Главная / Техника / Барои чи барқ нест – Свет чаро нестай?

Барои чи барқ нест – Свет чаро нестай?

Дар Тоҷикистон аз солҳои 1992 инҷониб  дар фасли сармо барқро мекушанд ва ба бисёриҳо нофаҳмо аст, ки  чаро рушноии электрикӣ хомуш карда мешавад.

Вобаста ба ин савол дар ин саҳифа ба шумо хонандагони азиз маълумот оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар як сол дар Тоҷикистон ба миқдори 17 млр. киловатт соат барқ истеҳсол мешавад  вале дар асл талабот 2-маротиба бештар аст ва аз ҳамин сабаб  дар мавсими кам шудани об дар моҳҳои сентябр-феврал дар обанборҳои кишвар ҳукумат маҷбур мешавад, ки соатҳои истифодаи барқро дар кишвар маҳдуд (кам) кунад.

Ба ҳисоби миёна дар моҳҳои сентябр-март ҳамасола  дар як шабонаруз 6-8 соат барқ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин карда мешавад. Вале чунин маҳдудият ба Пойтахти кишвар дахл надорад ва ба баъзе шаҳрҳои калон аз он ҷумла Хуҷанд, Кулоб, Қурғонтеппа ва баъзеи дигарон. Дар шаҳри Хоруғ аз сабаби соҳиб будани Неъругоҳи Барқии Обӣ худи минтақавӣ низ барқ (свет) хомуш карда намешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон қариб 1 миллард одам ки 13%-и аҳолии дунёро ташкил мекунанд умуман барқ надоранд ва аз онҳо 200 миллионаш дар Ҳиндустон зиндагонӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки хомуш кардани барқ дар кишварҳои ҳамсоя низ вуҷуд дорад аз ҷумла дар Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон. Бояд гуфт, ки агар Тоҷикистон ба мустақилияти энергетикӣ бо сохтани НБО Роғун соҳиб шавад пас дар ин самт Узбакистон аз Тоҷикистон дар ақиб мемонад.

Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки то солӣ 2020 –ум ба мустақилияти энергетикӣ ноил гардида ба хомуш намудани барқ дар Тоҷикистонро хотима диҳад. Албатта алакай мушоҳида кардан мумкин, ки моҳи ноябри соли 2018 алакай бо кушодашавии агрегати якуми НБО Роғун куштани барқ дар Тоҷикистон аз байн бардошта шуд вале ин ҳам бошад аз ҳисоби асосан дар моҳҳои сентябр-ноябри соли 2018 маҳдуд кардани барқдиҳӣ (сар додани об дар НБО Норак) буд ва моҳҳои ноябр –декабр сербориш шуд.

elektrichestva

Умуман Тоҷикистон аз ҳисоби дар мавсими гармӣ зиёд будани об дар дарёи Вахш ва Обанбори Норак қувваи барқ барзиёд истеҳсол шуда ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Афғонистону Узбекистон фурухта мешавад. Вале дар мавсими сард (сентябр-феврал) дарёҳо камоб шуда обанборҳо камоб мешаванд ва мутаносибан барқ ҳам кам истеҳсол мешавад. Лек аз ҳисоби дар кишварҳои ҳамсоя кам будани барқ харидани он аз онҳо имконнопазир аст ва бар иловаи ин хароҷотҳои вазнин бар буҷаи кишвар мешавад. Барои маълумот метавон гуфт, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 16-17 млрд. кв. барқ истеҳсол мешавад ва ин нишондиҳандаи чандон паст нест, агар дар таносуб бо дигар кишварҳои дунё қиёс намоем.

Ба ҳисоби миёна Тоҷикистон ҳар тобистон (солҳои 2005-2010) ба маблағи 30-50 млн доллар барқ мефурушад ва инчунин метавон гуфт, ки ба сари як нафар аҳолии кишвар истеъмоли барқ дар як сол 1,5 ҳазор киловат рост меояд, холл он ки ин нишондиҳанда дар Узекистон 1,6 ҳазор, Қирғизистон 1,9ҳазор, Туркманистон 2,7 ҳазор, Қазоқистон 5,6 ҳаз,  Руссия 4,9ҳаз, Амрико (ИМА) – 6,9 ҳазор баробар аст.

Тоҷикистон соҳиби 5%-и қувваи гидроэнергетики дунёро соҳиб аст, китақрибан ба 500 млрд. кв. баробар аст ва аз ин ҳамагӣ тақрибан 5%-ашро истифода намуда истодааст ва боқи 95% -и захираҳо ҳоло истифода намешаванд.

 

Инчунин кобед

opti1

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад. Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди …