Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ РӯҲӣ

БЕМОРИҲОИ РӯҲӣ

bemorii-ruhiБЕМОРИҲОИ РӯҲӣ (Psychoses), бемориҳое, ки бештар бо ихтилоли рӯҳ падид меоянд. Фаъолияти рӯҳии инсон, табиатан чи хеле, ки набошад, дар натиҷаи ихтилоли кори мағзи сар хароб мегардад. Аммо ҳама гуна ихтилол боиси Б. р. нахоҳад шуд. Мас., зимни як қатор бемориҳои асаб, сарфи назар аз он ки мағзи сар иллат (газак, зарбулат) дорад, ихтилоли рӯҳӣ метавонад рӯй надиҳад.
Дар мавриди Б. р. бештар инъикоси дурусти воқеият халал меёбад ва фарқияти онҳо аз амрози узвҳои дохилӣ низ дар ҳамин аст. Мас., одаме, ки шароити муқаррарӣ ба назараш бегона менамояд ва онро чизи дигар мепиндорад, атрофиёнро ҳамчун одамони бадхоҳ ё душман медонад; дар бробари дуруст дарк кардани олами воқеӣ зери таассуроти таваҳҳумоти биноӣ ва шунавоӣ бе ягон сабаб дар тарсу ваҳм мемонад ё аз ҳад зиёд шод мегардад, олами воқеӣ пеши назараш нодуруст (вайрон) инъикос меёбад ва вобаста ба ин рафтори нодуруст зоҳир мекунад, яъне аз душманони хаёлӣ мегурезад, ба рақиби хаёлӣ ҳамла меорад, кӯшиши худкушӣ мекунад ва ғ. Ин мисоли бемори ҳақиқии рӯҳӣ мебошад, ки зимни он қобилияти дуруст баҳо додан ба ҳамаи он чизе, ки дар атрофи бемор ва бо худи ӯ рӯй медиҳад, халалпазир гаштааст.
Б. р. ҳам аз ҷиҳати намуд ва ҳам аз ҷиҳати дараҷаи зуҳурот гуногун мешаванд. Онҳо ба қатори бемориҳои хеле паҳншуда мансубанд. Шумораи беморони рӯҳӣ дар кураи замин ба 150 миллион мерасад, илова бар ин аз сабаби тағйир ёфтани таркиби синнусолии аҳолӣ, зиёд шудани ҳисоби миёнаи умр ва ғ. майли афзудани ин теъдод мушоҳида мегардад.
Сабабҳои Б. р. гуногун мебошанд.Дар байни онҳо омилҳои ирсӣ мақоми хоса доранд. Мас., мавқеи (мақоми) ин омилҳо дар пайдоиши олигофрения (ноқисулақлӣ), девонагӣ (психопатия), васвоси ҷунунию афсурдарӯҳӣ, саръ ва шизофрения хеле калон аст. Пайдоиш ва инкишофи Б. р. дар баъзе мавридҳо ба ҳамсозии тамоюли ирсию омилҳои номусоиди берунӣ (сироят, зарбу лат, заҳролудӣ, садомоти рӯҳӣ) низ вобаста мебошад.
Дар батн иллат ёфтани насл бинобар беморӣ ё зарбу лат хӯрдани модар ҳангоми ҳомилагӣ, метавонад боиси таъхири инкишофи рӯҳии кӯдак, саръ ва ихтилолоти дигари рӯҳӣ гардад. Бадмастии волидайн, бордоршавӣ дар ҳолати мастӣ (ҳатто мастии яке аз волидайн) ё сӯйистеъмоли машруботи спиртдор (айёми ҳомилагӣ) низ ба насл таъсири ногувор мерасонанд.
Заҳролудӣ, зарбу лати сар, амрози узвҳои дарунӣ ва бемориҳои сироятӣ аксар вақт боиси Б. р. мегарданд. Майзадагии музмин ва нашъамандӣ мисоли Б. р.-и заҳрӣ мебошанд. Бемориҳои сироятӣ – энсефалит, сифлиси мағзи сар , брутселёз, токсоплазмоз, ҳасба ва баъзе намудҳои грипп низ метавонанд муҷиби психозҳо гарданд.
Дар пайдоиши неврозҳо осебҳои рӯҳие, ки гоҳо тамоюли ирсиро ба хурӯҷи беморӣ табдил медиҳанд, мавқеи асосӣ доранд. Дар инкишофи Б. р. таъсири муштараки сабабҳо ва хусусиятҳои фардии инсон мақоми муайянро соҳиб аст. Мас., наҳамаи ашхоси гирифтори сифилис ба психози сифилисӣ гирифтор мешаванд; ё худ фақат дар шумораи ками одамоне, ки ба атеросклерози хунрагҳои мағзи сар гирифторанд, камақлӣ ё психози таваҳҳуму ҳазёнӣ рух менамояд. Дар ин гуна мавридҳо ба Б. р. зарбу лати мағзи сар, заҳролудии маишӣ (майзадагӣ), баъзе амрози узвҳои дарун, тамоюли модарзодӣ доштан ба психозҳо мусоидат мекунанд.
Барои инкишофи Б. р. ҷинс ва синну сол низ таъсири муайян доранд. Мас., ихтилоли рӯҳӣ дар байни мардҳо нисбат ба занон бештар ба мушоҳида мерасад. Дар айни ҳол мардҳо бештар ба психози садамавӣ ва алкоголӣ, занҳо ба психози ҷунунию афсурдарӯҳӣ, кӯҳансолон бошанд, ба психози инволютсиявӣ ва афсурдарӯҳӣ гирифтор мешаванд. Сабаби ин аз афташ, на хусусиятҳои биологии ҷинс, балки омилҳои иҷтимоӣ мебошанд. Мардҳо, мувофиқи анъана, аз машруботи спиртдор аксар вақт суиистеъмол мекунанд ва бинобар ин табиист, ки дар байни онҳо психози алкологӣ бештар мушоҳида мешавад. Ба психози садамавӣ бештар гирифтор шудани мардҳо низ начандон аз биологияи ҷинс, балки аз шароити иҷтимоӣ вобаста аст. Дар хусуси синну сол бошад, комилан фаҳмост, ки бисёр Б. р. фақат дар кӯдакон ё танҳо дар синни пиронсолӣ, ё бештар дар ягон синну соли муайян мушоҳида мешаванд. Басомади як қатор бемориҳо, мас., шизофрения дар синни аз 20 то 35-солагӣ афзуда, дар пиронсолӣ кам мегардад.
Сабаби пайдоиши Б. р. ҳар қадар зиёд бошад, шаклу навъи онҳо ҳамон қадар гуногун мешавад. Баъзеи онҳо ба таври шадид (психози шадид аз заҳролудӣ, таъсири сироят ва садама) оғоз ёфта зуд бартараф мешаванд. Бемориҳои дигар ноаён инкишоф меёбанд ва ба таври музмин ҷараён гирифта, вазнинии ихтилоли рӯҳӣ торафт меафзояд (баъзе шаклҳои шизофрения, психозҳои пиронсолӣ). Хелҳои дигари Б. р. дар давраи кӯдакӣ ошкор гардида, иллати пайдошуда дар тӯли ҳаёт устувор ва бетағйир боқӣ мемонад (олигофрения). Як қатор Б. р. ҳамчун хурӯҷ ё давра (фаза) ҷараён гирифта, бо шифои комил анҷом меёбанд (психози ҷунунию афсурдарӯҳӣ, баъзе намудҳои шизофрения).
Ҳамин тавр, ақидае ки гӯё Б. р. ҳамеша оқибати нохуш ба бор меоранд, асоси кофӣ надорад. Ташхис ва пешгӯии Б. р. гуногун аст. Баъзеи онҳо безарар ҷараён ёфта, боиси маъюбӣ намешаванд. Бемориҳои дигар бошанд, андаке зарар мерасонанд, вале ба ҳар ҳол дар сурати саривақт табобат кардан, пурра ё қисман рафъ мегарданд. Аз тасаввурот дар бораи боиси шармсорӣ гаштани Б. р. эҳтиёт бояд шуд. Рух намудани ҳодисаҳои нохуш ба беморони рӯҳӣ ва музмин гаштани ҷараёни психозҳо, ки муолиҷаашон душвор аст, маҳз ба ҳамин ақидаи ғалат вобастаанд.
Нишонаҳои нисбатан маъмули Б. р. таваҳҳум, ҳазён, ҳолати музоҳим, пурҳаяҷонӣ, ихтилоли шуур, берабтии ҳофиза ва заифақлӣ мебошанд.
Таваҳҳум (галлютсинатсия) яке аз шаклҳои дарки нодурусти воқеияти муҳит буда, бидуни ангезиш ба вуҷуд меояд. Таваҳҳум гуногун мешавад: биноӣ, шунавоӣ, шоммавӣ (бӯй), зоиқавӣ (маза) ва ломисавӣ. Дар аснои таваҳҳум беморон бидуни тасаввур чизи набударо равшан мебинанд, мешунаванд, мебӯянд.
Ҳазён мулоҳиза (ақида)-и ғалатест, ки бе ягон сабаби муайян ба вуҷуд меояд. Рафъи ин қабил ақида, сарфи назар аз он ки бар хилофи ҳақиқат ва тамоми таҷрибаи пештараи бемор мебошад, имконнопазир аст. Ҳазён ба ҳама гуна бурҳони қотеъ (исботу далел) муқобил меистад ва бо ҳамин аз хатоҳои оддитарини муҳокима фарқ мекунад. Мазмунан ҳазён гуногун мешавад: ҳазёни худситоӣ (сарватмандӣ, аслу насаби хос, ихтироъкорӣ, ислоҳотчигӣ, ошиқӣ); ҳазёни таъқиб (заҳролдушавӣ, айбдоркунӣ, ғорат, рашк); ҳазёни худтаҳқиркунӣ (пургуноҳӣ, беморӣ, нобуд шудани узвҳои дохилӣ).
Ҳолати васвос (музоҳим) ба пайдоиши ғайриихтиёр ва рафънопазирии фикрҳо, тасаввурот, хотира, шубҳа, ваҳм, рағбат, ҳаракат падид меояд. Бемор ноҷурӣ будани ин ҳамаро дарк мекунад, ба назари танқидӣ менигарад ва доимо кӯшиш мекунад бо онҳо мубориза барад.
Парешонии аффективӣ ҳолати васвосиест, ки бо ихтилоли кайфият алоқаманд мебошад. Онро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: ҳолати ҷунунӣ (маниакӣ) ва афсурдарӯҳӣ. Барои ҳолати маниакӣ кайфияти хеле хушҳолона, кӯшиши фаъолият, тезонидани суръати тафаккур хос аст. Барои ҳолати афсурдарӯҳӣ кайфияти ҳузнангез, заифии тафаккур хос мебошад.
Ихтилоли ҳуш халалёбии даргузару кӯтоҳмуддати (соатҳо, рӯзҳо) фаъолияти рӯҳӣ аст. Барои чунин беморон дунёбезорӣ, ихтилоли тафаккур бо имконнопазир будани муҳокимаронии дуруст, пурра ё қисман аз хотир баровардани ҳодисаҳои давраи ихтилоли ҳуш хос мебошанд. Ихтилоли ҳофиза ба кам шудани қобилияти дар хотир доштан ва барқарор намудани фактҳо ва ҳодисаҳо падид меояд.
Заифақлӣ коҳиши бебозгашти тамоми фаъолияти рӯҳист. Он бо рафъ шудан ё кам гаштани донишу малакаҳое, ки дар гузашта андӯхта шуда буданд, падид меояд. Заифақлӣ модарзод (ниг. Олигофрения) ё дар натиҷаи бемориҳои аз сар гузаронида пайдо мешавад.
Б. р.-ро дар беморхонаҳои амрози рӯҳӣ ва диспансерҳо муолиҷа мекунанд. Сабаб, ҷараён, пешгирӣ ва табобати Б. р. дар кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи М.Ғ. Ғуломови ДДТТ омӯхта мешавад. Рӯҳшиносони ҷумҳурӣ дар тадқиқи ҷиҳатҳои гуногуни шизофрения, психозҳои алкоголӣ, психозҳои сироятӣ (зукомӣ ва сифилисӣ) саҳми арзанда гузоштаанд.
Ад.: Гиляровский В.А., Псхиатрия, М., 1954; Гулямов М.Г., Вопросы клинической психиатрии, Д., 1963; Ҳамон муаллиф, Психиатрия, Д., 1993; Ҳамон муаллиф, Равонпизишкӣ, Д., 1996.

Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …