Главная / Ҷамъият / Бемории табобатнашаванда ва мӯъҷиза

Бемории табобатнашаванда ва мӯъҷиза

Сорои ҳаштсола аз сӯҳбати волидонаш фаҳмид, ки бародари кӯчакаш сахт бемор асту, маблағе барои табобати ӯ надоранд. Падар ба тозагӣ корашро аз даст дода буду наметавонист ҳазинаи ҷарроҳии пурхарҷи бародарашро бипардозад. Инчунин ӯ шунид, ки падар ба оҳистагӣ ба модар гуфт:
20190321_112233— Фақат мӯъҷиза метавонад, писарамонро наҷот диҳад.
Соро бо нороҳатӣ ба утоқаш рафту аз зери тахт кӯзачаи сафолини кӯчакашро бароварду шикаст. Сиккаҳоро рӯи тахт рехт ва онҳоро шумурд, фақат панҷ доллар буд. Сипас ба оҳистагӣ аз дари хона хориҷ шуд, чанд кӯча болотар ба дорухона расид. Назди дорухона интизорӣ кашид, то дорусоз ба ӯ таваҷҷӯҳ кунад, вале дорусоз бо муштариёни дигар банд буд. Билохира тоқаташ тоқ шуду сиккаҳоро маҳкам рӯи пешхон рехт.
Дорусоз бо тааҷҷуб пурсид:
— Чӣ мехоҳӣ азизам?
Духтарак тавзеҳ дод, ки бародари кӯчакам бемор шудаасту падарам мегӯяд, ки фақат мӯъҷиза метавонад ӯро наҷот диҳад. Ман мехоҳам мӯъҷиза бихарам, нархаш чӣ қадар аст?
Дорусоз гуфт:
— Мутаассифам духтарҷон, вале мо инҷо мӯъҷиза намефурӯшем.
Чашмони духтарак пур аз ашк шуду гуфт:
— Шуморо ба Худо қасам, бародарам бемори вазнин асту падарам пул надорад ва ин ҳама дороии ман аст. Ман аз куҷо метавонам мӯъҷиза бихарам?
Марде, ки дар гӯшае истода буду либоси озодаю мураттабе дошт аз Соро пурсид:
— Чӣ қадар пул дорӣ?
Духтарак сиккаҳоро кафи дасташ рехту ба мард нишон дод.
Мард лабханде заду гуфт:
— Оҳ, чӣ ҷолиб! Фикр мекунам ин пул барои хариди мӯъҷиза кофӣ бошад. Сипас ба оромӣ дасти ӯро гирифту гуфт:
— Ман мехоҳам бародару волидонатро бубинам, фикр кунам мӯъҷизаи бародарат назди ман бошад.
Он мард доктур Ормстронг фавқ-ут-тахассуси мағз ва ъасаб дар Чикаго буд.
Фардои он рӯз ъамали ҷарроҳӣ рӯи мағзи писарак бо муваффақият анҷом ёфт. Пас аз ҷарроҳӣ падар назди доктур рафту гуфт:
— Аз Шумо муташаккирам, наҷоти писарам як мӯъҷизаи воқеъӣ буд. Мехоҳам бидонам бобати ҳазинаи ъамали ҷарроҳӣ чӣ қадар бояд пардохт кунам?
Доктур Ормстронг лабханд заду гуфт:
— Фақат панҷ доллар!

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …