Главная / Илм / БАТАРТИБОРӢ ВА ИНЪИКОСИ НИШОНАҲОИ РАВЗАНА

БАТАРТИБОРӢ ВА ИНЪИКОСИ НИШОНАҲОИ РАВЗАНА

Дар Мизи кории Windows ва равзанаҳои папкаҳои система нишонаҳои объектҳоро бо тарзҳои гуногун ба танзим меоранд. Асосан чор усули батартибории нишонаҳои объектҳои системаро дар равзанаҳо истифода мебаранд:

  1. аз рўи ном,
  2. аз рўи тип (намуд),
  3. аз рўи андоза ва
  4. аз рўи вақти сохта шуданашон.

tartibi-papkaho

Барои иҷрои амали батартибории нишонаҳо аз командаи менюи равзана Вид  Упорядочить значки (Намуд  Батартибории нишонаҳо) истифода мебаранд. Айнан ҳамин амалро бо ёрии пахши тугмаи рости муш низ иҷро кардан мумкин аст.

Барои ин, нишондиҳандаи мушро дар ягон ҷои холии дилхоҳи равзана гузошта тугмаи росташро пахш мекунем. Дар натиҷа, дар экран равзанаи робитавие пайдо мегардад, ки дар он усулҳои батартибории нишонаҳо пешбинӣ карда шудаанд. Барои амалӣ гардидани яке аз ин усулҳо кифоя аст, ки нишондиҳандаи муш ба номи усул гузошта шавад ва тугмаи чапи муш пахш карда шавад.

Ҳангоми интихоби усули батартиборӣ аз рўи ном, нишонаҳо дар равзана аз рўи алифбо (аз A то Z ё аз А то Я) ҷо ба ҷо карда мешаванд. Дар ин ҷо ном гуфта, аслан қисми асосии номи файлҳои ба нишонаҳо вобастаро дар назар доранд. Агар номи файлҳо бо символҳои махсус ва рақамҳо сар шаванд, он гоҳ аввал чунин номҳо ва баъд номҳое, ки бо ҳарфҳои алифбоҳои лотинӣ ва русӣ сохта шудаанд, ба тартиб оварда мешаванд.

Дар вақти интихоби усули батартиборӣ аз рўи тип бошад, нишонаҳо дар равзана аз рўи алифбо мувофиқи қисми иловагии номашон ҷо ба ҷо гузошта мешаванд.

Ҳангоми ҷобаҷокунии нишонаҳо аз рўи андозаи объектҳои ба онҳо мувофиқ, аввал объектҳои ҳаҷман хурд ва баъд объектҳои ҳаҷман калон дар равзана ҷойгир карда мешаванд. Аз ин усул асосан пеш аз гузаронидани амалиёти хидматӣ (масалан, холикунии қисми ҳаҷми диски винчестер ё дискетҳо аз файлҳои нисбатан калонҳаҷм) истифода мебаранд.

Ҳангоми истифодабарии усули чоруми батартибории нишонаҳо, дар равзана аввал нишонаҳои объектҳои нав сохташуда ва баъд нишонаҳои объектҳои пеш сохташуда ҷо ба ҷо карда мешаванд. Ин усул барои кофтукови файлҳои наву кўҳна хеле қулай аст.

Нишонаҳои объектҳоро дар равзана бо усули кўчониш низ ба тартиб овардан мумкин аст. Барои ин лозим аст, ки нишона интихоб карда шавад ва бо пахши тугмаи чапи муш ба ҷои дилхоҳи равзана гузошта шавад.

Аз банди Вид (Намуд)-и менюи равзана истифода бурда, нишонаҳои объектҳои равзанаро дар экран бо чор усул инъикос кардан мумкин аст:

  •  дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман калон (Крупные значки);
  •  дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман хурд (Мелкие значки);
  •  дар шакли Рўйхати нишонаҳо (Список);
  •  дар шакли Таблитсаи нишонаҳо (Таблица).

Саволҳо:

  1. Чанд усули батартибории нишонаҳои объектҳои Windows-ро медонед?
  2. Барои батартибории нишонаҳои равзана аз кадом команда истифода бурдан мумкин аст?
  3. Оё ба воситаи пахши тугмаҳои муш низ нишонаҳои равзанаро ба тартиб овардан мумкин аст?
  4. Фарқи батартибории нишонаҳои равзана аз рўи ном ва тип дар чист?
  5. Дар кадом ҳолатҳо истифодабарии батартибории нишонаҳои равзана аз рўи андоза ва дар кадом ҳолатҳо аз рўи вақт бештар қулай аст?
  6. Нишонаҳои объектҳои равзанаро бо чанд усул инъикос намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар дафтаратон усулҳои батартибории нишонаҳои объектҳои равзанаҳо ва усулҳои инъикоскунии онҳоро номбар кунед.
  3. Папкаи хусусии худро, ки дарсҳои гузашта сохта будед, кушоед ва дар дохили он 5-то зерпапкаҳои нав сохта, ба онҳо номҳои гуногун гузоред.
  4. Нишонаҳои зерпапкаҳои папкаи хусусии худро бо усулҳои гуногун батартиб оред ва онҳоро дар экран инъикос намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …