Главная / Гуногун / Барои чи дин бар зидди дини дигар аст

Барои чи дин бар зидди дини дигар аст

Устод, динҳо бисёранд, нафақат як дин ба муқобили дини дигар нафрин мехонад, балки дар дохили ҳар як дин боз як ё якчанд равияҳо ҳастанд, ки ба муқобили якдигар меҷанганд. Кадоме аз онҳо ҳақанд, ки одамон ба он пайравӣ кунанд?

  Ҷавоб: Ҳар касе ки ба як дин нафрат хонда дигарашро ситоиш мекунад, вай дар назди Парвардигор гунаҳкор аст, бигузор ҳатто ў мусулмон бошад, вале ў мўъмин нест.

  Ҳамаи динҳои асосӣ – чи масеҳӣ, чи насронӣ ва чи мусулмонӣ – Худопарастанд. Аз ин лиҳоз, бар зидди ин динҳо баромадан гуноҳ аст ва ин низоро ба вуҷуд меорад. Вале мо бояд фахр кунем, ки мусулмонем ва пайғамбарӣ мо дар Қуръон чунин мегўяд: «Ислом дини Нўҳ, Иброҳим, Мусо, Исо аст» Бигў: мо ба Худо боварӣ дорем, он чи ки ў ба мо фиристод, ў инро ба Иброҳим, Исмоил, Исҳоқ ва ба дувоздаҳ пушт фиристод. Мо ба китобҳои муқаддас, ки аз Осмон ба Мўсо, Исо ва дигар пайғамбарон нозил шудаанд, ягон фарқиятро байни онҳо набинем, мо худро ба ў додаем» ( Сураи III, 78).

 

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …