БЕД

bedБЕД (Salix turanica), беди туронӣ, сафедван, буттаи баланд ё дарахтест бутташакл. То 5 – 8 м қад мекашад. Пӯстлохи тана ва шохҳояш суфта, хокистарранги кушод, баргаш нештаршакл.
Б. дар Помиру Олой (дар баландии 1400 – 3800 м аз с.б.) дар болооби д. Яғноб, нишебиҳои шимолии қ-кӯҳи Қаротегин, қ-кӯҳҳои Дарвоз, Пётри I, Помири Ғарбию Шарқӣ (дар водии д.-ҳои Гунд, Шохдара, Гармчашма, Панҷ, Ҷамантала, Мурғоб, атрофи кӯли Саррез) паҳн шудааст.
Бино ба маълумоти Абӯалии Сино агар оби пӯстлохи тару тозаи Б.-ро бо равғани гуле, ки бо пӯстлохи анор ҷӯшонида шудааст, омезанд ва ба гӯш чаконанд, дардро рафъ менамояд. Оби (шираи) Б. барои қабзияти ҷигар ва зардпарвин муфид аст. Пӯстлох ва самари Б. хунпартоиро бозмедорад. Ҷӯшоби пӯстлохи он сабӯсаки сарро нест мекунад. Нақеъи Б. давои хубест барои ниқрис. Хокаи пӯстлох ва барги онро ба ҷароҳатҳои чуқур ва фасоднок мепошанд.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби пӯстлохи Б.-ро чун давои хунбанд, пешоброну талхарон, рафъиилтиҳоб (ҳангоми дарди даҳон, гингивит ва назлаи роҳҳои болои нафас), инчунин дар мавриди бемориҳои вараҷа, тарбод, халаи рӯдаву меъда тавсия медиҳанд. Бо ин гуна ҷӯшоб дар мавриди хориш ва сабӯсак сарро мешӯянд, бо мақсади табобати бемориҳои пӯст кӯдаконро оббозӣ медоранд.
Хокистари чӯби Б.-ро бипошанд ё гузошта банданд, рафтани хунро манъ мекунад; агар онро ба сирко хамир карда, гузошта банданд, озахро хушк карда меафтонад, доначаҳо ва обилаҳоро дур месозад, варами пистонро таҳлил медиҳад, шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад. Табибони мардумӣ бо равғани гули Б. дарди сар, бехобӣ, варами майна, гӯшдард, дарди дандон, захми рӯдаҳо, сӯхтагии оташ, варами чашм, иллати ҷигар ва ғ.-ро табобат менамоянд.
Дар тибби илмӣ нақеъи пӯстлохи Б. барои муолиҷаи тарбод, асабдард, ниқрис, сардард, шамолхӯрӣ тавсия шудааст. Бо ин мақсад 1 чумчача пӯстлохи майдакардаро дар 2 истакон оби хунук андохта, 8 соат нигоҳ медоранд (дар муддати шаборӯз истеъмол карда мешавад).
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …