БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМЎЗИШ ВА НИГАҲДОРИИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2030
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “3” майи соли 2010, № 209 тасдиқ шудааст
Муқаддима
Барномаи давлатӣ оид ба омўзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 (минбаъд-Барнома), ҷиҳати мониторинги доимӣ ва омўзиши пиряхҳои Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки қариб 8 фоизи тамоми масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд. Дар пиряхҳо қариб 550 км. мукааб оби ширин ҷамъ шудааст, ки қариб нисфи оби ҷории дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон маркази калони яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад ва пиряхҳое, ки дар қаламрави он қарор доранд, на танҳо анборҳои об, балки танзимкунандаи шоридани оби дарёҳо ва иқлим мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон сарчашмаи асосии таъмини оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд. Ҳар сол обшавии захираҳои барфию яхӣ якчанд километр мукааб оби софу ширин медиҳад.
Дар ноҳияҳои кўҳии Осиёи Марказӣ минтақаҳои калонтарини яхбандии муосир воқеанд. Пиряхҳо пас аз барфҳои мавсимӣ, ҷиҳати таъмини дарёҳо бо об, сарчашмаи дуюм маҳсуб меёбанд. Дар мавсими тобистон бошад, аз моҳи июл то моҳи сентябр, ҳангоми ҳосилбардорӣ, пиряхҳо сарчашмаи ягонаи таъмини дарёҳо бо об мебошанд. Онҳо захиракунандаи табиии оби ширин буда, аҳамияти онҳоро дар минтақа арзёбӣ намудан ғайриимкон аст. Вале таҳқиқоти умумии яхбандии минтақа охирин маротиба то соли 1990 гузаронида шуда буд.
Дар айни замон, бо сабаби гармшавии глобалӣ, таназзули пиряхҳо ба амал омада, онҳо назар ба он ки ташаккул ёбанд, бештар об мешаванд. Ҳоло об шудани барф дар баландкўҳҳо на дар аввали моҳи апрел, чӣ тавре ки дар гузаштаи на он қадар дур буд, балки дар нимаи моҳи март оғоз мешавад. Бештар камобӣ ва хушксолӣ ба назар мерасад. Масоҳати пиряхҳо дар канорҳои системаҳои кўҳӣ то 0,8 -1,0 фоиз дар як сол кам мегардад.
Дигар ҷанбаи муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, ин таъсири он ба захираҳои оби ширини ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об – захираи ивазнашаванда, дорои аҳамияти асосӣ ҷиҳати рушди устувор, нигоҳдории ҳаёт дар сайёра, таъмини саломатӣ ва некўаҳволии аҳолии ҷаҳон мебошад. Ҳоло дар шароити тағйирёбии иқлим дар хушкӣ, махсусан дар ноҳияҳои хушку камбориши сайёра, масъалаи обтаъминкунии аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобаста аст, бисёр шадид меистад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ширин кам шуда, сифати он паст мегардад.
Дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Копенгаген, бо мақсади таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон гузаронидани ташхиси умумии таъсири системаи истифодабарии об ба вазъи экологӣ дар минтақа пешниҳод гардид. Инчунин арз карда шуд, ки дар шароити таркиши демографӣ ва бе назорат ба кор андохтани заминҳои нав, инчунин хароҷоти ифроткорона ва бетартибонаи об, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои дахлдори он муроҷиат менамояд, ки ташхиси умумии таъсири системаи мутлақо фарсуда ва бесамари истифодабарии оби минтақа, инчунин шумораи зиёди обанборҳои поёнобро ба вазъи экологӣ гузаронад.
Дар конфронси сеюми иқлимӣ дар шаҳри Женева, Тоҷикистон бо ташаббуси таъсиси Фонди байналмилалии нигахдории пиряхҳо баромад намуд.
Тайи асри бистум пиряхи Зарафшон 3 километр кўтоҳтар шуд, дар айни замон, ҳар сол он то ҳафтод метр кўтоҳ мешавад. Дар давоми нимаи дуюми асри бистум сеяки масоҳати пиряхҳои Ҳисору Олой кўтоҳ гардида, нисфи ҳаҷми яхҳоро аз даст доданд.
Пиряхи калонтарини ҷаҳон – Федченко тўли сад сол 1-1,5 километр ақиб рафта, аз рўи масоҳат 11 километри мураббаъ кўтоҳтар шуд ва дар ҳаҷми 2 километри мукааб яхро аз даст дод. Ҳоло он бо суръати 15-20 метр дар як сол ба ақиб меравад. Дар давоми асри бистум, он қариб тамоми шохоби тарафи рости худро аз даст дод, ки дар натиҷаи ақибравӣ ба пиряхҳои мустақил мубаддал гаштанд. Қисми ниҳоии пиряхро дар тўли 6 – 8 км пиряхи мурда бо тарқишҳои шикаста ва кўлҳои яхии зиёд фаро мегирад. Кўлҳои пиряхӣ хатари рахнашавиро пещ меоранд, ки дар натиҷаи он эҳтимоли обхезиҳо дар назар аст. Таҳқиқоти пиряхи Федченко имкон медиҳад, ки таҷдиди иқлимро тайи якчанд ҳазор соли охир муайян намуд. Натоиҷи ин таҳқиқот, бешубҳа, барои рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳад бозид.
Дар ҳавзаи дарёи Обихингов пиряхи калонтарин – Гармо бошиддат таназзул менамояд. Аз соли 1940 то соли 1985 он қариб се километр ақиб рафта, 3,1 км. мураббаъ масоҳаташро аз даст дод. Дар солҳои 1985-90 сатҳи пирях 13 метр паст шуда, аз забони он майдони яхӣ бо масоҳати 3,5 км. мураббаъ ва бо дарозии 3600 метр ҷудо шуд. Ҳоло пиряхи Гармо тақрибан 9 метр дар як сол ақиб рафта, сатҳи он то 4 метр дар як сол паст мешавад.
Пиряхи дуюм дар ҳавзаи Обихингов – Скогач мебошад, ки дар он мутахассисони Идораи давлатии обуҳавосанҷӣ дар тўли якчанд сол маҷмўи мушоҳидаҳои яхшиносӣ гузарониданд, аз соли 1969 то соли 1991 143 метр ақиб рафта, беш аз сад миллион метри мукааб ё даҳяки қисми худро аз даст дод.
Дар Помири ғарбӣ дар болооби дарёи Гунт, пиряхи Бакчигир аз соли 1960 то соли 1990 ба 530 метр ақиб рафт. Сатҳи он 5 метр паст шуда, даҳҳо миллион метри мукааб яхро аз даст дод.
Аз рўи пешгўиҳои иқлимӣ дар давраи то соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақа 1-2 дараҷа баланд мешавад. Масоҳати умумии яхбандӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи мушоҳида, аз соли 1930 то 30 фоиз кам шуд. Аз рўи баҳодиҳии хадамоти обуҳавосанҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷараёни оби дарёҳо дар дурнамои дарозмўҳлат метавонад то 5 – 15 фоиз кам гардад. Бо тағйир ёфтани иклим масъалаҳои дар боло зикргардида бисёр муҳим мегарданд, зеро баланд шудани ҳарорат ба кам шудани ҳаҷму масоҳати пиряхҳо, тағйир ёфтани обнокии дарёҳо ва дар натиҷа ба бисёр сарф шудани об ва афзудани шумораи ҳодисаҳои табиӣ оварда мерасонад.
1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
1) Дар минтақаҳои иқлимии аридӣ захираҳои обӣ ашёи хоми муҳими табиӣ маҳсуб меёбанд, ки бақайдгирии қатъӣ, истифодаи эҳтиёткорона, пешгўии тағйирёбӣ, инчунин дониши қонуниятҳои ташаккули ин захираҳоро талаб менамояд.
Мақсади Барномаи мазкур омўзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мебошад. Зарурати банақшагирии чорабиниҳои аз ҷиҳати мўҳтаво ва ҳаҷм мушаххас барои таъсиси низоми самарабахши мониторинги яхшиносии ҳолати пиряхҳо ва барфҳои тамоми ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ба таври фаврӣ қабул намудани чораҳои самарабахш оид ба паст намудани таъсири оқибати тағйирёбии иқлим ба одамон ва иқтисодиёти мамлакат ва минтақа пеш омадааст.
Ҷиҳати амали намудани Барнома бо мақсади омўзиши қонуниятҳои тақсимоти боришот ва қабати барф, шароитҳои ташақкули тармаҳо ва ҷараёни селҳо, реҷаи обуҳавосанҷии дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, зарурати таъсиси Маркази яхшиносӣ ва обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
2) Вазифаҳои Барнома инҳоянд:
-таъсиси Маркази яхшиносӣ ва обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-барўйхатгирии пиряхҳои бузург, миёна ва хурди Тоҷикистон мутобиқи феҳристи пиряхҳо;
-ташкили назорати мунтазами иқлим ва гузаронидани қорҳои илмию таҳқиқотӣ;
-рушди мониторинги экспедитсионии пиряхҳои репрезентативӣ оид ба ҳавзаҳои дарёҳо;
-такмили низоми мониторинги кайҳонӣ ва арзёбии қабати барфу пиряхҳо;
-таъмини муносиб будани шабакаи яхшиносии назоратӣ, ки инҳоро дар бар мегирад:
а) барқарор ва муҷаҳҳаз гардонидани шабакаҳои тармавӣ бо асбобу таҷҳизоти муосир, рушди системаҳои мушоҳидаи маҷмўӣ;
б) ташкили шабакаҳои автоматии нуқтаҳои назоратии қабати барф ва миқдори боришот дар ноҳияҳои дурдаст;
в) аз нав барқарор намудани назорати қабати барф дар ҳаҷми пурра;
-истифодаи технологияҳои наву муосир ва таҷрибаи пешрафта дар соҳаи яхшиносӣ;
-насб ва истифодаи терминали қабули иттилооти моҳворавии дақиқ ҷиҳати баланд бардоштани саҳеҳӣ ва пуррагии пешгўиҳои обу ҳаво, баҳодиҳии ҳолати захираҳои барф, наботот ва назорати ҷараёни инкишофи захираҳои обӣ ва пиряхҳо;
-ҷорӣ намудани тамсилаҳои муосир дар соҳаи мониторинги яхшиносӣ;
-корҳои илмию таҳқиқотии муштарак бо институту ташкилотҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;
-баланд бардоштани тахассуси кормандон ва тайёр намудани кадрҳо дар сатҳи талаботи муосир;
-тамсиласозии таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар давраи таҳқиқот;
-таҳияи усулҳои чораҳои мутобиқсозӣ дар соҳаи гидроэнергетика, кишоварзӣ, соҳаи фаъолияти ҳаётӣ дар шароити тағйирёбии иқлим;
-ташкил намудани харитаҳои оперативии барфпўш, муайян намудани масоҳати барфпўш ва сарҳади пиряхҳо, пешгўии суръати ақиб рафтани пиряхҳо ва лағжиши пиряхҳои ҳаракаткунанда, ҳисоб кардани ҳаҷми ҷараёни оби дарёҳои ҷумҳурӣ оид ба тағйир ёфтани масоҳати барфпўши ҳавзаҳои дарёҳо;
-арзёбии ҳолати иқлим, оқибати иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии тағйирёбии он;
-назорати иқлим ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ;
-таъмини истифодабарандагон бо иттилооти яхшиносӣ ва иқлимӣ;
-арзёбии ҳолати пиряхҳо ва кўлҳои рахнашавиашон хатарноки кўҳӣ ва ноҳияҳои хатарноки тармавӣ;
-таъсиси маҳзани иттилоотӣ оид ба иншооти яхшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамшафат;
-ташкили тамсилаҳои ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳавзаҳои дарёҳои иншооти яхшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳудудҳои иншооти яхшиносӣ.
3) Вазифаи стратегии Барнома – мониторинги фаврии яхшиносӣ оид ба ҳолати пиряхҳо ва барфҳои ҳавзаҳои тамоми дарёҳои ҷумҳурӣ, ки бо мақсади пешгўии ҷараёни дарёҳо ва бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ мебошад.
2. Натиҷаҳои ниҳоии Барнома
4) Ҳангоми татбиқи Барномаи мазкур Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги мунтазами иқлим ва тавсеаи таҳқиқоти яхшиносиро дар ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.
5) Маркази яхшиносӣ ва обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро иҷро менамояд:
– пешниҳод намудани маълумоти саҳеҳ ва саривақтӣ дар бораи пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳо;
– пешгўии муосири захираҳои об, ки дар барфҳои мавсимии ҳавзаҳои дарёҳои Амударё ва Сирдарё ҷамъ шудаанд;
– ташкили Феҳристи муосири пиряхҳои Тоҷикистон;
– тавсифи яхшиносӣ ва иқлимии ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳолати муҳити зист;
– пешгўии дарозмуддати серобии дарёи Амударё.
– мониторинги доимии пиряхҳо, қабати барф, хатари тарма, ба истифода додани усулҳои нави пешгўиҳои яхшиносӣ, ташкил ва ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии маълумоти моҳворавӣ ва феҳристи пиряхҳо, автоматикунонии истгоҳҳо ва нуқтаҳои назоратӣ, иҷрои корҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ.
3. Механизми татбиқи Барнома
Барнома барои 20 сол пешбинӣ шудааст ва бояд тавассути гузаронидани як қатор чорабиниҳои ташкилию техникӣ татбиқ карда шавад.
Татбиқи Барнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.