БЕҲУШӣ (Obnubilatio), мадҳушӣ, дар натиҷаи ба мағзи сар кам омадани хун якбора аз ҳуш рафтан. Б. зери таъсири сахти рӯҳӣ (изтироб, тарс, ваҳм), аз дарди сахт (ҳангоми халаи гурда, халаи ҷигар ва рӯда), таъсири гармӣ ё офтобзанӣ (ниг. Гармозанӣ), инчунин ҳангоми зуд аз ҷой (бистар, замин) бархеста рост шудан, ба амал меояд.
Б. бештар дар одамони хастаҳол, гурусна ва ашхосе, ки бемории сироятиро аз сар гузаронидаанд, рӯй медиҳад. Ғайр аз ин, Б. аломати ихтилоли кори дил ё силсилаи асабҳои марказӣ аст. Пеш аз Б. мумкин аст сустӣ, чарх задани сар, сих задани чашм, ғуввоси гӯш, карахтии дасту пойҳо ҳис карда шавад. Аксар хуруҷ бо аломатҳои дар боло зикршуда маҳдуд мегардад ва кас тамоман аз ҳуш намеравад.
Ҳангоми хуруҷи Б. ранги рӯй мепарад, чашм пӯшида шуда, бемор меафтад; гавҳараки чашм аввал танг ва сипас васеъ мегардад, ҷабрдида рӯшноиро намебинад. Дасту пой сард шуда, касро арақи хунук зер мекунад, сиёҳрагҳо қариб нопадид мешаванд; муайян кардани набз ғайриимкон, набз суст, нафаскашӣ заиф аст. Ҳангоми Б.-и сабук мадҳушӣ 1 – 2 дақ. ё камтар давом мекунад. Б. баъзан давомнок мешавад. Ҳангоми тағйир наёфтани кори дилу рагҳо Б. беосеб мегузарад: бемор ба ҳуш меояд, ранги рӯяш барқарор мешавад, набз ва нафаскашӣ мӯътадил мегардад. Вале сустӣ, хастаҳолӣ ва дарди сар чанд соати дигар идома меёбанд.
Дар мавриди Б. беморро хобонда, сарашро ба қафо хам мекунанд, гиребони либосашро мекушоянд, тирезаи хонаро боз карда, ба рӯй ва сари синааш сачоқи тари хунук мегузоранд, ба бинӣ пахтаи дар спирти навшодир, сирко ё атр таркардаро медоранд; бо он пахта чаккаашро молида, пойҳоро гарм мекунанд ё бо ягон чизи дурушт соиш медиҳанд. Баъди ба ҳуш омадани бемор, ба ӯ чойи гарм ё қаҳва медиҳанд. Агар баъди андешидани чунин тадбирҳо бемор ба ҳуш наояд, ёрии таъҷилиро ҷеғ задан зарур аст. Баъди Б. ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …