Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ АДВИЁТ

БЕМОРИҲОИ АДВИЁТ

bemorii-advietБЕМОРИҲОИ АДВИЁТӣ, бемориҳое, ки бинобар ҳассосияти зиёд нисбати доруҳо ё барои организм бадпазир будани онҳо ба вуҷуд меоянд. Б. а. аллергӣ ва мизоҷӣ (идиосинкразия) мешаванд. Б. а.-и аллергӣ нисбатан бештар вомехӯранд. Ҳангоми ин гуна бемориҳо дору ё маҳсули мубодилаи он бо сафедаи зардоб ё бофтаҳо пайваст гашта, подтанҳои аллергӣ ҳосил мекунанд. Идиосинкразия дар натиҷаи иллати ирсии ферментҳо, ки доруи ба организм фиристодаро дучори табаддулот месозад, ба вуҷуд меояд. Бисёр вақт дар натиҷаи иллати ферментии мазкур аксуламали аллергӣ низ сар мезанад. Аз Б. а. дигар таъсироти номатлуби доруҳоро фарқ кардан лозим аст (мас., заҳролудӣ бинобар зиёд кардани воя, таъсирои номатлуби доруҳо, мас., кандидамикоз, ки бинобар истифодаи антибиотикҳо рух менамоянд ва ғ.).
Падидаҳои Б. а. гуногун мебошанд. Дар мавриди Б. а. мумкин тамоми узву системаҳои организм осеб ёбанд. Б. а.-ро вобаста ба зудӣ ва ҷараён ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) Аксуламалҳое, ки ҳамон лаҳза ё баъди як соати ба организм роҳ ёфтани дору ба вуҷуд меоянд, мас., анафилаксия, саглес, варами Квинке, хуруҷи зиқи нафас, камхунии гемолизӣ ва ғ.; 2) Аксуламалҳое, ки дар давоми рӯзи аввали истифодаи доруҳо рух менамоянд, мас., агранулоситоз, тромбоситопения, капилляротоксикоз, табларза ва ғ.; 3) Вокунишоте, ки баъди чанд рӯз ё ҳафтаи кор фармудани доруҳо сар мезананд, мас., бемории зардобӣ, васкулитҳо, пурпураю дерматитҳои аллергӣ, илтиҳоби бандҳо, ғуддалимфаҳо ва узвҳои дарунӣ (гепатити аллергӣ, нифрит, энсефаломиелит ва ғ.). Б. а. дар натиҷаи хуруҷи бемории асосӣ низ падид меоянд. Хусусан Б. а.-и шадид хавфнок мебошанд.
Ҳар як дору метавонад боиси Б. а. шавад. Чунин хосияти доруҳо ба таври гуногун зуҳур меёбад. Дар мавриди такроран истифода бурдани ҳамон як дору, хоса зардобҳои антитоксинӣ, Б. а. зиёд мегарданд. Б. а. махсусан дар байни кормандони тиб ва дорухонаҳо бештар дучор меоянд.
Бо мақсади муолиҷаи Б. а. бояд ба истифодаи доруҳои аллергияовар хотима бахшид. Дар сурати сари вақт табобат намудан, оқибати беморӣ нек аст.
Барои пешгирии Б. а. доруеро, ки зарурати истифодаи он нест, набояд таъин кард. Агар барои муолиҷа фақат ба зери пӯст ва мушак фиристодани дору кофӣ бошад, пас таъин кардани доруҳое, ки ба вена тазриқ карда мешаванд, ҷоиз нест. Тазриқи аввали дору, хусусан антибиотикҳо, бояд дар маҳалли бозу сурат гирад, зеро ҳангоми сар задани Б. а.-и шадид он ҷоро метавон бо тасма (жгут) баст. Беморонеро, ки нисбати ягон дору аллергия доранд, дар як утоқ бо беморони дигар, ки ҳамон доруро истифода мебаранд, ҷой додан лозим нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …