Биҳишти панҷум, ки онро дорулқарор гӯянд
Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ман ва Ҷабраил (а) ва Ризвон аз биҳишти чаҳорум баромадем, то бирасидем дар биҳишти панҷум, ки онро Дорулқарор гӯянд, аз марвориди равшан ва марҷон аст ва кунгураҳои ӯ аз алмос ва лаъл аст. Ва бар он навишта шудааст: “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р- расулуллоҳ”. Дар ин биҳишт касоне дароянд, ки парҳезгор бошанду дар талаби ризои Худованд ва амри маъруфу наҳйи мункар кӯшиш намоянд.
Иморатҳои он хиште аз нуқра ва хиште аз тилло, лойи он аз мушку хоки он аз анбар ва гиёҳи он аз заъфарону кӯшкҳояш аз марворид ва дар он ҷӯйҳои об ҷорӣ буд.
Биҳиштҳо дар болои осмони ҳафтум ва зери Аршанд. Дӯзах дар зери замини ҳафтум аст. Чун қиёмат шаваду осмонро бардоранд, тамоми ҳаво шикофта шавад. Он гоҳ Аллоҳ таъоло биҳиштро он миқдор кушода гардонад, ки тамоми аҳли биҳишт ба тартиби мувофиқ дар он ҷой гиранд.
Боғҳо дар биҳишт ороста ва меваҳо фурӯ бастаанд, чунон ки ҳар меваеро, ки нафс орзӯ кунад, ба даст тавон гирифтан, ҳар мевае, ки нафс орзӯ кунад бошад.
Дар ин биҳишт низ занони покиза ҳастанд, ки аз ҳайзу нифос пок бошанд. Онҳоро Ҳурулъин гӯянд. Дар якеро Аллоҳ таъоло аз нур ва ҷавоҳир
офаридааст. Онҳо чашмони худро аз ғайр пӯшидаанд ва ба ҷуз аз шавҳари худ каси дигареро набинанд. Ҳеҷ кас аз одамию парӣ ба онҳо даст нарасонида бошад. Ҳар бор ки чун шавҳарони онҳо ба онҳо наздикӣ кунанд, онҳоро бикр, яъне духгар ёбанд.
Ҳар як ҳурро ҳафтод хулла, яъне хафтод либоси биҳиштӣ бошад. Ҳар либосе бо рангҳои гуногун. Он ҳафтод либос сабуктар аз мӯи бадани онҳо бошаду устухонҳои онҳо ва рагу пайи онҳо намояд. Чунончи шароби сабз дар зарфи сафед намояд. Ва гесӯи онхо мукаллал бошад ба дурру ёқут. Агар яке аз он хурон даст берун орад, тамоми дунё равшан гардад.