Главная / Гуногун / Беморхона

Беморхона

Меҳрубон, ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ, пас аз ба се нафар беморони палатаи панҷум сўзандору гузаронидан, аз палата берун шуд.

– Агар ба ҳамшираҳои шафқати ҳама беморхонаҳои дунё ҳайкал гузоштанӣ шаванд, ман онро дар симои ҳамин духтарак метарошидам, – гуфт Шараф-амак, марди миёнқади зиёинамо, ки каташ дар назди тирезаи барқад гузошта шуда буд. – Инсонпарварӣ магар аз ин зиёд мешавад, доираи меҳру шафқат ҳамин қадар будагист

– Дуруст гуфтӣ, ака, – сухани ўро тасдиқ кард марди тахмин чил-чилупанчсолаи чорпаҳлуи сиёҳҷурда, ки либоси варзишии хушдўхт ба китфони баҳодуронааш хеле шинам афтода буд. – Шояд падару модараш хеле одамони боақлу заковат буданд, ки ҳанўз аз тифлӣ дили ҳассосу дардошнои ўро ҳис карда, Меҳрубонаш ном гузоштаанд. Дар ҳакиқат номаш ба худаш зебанда – Меҳрубон! Рўзҳои аввали бемориам, яъне пас аз чарроҳӣ, ки ман чанд рўз аз ҷой хеста наметавонистам, мисли модар маро нигоҳубин кард: ҳам либосамро иваз мекард, ҳам хўрок мехўронд, ҳам об менўшонд.

Хайр, дар бобати ҳар рўз ўрдакро1 чандин маротиба бурда ба ҳоҷатхона партофтанаш ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳатто зани худам ду рўзи аввал рўйтуршкунону ғур-ғуркунон ин амалро иҷро карду рўзи сеюм духтарчаамон бемор шудааст гўён гурехт. Зани ҳалоли худам,а! Боз занро марҳами тан мегўянд. Дуруст гуфтӣ, ака ! – аз нав такрор кард марди сиёҳҷурда. – Маҳз ҳайкали ҳамин духтаракро гузоштан лозим. Ҳаққи ҳалоли ҳамин, арзандаю зебанда!

 – Шуморо барои чӣ ҷарроҳӣ карданд? – пурсид писарбачаи тахмин даҳ-дувоздаҳсола, ки ҳамин рўз ба бемористон қабул шуда буд.

  Мард ба писарбача нигоҳи назарногирона андохта, чанд лаҳза хомўш монд. Яқин меандешид, ки оё ин кўдак ҳуқуки бо ў саволу ҷавоб кардан дорад?

 – Дар ҷанг ярадор шудам, -гуфт мард ва баъд баШараф-амак рўй оварда, идома дод. – Ҳамон вақт низ  ҷарроҳӣ карданд, аммо аз саросемагӣ чанд минапораро нагирифта будаанд. Се сол лангида-лангида гаштаму оқибат он минапораҳои лаънатӣ аз нав бистарӣ гардонданд.

– Чӣ хел ярадор шудед? –  боз суол кард писарбача кунҷковона.

– Э напурс, братишка! –  даст афшонд мард. – Барои он ки туву ҷўраҳоят бофароғат хоб кунед, мо чанд моҳ кўҳ ба кўҳу дара ба дара гашта, бо душман ҷангидем.

– Аслан ҳамон ҷанги мо бемаънӣ буд, – гуфт Шараф-амак, ки ҳоло дар рўи кат бафурҷа нишаста, себ пўст меканд. –  Чи қадар одамони бегуноҳ қурбон шуданд, ҳама ҷо валангор гардиду…

– Мо гуноҳ надорем, ака, – сухани ўро бурид мард.- Ҷанг кунед гуфтанд, мо чени тавонамон ҷангидем.

– Ту чи кора будӣ ҳамон вақт?

– Дар мактаб қаровулӣ мекардам Ҳозир ҳам қаровулӣ?

– Э, не-е, –  хандид мард. – Ҳозир магар ба маоши қаровулӣ рўз гузаронида мешавад? Пас аз ҷанг дар шаҳр ду магазин харидам. Ҳозир зиндагиям нағз; мошин, чанд хона дорам… Ду писарамро ба зўри пул ба донишгоҳ дохил кунондам. Ҳатто писари хурдиам нав синфи нўҳро хатм карда буд. Ҳозир, ки  дастам мерасад, хонда диплом гиранд. Охир, падарқусурҳо дар ду дунё ҳам ба дониши худашон қабул намешаванд. Инро нағз медонам.

– Чӣ хел ҳуҷҷатҳояшро қабул карданд? Вай маълумоти миёна надорад-ку!

– Ҳозир пул бошад, шўрбо дар ҷангал. Ҳама кора буд карда мешавад.

– Ду магазина аз кадом пул харидӣ?

– Агар азмат қавӣ бошад, пул ёфт мешавад, ака. Ҳозир пулёбӣ мисли ду карат ду осон аст.

– Надонистам, –  оҳ кашид Шараф-амак. – Масалан, ман маълумоти олӣ дорам. Чандин сол дар як идораи калон мудири шўъба будам. Азбаски маоши ночиз мегирифтам, маҷбур аз баҳри касби дўстдоштаам гузаштам. Ҳозир мардикорӣ мекунам. Рўзи дароз дар гармову сармо заҳмат мекашаму ба зўр рўзам мегузарад. Ана оқибат ба дарди дабба мубтало гаштам.

– Роҳи зиндагиро наёфтаӣ, ака! – сар ҷунбонд мард.

– Ман роҳи зиндагиро дар ҳалол меҳнат кардан мебинам. Боз ягон роҳи дигар ҳаст?

– Албатта, –  хандид мард. – Ту мехоҳӣ ман ба ту роҳ нишон диҳам. О, ту, маълумоти олӣ дорӣ-ку!

   Мард аз ҷой хеста телевизори рангаро, ки аз хонааш оварда буд, гирон кард. Барномаи консертиро намоиш медоданд. Як гурўҳ духтарони мавзунқомат дар ҳавои оҳанги шўхе хиромон мерақсиданд.

– Эй дар ҷунбонданот мурум- е! – аз шавқи дил каф кўфт мард ва баъд ба Шараф-амак нигариста, гуфт.- Дунё бе ҳамин нозанинҳо гўри торикро мемонад. Агар зан намебуд, ман як рўз ҳам зиндагӣ намекардам. Ҳаминҳо ҳастанд,ки  дили моро ба зиндагӣ гарм мекунанд.

– Агар ин қадар занҳоро дўст дорӣ, боз як зани дигар гир, –  гуфт Шараф-амак табассумкунон.

– Се зан дорам, ака. Боз ният дорам, ки ягон навниҳолашро ёбам.

 Шараф-амак ба рўи вай нигоҳи тааҷҷуб дўхт.

– Бовар намекунӣ?

– Не, чаро? Бовар мекунам

– Одам пул дошта бошад, меарзад, ки даҳ зан гирад. Ё не?

– Шояд, – гуфт мард. – Лекин мо яктояшро ба зўр хўронда мепўшонем.

– Бовар кун, ба ту раҳмам меояд, ака. Як зан ба дилат намезанад. Ё маъшуқа ҳам дорӣ?

– Не, аз куҷо?

– Мазаат набудаст… Медонӣ як марди гурҷии мисли ман маъшуқабоз чӣ гуфтааст?

– Канӣ шунавем.

– Ҳамсар ин нон аст. Аммо дили сабил баъзан кулчаи қандин мехоҳад. Ҳа- ҳа- ҳа! – баланд хандид мард. – Кулчаи қандин ҳамин гулдухтаронанд, – гуфт вай ба телевизор, ки акнун ба ҷои раққосаҳо кадом як ҳофиз суруд мехонд, ишора карда.

Шараф-амакро ин муҳокимарониҳои мард хуш наомад. Вай дар дил ўро “пастфитрату фосиқ” гўён дашном медод, аммо ба рўяш ҳеҷ гап нагуфт.Мард бошад ин сукути ўро аломати ризо пиндошта, аз зиндагии худ меболиду ба ҳоли вай, ки аз меҳнати сангини мардикорӣ бистарӣ гардида буд, раҳмаш меомад. Писарбача бошад, ҳарчанд гуфтугўи онҳоро бо диққат гўш медод, аз он хулосае намебардошт. Ў ҳоло кўдак буд, ишқварзиро намедонист. Ягона орзуи вай велосипед харидан буд. Аммо падараш – коргари корхонаи нонпазӣ – оилаи калонеро саробонӣ мекард ва барои ба писарбачааш велосипед харидан пул надошт…

    Рўзи дигар мард субҳи барвақт ба куҷое рафта нисфирўзӣ пайдо шуд. Маст буд.

 – Ҳама корҳо панҷ, ака! — гуфт вай ба китфи Шараф-амак тап-тап зада. –  Фарзандон фардо сари гўри ман қуббаи тилло гузоранд ҳам, қарздор мемонанд. Э ака…

   Ҳамин вақт дари палата оҳиста кушода шуда дар даст асбоби фишорсанҷ Меҳрубон ворид шуд.

– Ку биё, ҷони ака! – даҳонаш то баногўш табассум кард мард. – Дина рўзи дароз таърифи туро мекардем. Ҳатто бароят ҳайкал гузоштем. Мана акаам шоҳид..

– Чӣ хел ҳайкал? – нафаҳмид Меҳрубон.

– Барои хизматҳоят, ки барои шифои мо мекунӣ.

– Ман танҳо фармудаи табибонро иҷро мекунам. Барои шифоатон аз онҳо миннатдор шавед.

– Фармудаҳои табибонро на ҳама ҳамшираҳо мисли ту ба ҷо меоранд. Ту барои мо ягонаӣ… Не нагў!.

Аз таърифи мард гунаҳои Меҳрубон лолагун шуданд. Вай чанд лаҳза чӣ кор карданашро надониста, дасту по хўрд ва сипас шармгинона:

– Ман бояд фишори шуморо бисанҷам, –  гуфт ба мард рўй оварда. – Духтур фармуданд.

– Туро бинам фишори ман доим баланд мешавад. Барои аниқ    донистани он бояд ягон ҳамшираи дигар биёяд, – гуфт мард чашмонашро нимпўш карда.

Меҳрубон дигар ба хирагиҳои мард аҳамият надода, асбобро аз ғилоф берун оварду гашта ба андоми мард нигариста, гуфт:

– Шумо масти лояъқил-ку!

– Боз лойқилаш чӣ? – ба овози Меҳрубон тақлид карда, гуфт мард. – Ҳақоратамон кардӣ? Масти лойқил нею камтар нўшидагӣ… Медонӣ имрўз акаат чӣ кор кард? Намедонӣ! Аз ду маълим баҳои се имтиҳони писарама гирифтам. Баъд ҳамроҳашон нўшидам. Одатам ҳамин… ба маълимони гаправ зиёфат медиҳам, лозим ояд пора ҳам медиҳам Аммо гарданшахҳояшро ба зарби мушт мисли абрешим мулойим мекунам. Бовар намекунӣ?

Меҳрубон дар даст асбоби фишорсанҷ ҳамоно ба мард нигоҳи нафратолуд медўхт.

– Бовар намекунӣ? – такрор кард мард болои кат дароз кашида.- Як маълими гарданшаха шабона аз хонааш бароварда чунон задем, ки бечора то ҳол роҳи хонаашро ёфта наметавонад… Эҳ… маст шудам-чӣ… бисёр гап задам… Ўф.. Биё, ҷони акеш, фишорама санҷида бин…

Мард аз ҷой нимхез шуд ва бо як азоб остини дасташро бар зад.Вай дар ҷои нишасташ беист алвонҷ мехўрд.— Ҳа, чаро ранги рўят канд, ҷони акеш? – гуфт мард ба Меҳрубон нигоҳи хуморолуд дўхта. – Дасти ҷигит ҳамин хел пашмин  мешавад.

Меҳрубон дигар ёрои ҷунбидан надошт

– Кадом муаллим… Ту қотил… ба рўи мард чангол задан хост Меҳрубон.

– Э дафъ шав-э! – ба дасти Меҳрубон зад мард. Асбоб аз дасти ў хато хўрда, рўи фарш афтид. – Таърифат кардем дандон баровардӣ-ку! – гуфт мард ғазаболуд ба вай нигариста. Ва аз ҷой хеста, сўи дар рафт.

– Қотил! – бехудона аз қафо дод зад Меҳрубон ва баъд инони гиряро сар дод. – Падарам, во падарам, во падарҷони бенишонам!

   Мард ва писарбача аз ин муҷодалаи онҳо чизе нафаҳмида, ҳайрон монданд.

– Ором шав, духтарам, ором шав, – Меҳрубонро, ки дар рўи фарш зону зада, ҳеҷ аз гиря худдорӣ карда наметавонист, аз ҷой хезонданӣ шуд Шараф-амак. – Ором шав, гиря накун… Ҳеҷ чиз намефаҳмам…

 Дар як дам палатаи хурдакак аз табибону ҳамшираҳои шафқат ва беморони ҳангомаҷуй, ки садои гиряи Меҳрубонро шунида омаданд, пур шуд.

 Чанд нафар ҳамшираҳо Меҳрубонро аз палата берун бурданд.

– Падари ин духтарак ду сол боз бе дарак аст, – гуфт духтури табобаткунандаи онҳо ҳини аз палата берун шудан ба Шараф-амак рўй оварда. –  Нисфи шаб се нафар силоҳбадаст ўро, ки муаллими мактаби олӣ буд, аз хонааш бароварда бурдаанду дигар барнагаштааст. Бисёр ҳам инсони аҷиб ва олими зўр буд, – гуфт духтур ба алам сар ҷунбонда.

Шараф-амак ва писарбача танҳо монданд. Писарбача ҳайрон ба ў нигарист. Шараф-амак хост ба ў чизе гўяд, аммо аз раъяш гашт.

  Дар палата сукунати вазнин соя андохт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …