун биҳиштӣ хоҳад, ки пой бар тахт ниҳад, поён ояд ва кӯтоҳ гардад, чун бар тахт нишинад боз баланд гардад.

Овардаанд, ки дар биҳишт ҷое аст, ки мардум бинишинанд ва бо якдигар сухан гӯянд ва он чиро, ки дар дунё гузашта буд ва ё карда буданд, ба ёд оранд. Пас бар мӯъмин лозим аст, андеша кунаду бидонад, ки чӣ бояд кард, ки барои дунёи фонӣ шуда, чунин неъмати ҷовидониро фаромӯш накунад ва умри худро бар бод надиҳад.

Агар тамаъи биҳишт ва умед аз раҳмати Ҳақ таъоло дорӣ, пайваста дар ризои Худованд бош ва биҳиштро аз Худои таъоло бихоҳ ва ба тазаррӯъу зорӣ машғул бош.

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар ки аз Ҳақ тальоло  пайваста биҳишт хоҳад, ӯро бидихад. Ва дар тоъат ва ибодат мустаҳкам бош. Худро ба кори хайр машғул гардон, то аз биҳишт маҳрум нагардӣ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …