БЕХОБӣ (Asomnia), бедорхобӣ, камхобӣ, ҳар гуна бенизомии хоби шабона (набурдани хоб, cаҳархезӣ, зуд-зуд бедор шудан ва ғ.). Ноустуворӣ ва вайрон шудани хоб сабабҳои гуногун дорад. Хоби баъзе одамон аз кӯдакӣ ноустувор аст. Б. аз амрози системаи асаб ва лат хӯрдани мағзи сар низ ибтидо ёфта метавонад. Б. инчунин нишонаи ҳатмии як қатор бемориҳост (мас., невроз, майзадагӣ). Бо кору машғулияти тӯлонии шабона маҷбуран вайрон кардани стереотипи хоб, ҷои нав, асабонияти давоми рӯз (як сабаби ночиз ҳам шахси хобаш ноустуворро бедорхоб мекунад) ва баъзе бемориҳо низ метавонанд боиси Б. шаванд. Низоми хобу бедорхобии одамони миёнсол ва солхӯрда тез-тез тағийр меёбад. Хоби онҳо нисбат ба давраи ҷавонӣ кӯтоҳмуддат ва сатҳӣ буда, ба хусусияти физиологии организми ин синну сол вобаста аст. Азбаски Б. сабабҳои гуногун дорад, тарзи мӯътадил гардонидани хоб низ хеле гуногун мебошад. Бо ин мақсад доруи хобро дар навбати охир (дар ҳолати илоҷи дигар намондан) истеъмол бояд кард. Агар сабабҳои Б. таассуроти нохуш, хастагӣ, ихтилоли стереотипи ғанаб (бедорхобии вазоифӣ) бошанд, хоб бо мурури замон худ ба худ барқарор мешавад. Барои ин дар вақти муайян ва шароити муқаррарӣ хоб рафтан лозим; инчунин аъзои баданро гарм, мушакҳоро суст (гарм будани кафи пой хеле муҳим аст) ва фикру хаёлро ба лаҳзаҳои хуши умр равона кардан хеле муҳим мебошад.
Изтироби доимии «оё хобам мебурда бошад ё не» ҳаяҷони рӯҳиро қувват дода, ба мустақилона барқарор шудани хоб монеъ мешавад. Агар тавсияҳои мазкур риоя шаванд, Б.-и аз ташвишу хастагӣ сарзада дар 2 – 3 шаборӯз бартараф мегардад. Ба одаме, ки аз ягон ҳолати мушкил ба танг омада худро аз даст додааст, сайру гашти пеш аз хоб, истеъмоли чойи ширин (ширу асал), ҷӯшоби решаи нардсунбул ва барги дулона нафъ дорад. Пеш аз хоб 8 – 10 дақиқа қабул намудани обзани гарм (360 – 380) фоидабахш аст.
Иҷрои ин тавсияҳо Б.-и вазоифиро рафъ мекунад. Агар Б. бартараф нашавад, ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Фақат духтур метавонад аломату сабаби кадом беморӣ будани Б.-ро муайян намуда, табобат фармояд. Чунки барои ба низом даровардани хоб пеш аз ҳама бемории асосиро табобат кардан лозим аст. Худмуолиҷа бо доруҳо хеле хавфнок мебошад; истифодаи нодурусти доруҳои хобовар оқибати нохуш ё вазнин дошта (беҳолӣ, хиратабъӣ, ихтилоли ҳофиза ва тафаккур, сустии мушакҳо, гум кардани қобилияти ҳаракти чолоку дақиқ), баъзан боиси ба доруи хобовар одат кардан ва нашъамандӣ мегардад.
А. Исомиддинов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …