Главная / Илм / БЕРДИЕВ Рустам Намозович

БЕРДИЕВ Рустам Намозович

berdiev_r-nБЕРДИЕВ Рустам Намозович (тав. 8. 02. 1975, ш. Душанбе), ҷарроҳи асаб, доктори илми тиб (2006), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1997). Ходими хурди илмӣ (1991 – 93) ва корманди Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина (1994 – 97). Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии асаби ДДТТ (1997 – 98), ҷарроҳи асаб (1998 – 2007) ва аз с. 2007 мудири шӯъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакони Маркази миллии тиббӣ, ҳамзамон ассистенти кафедраи ҷарроҳии асаби ДДТТ (аз 2001). Дар мавзӯи «Осеби косахонаи сару майна бо ҷараёни вазнини клиникӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 39 таълифоти илмӣ, 2 навоварӣ ва 3 татбиқ дар амалияи клиникӣ.
Ос.: Черепно-мозговая травма с тяжелым клиническим течением. Дар маҷ.: Вестник хирургии им. И.И. Грекова, №6, 2005; Сравнительная характеристика распределения гидратации в различных структурах головного мозга. Дар маҷ.: Судебно-медицинская экспертиза, №6., 2006; Особенности клиники и диагностики постравматических хронических субдуральных гематом. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», №4, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …