Главная / Илм / БЕРИ-БЕРИ

БЕРИ-БЕРИ

beriberiБЕРИ-БЕРИ, авитаминози В1, полиневрити ғизоӣ, бемориест, ки ҳангоми дар организм кам будани витаминҳои гурӯҳи В, хусусан тиамин, сар мезанад. Дар мавриди беморӣ фаъолияти силсилаи дилу рагҳо халал меёбад, тан лоғар шуда, варам мекунад. Солҳои пеш он дар мамолики Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ бисёр ба мушоҳида мерасид. Сабаби маризӣ истеъмоли зиёди биринҷ маҳсуб мешуд. Ҷараёни беморӣ шадид ва музмин аст. Он ҳамчунин метавонад сабук гузарад ё оқибати бад ба бор орад.
Беморро дар шифохона табобат мекунанд. Ғизо бояд ба миқдори зиёд сафеда дошта бошад. Ҳангоми беэътиноӣ нисбати муолиҷа бемор бинобар иллати дил мефавтад. Ниг. низ Витаминкоҳиш.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …