Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, № 53 тасдиқ шудааст
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
- Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди муассисаҳои фарҳанг муайян менамояд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИМРЎЗАИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ
- Фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, баҳри таъмини рушди устувори он аз рўзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ пайваста таваҷҷўҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кўтоҳи таърихӣ як силсила санадҳои муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам омада, ҷиҳати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт.
- Пас аз қабули Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2005 № 501 тасдиқ гардидааст, тўли солҳои 2006-2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳангро ба маблағи умумии 133 млн. 108 ҳазор сомонӣ қабул намуд. Аз ҷумла, мўҳлати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои 9 барномаи давлатӣ аллакай ба итмом расида, ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳои барномаҳои дигари давлатӣ то солҳои 2017-2020 идома хоҳад ёфт.
- Дар натиҷаи чораандешиҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2014 бо назардошти тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 586, 2 млн. сомониро ташкил кард. Яъне буҷети соҳаи фарҳанг ва варзиш дар ҳамин давра 504 маротиба афзуда, дар маҷмўъ 2 млрд. 451,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.
- Дар ҳамин давра музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг 16 маротиба афзоиш ёфтааст.
- Дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 15 бинои нави хона ва қасрҳои фарҳанг, 6 осорхона, 14 китобхона бунёд гардида, аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун бинои 305 китобхона, 101 хона ва қасрҳои фарҳанг таъмир гардидаанд.
- Бо шарофати тадбирҳои мушаххасу ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ба воситаи тавонои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии миллат табдил ёфта, зимни тақвияти раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва арзишҳои нави маънавӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки Тоҷикистон мустаҳкам намуд.
- Бо назардошти он ки фарҳанг, бахусус тамоили ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри XXI буда, дар низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз падидаҳо ва зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Дар ин радиф талабот нисбат ба сатҳу сифати фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навро ба ўҳда хоҳад гирифт, ба маротиб меафзояд.
- Вобаста ба ин, дар ҳар як марҳилаи такомули давлатдории миллӣ мақсаду вазифаҳои фарҳанги миллӣ мушаххас гардида, тибқи он бояд стратегияи наву ҳадафманд ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа тарҳрезӣ ва ба ин васила барои беҳдошти симои маънавӣ, ташаккули майлу рағбати зебописандӣ ва ҳунари эҷодгарии афроди ҷомеа фазои мусоид фароҳам ояд. Дар татбиқи ин ҳадафҳо муассисаҳои фарҳанги мамлакат нақши ҳалкунанда доранд.
- Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”,”Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо”, “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бо мақсади татбиқи нишондоди банди 35-уми Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёд кардан дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013 баён гардидаанд, таҳия гардидааст.
- Айни замон дар ҷумҳурӣ 2330 адад муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1354 китобхонаи давлатию оммавӣ (ба истиснои Китобхонаи миллӣ) бо фонди умумии 8 млн. 536724 нусха маҳсулоти чопӣ ва дигар маводи иттилоотӣ, 325 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 434 клуб, 57 клуби сайёр, 14 марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 6 филармонияҳои халқӣ, 44 боғҳои фарҳангию фароғатӣ, 25 театри ҳалқӣ, 49 осорхона, 16 хона-осорхона, 23 ансамбли тарона ва рақс, 14 ансамбли шашмақомсароӣ, 6 ансамбли фалаксароӣ, 6. ансамбли эстрадӣ, 9 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 6 ансамбли рақсӣ фаъолият доранд.
- Дар муассисаҳои фарҳанги мамлакат 12996 нафар кормандон, аз ҷумла, бо маълумоти олии тахассусӣ 736 нафар, бо маълумоти олии умумӣ 4262 нафар, бо маълумоти миёнаи махсус 3341 нафар ва бо маълумоти миёнаи умумӣ 4657 нафар фаъолият менамоянд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи фаъолияти муассисаҳои фарҳанг ҳанўз ҳам камбудиҳо дар самти таҷдиди инфрасохтори соҳа, таҳкими базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳанг, бахусус таъмини онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, нақлиёти хизматрасон, реквизитҳо, лавозимоти муосири равшанидиҳанда, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ва таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос ба назар мерасанд.
- Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2015 дар ҷумҳурӣ бинои 644 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб, 119 бино дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон бинои 167 муассиса таъмирталаб, бинои 41 муассисаҳои фарҳанг дар ҳолати садамавӣ, дар вилояти Суғд бинои 197 муассиса таъмирталаб, бинои 14 муассиса дар ҳолати садамавӣ, дар ВМКБ бинои 83 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб, бинои 32 муассиса дар ҳолати садамавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бинои 197 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб ва бинои 32 муассисаи фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ дар биноҳои садамавӣ имконнопазир аст.
- Бинобар саривақт ва ба таври мукаммал маблағгузорӣ нагардидан, кашол ёфтани сохтмони иншооти фарҳангӣ солҳои тўлонӣ ба яке аз проблемаҳои ҷиддии соҳа табдил ёфтааст. Аз ҷумла, сохтмони қасрҳои фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Мўъминобод, Данғара, Ҷаббор Расулов, Кўҳистони Мастчоҳ бинобар саривақт ва ба таври мукаммал маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд боз идома доранд ва нишондоди 14 қарорҳои Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмон ва азнавсозии иншооти фарҳангӣ ноиҷро мондаанд.
Вобаста ба ин, бо мақсади татбиқи нишондоди қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохтмонҳои нотамоми иншооти фарҳангӣ ба нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазқур ворид карда шудаанд.
- Ҳангоми барҳамдиҳии собоқ колхозу совхозҳо моликияти онҳо, аз ҷумла бино ва амволи муассисаҳои фарҳангӣ дар тавозуни онҳо қарордоштаро хоҷагиҳои фермерию деҳқонии навтаъсис аз худ намуда, хусусӣ гардониданд. Яке аз сабабҳои асосии чунин вазъият ин аз ҷониби шўъбаҳои фарҳанг саривақт барои истифодабарӣ сертификат накардани қитъаҳои замин ва амволи муассисаҳои фарҳанг мебошад. Аз ин рў, дар Барномаи мазкур таҳия ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда баҳри пешгирии хусусигардонии қитъаҳои замин, бино ва амволи муассиса ва иншооти фарҳангӣ, инчунин густариши раванди сертификатсиякунонии онҳо пешбинӣ гардидааст.
- Дар ҷараёни татбиқи барномаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ корҳои муайян анҷом дода шуда бошанд ҳам, имрўз вазъи фаъолияти китобдорӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ нисбат ба китоб ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ҷавобгў несг. Зеро имрўз дар мамлакат бинои 432 китобхона ё ба андозаи 31,9 фоизи онҳо таъмирталаб буда, бинои 89 китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳамзамон 307 китобхона бинои мустақил надошта, дар бинои дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳои шахсӣ фаъолият доранд.
- Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар таркиби фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ афзалият дошта, танҳо 38 фоизи фонди онҳоро адабиёт ба забони давлатӣ ташкил медиҳад. Саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр ба забони давлатӣ назаррас нест. Танҳо маблағгузории устувор аз буҷети ҷумҳурӣ вазъиятро ба таври мусбат тағйир дода метавонад.
- Тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” барои компютеркунонии китобхонаҳои ҷумҳурӣ 2 млн. 280,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, аммо дар ҷараёни татбиқи Барнома (солҳои 2011-2013) ба Вазорати фарҳанг ҳамагӣ 1 млн. 35 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тибқи нишондоди Барномаи мазкур ўҳдадориҳои худро дар самти таъмини китобхонаҳои вилоятӣ бо компютерҳо, пайвастшавии китобхонаҳо ба шабакаи интернет, харидории барномаҳои махсуси китобхонавии мутамаркази иттилотӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ, таъсиси вебсайти китобхонаҳо ва китобхонаҳои электронӣ иҷро накарданд.
- Вобаста ба ин, зарурати дар сатҳи давлатӣ мусоидат намудан ба идомаи ҷараёни компютеркунонии тамоми муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ ба миён омада, он дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур амалӣ хоҳад гашт.
- Дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавқеи хоса доранд. Дар аксарияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ барои истироҳату фароғати аҳолӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда нашуда, онҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз нестанд. Бо назардошти худмаблағгузор будани аксарияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ободонии онҳо дар самти ҷудо намудани маблағҳои мақсадноки давлатӣ ва ҷалби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ таваҷҷўҳи кофӣ зоҳир намекунанд.
- Фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ (якҷоя бо фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва хонамузейҳо) 316 326 адад нигораҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангиро ташкил медиҳад. Мутаассифона, қисми зиёди ин нигораҳо, бахусус дар деҳоти мамлакат, дар шароитҳои ба талаботи осорхонавӣ номувофиқ нигоҳдорӣ шуда, бинобар мавҷуд набудани лабораторияи махсуси таъмиру тармим хавфи нобудшавии онҳо рўз то рўз зиёд мегардад. Бо назардошти мавҷуд набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳанўз ба қайд гирифта нашудаанд. Чунин вазъият раванди таҳияи “Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо” пешбинӣ гардидаст, боз медорад. Вобаста ба ин, дар Барнома баҳри ҳифз, бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ ва таъмини рушди фаъолияти осорхонаҳо як силсила чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
- Татбиқи мукаммали функсияҳои иҷтимоии муассисаҳои фарҳанг, самаранокии фаъолияти онҳо, таъмини ҷараёни рушди устувори соҳа, ҳамзамон иҷрои бомуваффақияти чорабиниҳои Барномаи мазкур аз сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии кадрҳо вобаста аст.
- Дар радифи васеъ гардидани доираи фаъолияти муассисаҳои фарҳанг, рушди босуръати имкониятҳои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар самти тавлиду таҳлил, коркард ва пахши иттилоот, такмили пайвастаи анво ва васоити гуногуни дастёбӣ ба сарчашмаҳои иттилоотӣ масъалаи тарбия, такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо дар сатҳи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалии таҳсилоти касбӣ таваҷҷўҳи хосаро тақозо менамояд.
- Айни замон дар муассисаҳои таълимии соҳа, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ оид ба бисёр самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ба монанди тармимгари дастхату китобҳо, барномарези низомҳои автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотӣ, китобдор-мутахассиси соҳаҳои тифлотехника, медиатехника, дефектология, аз ҷумла сурдопедагогика, тифлопедагогика, продюсер, мутахассиси соҳаи реклама, рассом-декоратор, рассом-бутафор, рассом-пардозгар, режиссураи театрҳои драмавӣ, роҳбари кинофотостудияҳо, эҷодиёти амалӣ-ороишӣ, режиссураи театрҳои драмавӣ-мусиқӣ, мутахассиси ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, корманди бадеии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дар шўъбаҳои ғоибона тахассуси сарояндагони мардумиро тайёр намекунанд. Аз ин рў, баҳри мутобиқ гардонидани сохтор ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар самти ҷоринамоии тахассусҳои нав тибқи эҳтиёҷоти воқеии соҳаи фарҳанг бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.
- Дар Барнома самти тарбияи кадрҳо бо назардошти вазифаҳои афзалиятноку фаврӣ ва дурнамои рушди фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардидааст. Зеро имрўз сатҳи маълумоти кормандони муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ қаноатбахш нест.
- Маҳз савияи донишҳои назариявӣ, малакаҳои касбӣ ва ниҳоят салоҳиятнокии кадрҳо ба мундариҷа ва сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ таъсири амиқ мерасонад. Сатҳи пасти маълумотнокии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳанг боиси он гардидааст, ки чорабиниҳо хусусияти мавсимӣ дошта, якнавохт баргузор мегарданд, шумораи маҳфилҳои гуногун дар муассисаҳои клубӣ ва китобхонаҳо коҳиш ёфтааст, ташаббусҳои нави эҷодӣ кам ба назар мерасанд.
- Корманди дорои маълумоти миёнаи умумӣ, аз ўҳдаи таҳлили вазъи иҷтимоӣ-фарҳангии маҳалли хизматрасонӣ, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг, кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, ҷалби аҳолӣ ба маҳфилҳои
гуногуни шавқовар, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ, ворид намудани навгониҳо ба фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ баромада наметавонанд. Чунин вазъият ба завқи зебописандии аҳолӣ, мавқеи иҷтимоии муассисаҳои фарҳанги кишвар таъсири манфӣ расонида, раванди татбиқи самарабахши сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳуриро халалдор месозад.
- Вазъи такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои соҳаи фарҳанг низ ташвишовар аст. Дар ҷумҳурӣ ҳанўз низоми устувори такмили ихтисос ва бозомузии кадрҳои соҳаи фарҳанг ташаккул наёфтааст. Факултаи такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бинобар маҳдудиятҳои молиявӣ, кадрӣ, мавҷуд набудани барномаҳои нави таълимӣ вобаста ба тамоюлоти муосири рушди фарҳанг, тараққиёти босуръати технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ имконияти ба таври мукаммал ва дар сатҳи зарурӣ фаро гирифтани тамоми ниёзмандонро ба такмили ихтисос ва бозомўзӣ надорад. Вазъият танҳо дар заминаи таъсиси Донишкадаи ҷумҳуриявии хакмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи фарҳанг, ки дар Барнома пешниҳод гардидааст, имконпазир мегардад.
- Аз чи гуна ҳал гардидани мушкилиҳои соҳаи фарҳанг, дар ниҳояти кор, тавассути кадом инфрасохтор, дар кадом заминаи моддӣ-техникӣ, иттилоотӣ, кадрӣ ташаккул ёфтани маърифати сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва сатҳи маънавиёти қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус насли наврас вобаста аст
- Бо дарназардошти он, ки дар доираи (мўҳлати) татбиқи Барномаи мазкур ва имкониятҳои воқеии Буҷети ҷумҳуриявӣ ҳалли мукаммали мушкилоти имрўзаи муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ имконнопазир аст, дар Барнома тибқи нишондоди “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва пешниҳоди 4 барномаи минтақавӣ ва вилоятии рушди соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2025 пешбинӣ гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки иқтидорҳои иқтисодӣ ва нерўҳои зеҳнии соҳа зина ба зина, мақсаднок ва сарфакоронаву самарабахш мавриди истифода қарор гиранд. Зеро фарҳанг соҳаест, ки маъмулан ба дастгирии молиявии давлат бештар ниёз дошта, дар қиёс бо дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳанўз дар сатҳи зарурӣ ба шароити иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодӣ омода нашудааст. Аз ин рў, механизмҳои иқтисодие заруранд, ки тавассути онҳо фарҳанг ба иштирокчии фаъоли равандҳои нави иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа табдил ёфта, самараи дастгирии молиявии давлат на танҳо дар қонеъгардонии ниёзҳои маънавии аъзои ҷомеа, балки дар тавлиди ҳарчи бештари арзишҳои нави маънавӣ аён гардад.
- Дар таъмини рушди бемайлони соҳаи фарҳанг ҳиссаи сармояи соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандии эҳсонкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо баҳри ҷалби сарчашмаҳои маблағгузории гайрибуҷетӣ, аз ҷумла сармояи хориҷӣ чандон назаррас нест.
- Аз ин рў, дар шароити имрўза, роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи фарҳангро танҳо дар доираи имкониятҳои иқтисодии давлат маҳдуд накарда, балки баҳри пешрафти соҳа ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ, ҷоринамоии хизматрасониҳои музднок, рушди бозори сарватҳои фарҳангӣ, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии эҳсонкориро ба роҳ мондан зарур аст.
3. МАҚСАД ВА БАЗИФАҲОИ БАРНОМА
- Мақсади асосии Барномаи мазкур таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣиқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатпазири моддӣ-техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ, татбиқи самарабахши нерўи фарҳангӣ ва маънавии афроди ҷомеа мебошад.
- Баҳри ноил шудан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:
– андешидани силсилаи тадбирҳо баҳри такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоракунии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
– мутобиқгардонии мундариҷа ва самти фаъолияти муассисаҳои фарҳанг ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд;
– баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии тамоми субъектҳои низоми идоракунии фарҳанг нисбати таъмини рушди устувори соҳа;
– таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори соҳаи фарҳанг;
– бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳанг, аз ҷумла таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъминот бо дастгоҳҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, нақлиёти хизматӣ, мебелҳо ва адабиёти тозанашр;
– фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу ҳунар ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии-меҳнат;
– ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи фарҳанг;
– таъмини шароитҳои мусоид ҷиҳати дастёбии баробари тамоми қишрҳои аҳолӣ ба арзишҳои фарҳангӣ;
– баргузор намудани чорабиниҳо баҳри эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
– баланд бардоштани сатҳу сифат самаранокии фаъолияти муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ;
– таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
– пешгирии ҳолатҳои хусусигардонии муассисаҳо ва иншооти фарҳангӣ;
– таъмин намудани рушди устувор ва баробари фарҳангии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ;
– бунёди боғҳои нави фарҳангию фароғатӣ;
– ҷоринамоии хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои фарҳанг;
– пайвастнамоии муассисаҳои фарҳанг ба шабакаи интернет, таъсиси сомонаҳо ва суроғаҳои электронии раёсатҳо, шўъба ва бахшҳои фарҳанг;
– ҷалби маблағҳои ғайрибуҷегӣ барои рушди соҳаи фарҳанг;
– таъмини шароит баҳри ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;
– ширкати кормандони соҳаи фарҳанг дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ, курсҳои такмили ихтисос ва ҷараёни омўзиши таҷрибаи пешқадами фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
– ташкили сафарҳои ҳунарии коллективҳо, дастаҳои худфаъолиятӣ ва гурўҳҳои эҷодии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар.
4. САМТҲОИ АСОСИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
- Баҳри таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар Барнома самтҳои афзалиятноки зерин муайян карда шудаанд:
– такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоракунии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
– рушди таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии-фаъолияти иҷтимоӣфарҳангӣ;
– такмили самтҳо, мундариҷа ва баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
– тарбияи кадрҳо;
– сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти фарҳангӣ;
– бунёди заадинаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳанг.
5. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
- Сарчашмаҳои асосии маблағгузории татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома маблағҳои ҳамасола аз Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илм пешбинишаванда; сармояи соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.
- Хароҷот барои татбиқи Барнома аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ (тибқи нархҳои солҳои дахлдор) 26 млн. 84 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
6. МЎҲЛАТИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
- Чорабиниҳои Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2016-2020 татбиқ мегарДанд. Барномаи мазкур марҳилаи навбатии татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, пас аз татбиқи мукаммали мақсад ва иҷрои вазифаҳои он дар оянда барномаҳои нав таҳия хоҳанд шуд.
7. НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
- Тавассути татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зерин ба даст хоҳанд омад:
– заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоракунии фаъолияти иҷтимоӣфарҳангӣ такмил меёбад;
– рушди устувор ва баробари тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг таъмин мегардад;
– ҷараёни номатлуби хусусигардонии бино, амвол ва иншооти фарҳангӣ пешгирӣ мегардад;
– ҳисси масъулиятшиносии тамоми субъектҳои идоракунии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар таъмини рушди устувори соҳаи фарҳанг баланд мегардад;
– маблағгузорӣ баҳри рушди соҳаи фарҳанг аз ҳисоби сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ афзоиш меёбад;
– барои ташаккули батадриҷи инфрасохтори замонавии соҳаи фарҳанг шароити нисбатан мусоид фароҳам меояд;
– барои татбиқи босифат ва самарабахши функсияҳои иҷтимоии муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меояд;
– баҳри эҳё, ҳифз ва рушди суннатҳо, тарғиби дастовардҳои фарҳанги муосир ва тарғиби мероси пурғановати фарҳанги ниёгон ба ҷаҳониён имкониятҳои бештар фароҳам меояд;
– дар ҷумҳурӣ низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи фарҳанг ташаккул меёбад;
– сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии мутахассисони соҳаи фарҳанг баланд мегардад;
– шумораи зиёди бинои муассисаҳои фарҳанг таъмиру тармим ва барқарор гардада, як қисми онҳо бо иморатҳои мустақил таъмин мегарданд;
– шумораи биноҳои навбунёди муассисаҳои фарҳангӣ афзоиш меёбад.
- Нақшаи чорабиниҳои Барнома ва сарчашмаҳои маблағтузории он замима мегарданд (замимаҳои 1 ва 2).
Замимаҳои 1-2
Замимаи 1
ба Барномаи давлатии рушди
муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
Нақшаи
чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
№ | Номгӯйи чорабиниҳо | Масъулон | Таҷҳизоти зарурӣ, ашё, мавод | Арзиши як адад
таҷҳизот, ашёва мавод (ҳазор сомонӣ) |
Маблағи умумӣ хароҷот (ба ҳисоби ҳазор сомонӣ) | Мӯҳлати иҷро | Сарчашмаҳои маблағузорӣ |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
Такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ
ва низоми идоранамоии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ |
|||||||
1 | Таҳияи нақшаҳои мушаххаси чорабиниҳо оид ба татбиқи нишондодҳои Барномаи мазкур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ | Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
2016 | ||||
2 | Таҳия ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” оид ба эълон намудани “Рӯзи фарҳанг” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон | Вазорати фарҳанг | 2016 | ||||
3 | Омӯзиш ва таҳияи пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2017 ҳамчун “Соли фарҳанг” | Вазорати фарҳанг | 2016 | ||||
4 | Тибқи нишондоди “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори ҲҶТ №501 аз 30.12.2005) таҳия намудани барномаҳои зерини вилоятӣ ва минтақавии рушди соҳаи фарҳанг: – “Барномаи рушди фарҳанг дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2025”;
– “Барномаи рушди фарҳанг дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2025”; – “Барномаи рушди фарҳанг дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2025”; – “Барномаи рушди фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2025” |
Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2016 | ||||
Рушди таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ | |||||||
5 | Таъсиси Муассисаи давлатия “Акаде-мияи фарҳанг ва иттилоот” дар заминаи истифодаи амвол, воҳидҳои корй ва -нерӯи илмии Пажӯҳшпгоҳи фарҳанг ва иттилоот | Вазорати фарҳанг | 2017 | ||||
6 | Таҳияи низомномаҳои нави муассисаҳои фарҳанг (китобхонаҳо, қасрҳо, муассисаҳои кулубӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ) | Вазорати фарҳанг | 2017 2018 | ||||
7 | Таҳияи “Низомномая Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” | Вазорати фарҳанг | 2016 2017 | ||||
8 | Таҳияи “Дастурамал дар бораи бақайдгирӣ ва нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ” | Вазорати фарҳанг | 2016 | ||||
9 | Бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон | Вазорати фарҳанг | 2017 | ||||
10 | Таҳияи “Низомномаи Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикиотон” | Вазорати фарҳанг | 2017 | ||||
11 | Таҳияи “Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Точикистон” | Вазорати фарҳанг | 2018 2019 | ||||
12 | Таҳия ва чопи рисолаҳои илмӣ оид ба мушкилотҳои бунёдии соҳаи фарҳанг ва ҳунар | Вазорати фарҳанг | 30,0 30,0 30,0 30,0 | 2017 2018 2019 2020 | Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи фарҳанг | ||
13 | Ташкили бонки иттилоотии электронӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ | Вазорати фарҳанг | 10,0 10,0 10,0 10,0 | 2017 2018 2019 2020 | Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи ооҳаи фарҳанг | ||
Такмили самхҳо, муидариҷа ва баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ | |||||||
14 | Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи кито-би кӯдакону наврасони Тоҷикистон” | Вазорати фарҳанг | : 30,0
30,0 30,0 30,0 |
2017 2018 2019 2020 | Чорабинихои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
15 | Фестивали дастаҳои худфаъолияти ақаллиятҳои миллӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ | Вазорати фарҳанг | 30,0 30,0 | 2017 2019 | Чорабинихри марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
16 | Фестивали ҷумҳуриявии “Рассомони наврас” | Вазорати фарҳанг | 30,0 30,0 30,0 30,0 | 2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
17 | Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ “Дунёи саодат” | Вазорати фарҳанг | 40,0 40,0 | 2017 2019 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
18 | Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо “Оинаи таърих” | Вазорати фарҳанг | 40,0
40,0 |
2017 2019 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
19 | Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо “Чароғи ҳидоят” | Вазорати фарҳанг | 40,0 40,0 | 2018 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
20 | Баргузор намудани сабқати ҷумҳуриявии “Зинда бош китоб!” | Вазорати фарҳанг | 50,0 | 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
21 | Озмуни ҷумҳуриявии “Библио-марафон” | Вазорати фарҳанг | 30,0 30,0 30,0 30,0 | 2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
24 | Фестивалҳои мусиқӣ | Вазорати фарҳанг | 50,0 50,0 50,0 50,0 | 2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
25 | Ташкили сафари “Корвони китоб” ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ | Вазорати фарҳанг | 300,0 300,0 300,0 300,0 | 2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
26 | Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи чакан” | Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри-Кӯлоб | 50,0 50,0 | 2018 2020 | Буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ | ||
27 | Фестивали ҷумҳуриявии “Иди атлас” | Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд | 50,0 50,0 | 2017 2019 | Буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ | ||
28 | Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ “Гулзори маърифат” | Вазорати фарҳанг | 50,0 50,0 | 2018 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
29 | Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ “Даргоҳи ҳунар ва маърифат” | Вазорати фарҳанг | 30,0 30,0 | 2017 2019 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
30 | Нашри оилоилаи “Китобхонаи мактаб” оид ба санъат, фарҳанг, техника, илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ | Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм | 200,0 200,0 200,0 200,0 | 2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илм | ||
31 | Нашри китобҳои мусаввари маърифатӣ барои кӯдакони синни томактабӣ, хурд ва миёнаи мактабӣ | Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм | 50,0 50,0 50,0 50,0 | 2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илм | ||
Чорабиниҳои дар самти тарбияи кадрҳо | |||||||
32 | Ворид намудани ихтисосҳои нав ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар – сарояндагони мардумӣ (барои шӯъбаҳои ғоибона), режиссураи театрҳои драмавӣ-мусиқӣ, режиссураи театрҳои драмавӣ, роҳбари кинофотостудияҳо, эҷодиёти амалӣ-ороишӣ, тармимгари китобу дастхатҳо, барномасозӣ, низомҳои автомати-кунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотӣ, продюсер, рассом-декоратор, рассом-бутафор, рассом-пардозгар, мутахассиси ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, корманди бадеии муассисҳои таҳсилоти томактабӣ ва устоҳои созҳои мусиқӣ | Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо | 2016 | ||||
33 | Таъсиси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг аз ҳисоби воҳидҳои кории факултаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва дигар муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг | Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо | 2017 | Дар доираи буҷети муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг | |||
34 | Баргузор намудани озмунҳои вилоятӣ ва минтақавии “Китобхонаи беҳтарин дар соҳаи технологияи мусоири иттилоотӣ” | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳиотони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 15,0 15,0 15,0 | 2017 2019 2020 | Буҷети мақомоти вдроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ | ||
35. |
Ба мактаб-интернатҳо табдил додани мактабҳои амалкунандаи бачагонаи мусиқӣ, санъат, рассомӣ бо истифода аз бино, амвол, воҳидҳои корӣ ва нерӯҳои эҷодию педагогии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Истаравшан, Хоруғ ва Ванҷ (тибқи нишондоди банди 10-и “Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №513) | Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо | 2016-2018 | Дар доираи буҷет ва суратҳиооби махсуси муассисаҳои таълимӣ | |||
36 | Баргузории семинар-машварати ҷумҳуриявии кормандони соҳаи фарҳанг | Вазорати фарщанг | 30,0 30,0
30,0 30,0 |
2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
37 | Зиёд намудани шумораи квотаҳо барои довталабон аз ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ оид ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва санъат | Вазорати рушди иқтисод ва савдо Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм | 2016-2020 | ||||
38 | Бо бинои мустақил таъмин намудани мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва расомӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2016-2020 | ||||
39 | Аз тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ ба тавозуни Вазорати фарҳанг гузаронидани тамоми мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ | Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2016-2020 | ||||
40 | Таъсиси Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар заминаи бино, амвол, воҳидҳои корӣ ва нерӯи эҷодии муассисаи давлатии “Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ – Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон” | Вазорати фарҳанг | 15,0 | 2017 | Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи фарҳанг | ||
41 | Андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати зиёд намудани шумора ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон ба маҳфилҳо оид ба самтҳои гуногуни:
– ҳунарҳои бадеии халқӣ; – мероси ғайримоддии фарҳангӣ, аз ҷумла эҷодиёти шифоҳӣ; – санъати мусиқӣ; – рақс ва ғайра. |
Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Вадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
Мунтазам | ||||
42 | Ҷудо намудани як воҳиди кории “Нозирии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” дар раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои фарҳанг аз ҳисоби азнавтақсимкунии воҳидҳои кории мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2016-2017 | ||||
43 | Таъмини ширкати кормандони соҳаи фарҳанг дар намоишҳои илмии соҳавӣ, курсҳои такмили ихтисос ва ҷараёни омӯзиши таҷрибаи пешқадами фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии хориҷӣ | Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ | 150,0 150,0 150,0 | 2017
2019 2020 |
Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
44 | Ташкили сафарҳои ҳунарии коллективҳо ва гурӯҳҳои эҷодии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар | Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ | 200,0 200,0 200,0 200,0 | 2017 2018 2019 2020 | Чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати фарҳанг | ||
Сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти фарҳанги | |||||||
45 | Таъмири асосии бинои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар | Вазорати фарҳанг | 350 350 | 2017 2018 | 45 | ||
46 | Таъмири асосии бинои Қасри фарҳанги санъати ҷумҳуриявӣ Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон | Вазорати фарҳанг | 250
250 300 |
2018
2019 2020 |
46 | ||
47 | Таъмири биноҳои садамавии китобхонаҳо ва муасоисаҳои клуби ҷумҳурӣ (тибқи нишондоди банди 36-уми “Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013 баён гардидаанд” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013, №617) | Вазорати фарҳанг | 1000,0 1000,0 1000,0 1000,0 | 2017
2018 2019 2020 |
47 | ||
48 | Суръат бахшидани ҷараёни ба истифодадиҳии биноҳои нави қасрҳои фарҳанг дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷамоати Шӯроби шаҳри Исфара, ҷамоати шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Мӯъминобод, Данғара, Восеи вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯшони ВМКБ, Тоҷикобод, китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен, клуби деҳаи Шошбувади ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъа | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2016-2018 | 48 | |||
49 | Бо мақсади татбиқи нишондоди банди 10 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои барномаҳои минтақавии рушди соҳаи фарҳанг барои солҳои
2016-2025 ворид намудани сохтмони биноҳои Қасрҳои фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Румӣ, Хуросон, Вахш, Қурғонтеппа, Абдурахмони Ҷомӣ, Фархор, Шӯрообод, Панҷи вилояти Хатлон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд, дар марказ ва деҳаи Барсени ноҳияи Шуғнон, шаҳри. Хоруғ, Ишкошими ВМКБ, Ҷиргатол шаҳраки Навобод ва маркази деҳоти Ҳойити ноҳияи Рашт, хонаҳои фарҳанг дар деҳоти Сангвор ва Чилдараи ноҳияи Тавилдара, клубҳо дар деҳоти Хидорчев ва Видачи ноҳияи Роштқалъа, Сардеми ноҳияи Шуғнон, китобхонаҳои марказӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Мӯъминобод, Темурмалик, Шӯрообод, Балҷувон, Қӯрғонтеппа, Вахш, Носири Хусрав, китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб, Дарвоз, Шуғнон, деҳоти Баҷув, Нишусп, Вознавди ноҳияи Рӯшон, деҳоти Барсем ва Сардеми ноҳияи Шуғнон, маҳаллаи Хоруғи Болои ВМКБ, маркази ноҳияи Варзоб, деҳоти Деҳобод, Хоҷагулпӯш, Баҳористони Чуст, Долони деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, деҳоти Руботнол, Ёзғанд, Миёнаду ва Лочурги ноҳияи Тавилдара, биноҳои нави осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Шӯрообод, Мӯъминобод, Ҷиликул, Вахш ва Панҷи вилояти Хатлон, шаҳри Хоруғи ВМКБ, бинои нави бахши фарҳанг дар шаҳри Хоруғ, Коллеҷи санъат дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мактаби бачагонаи санъат дар ноҳияи Хуросон
|
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Суғд, Хатлон ва шаҳру
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
2016 | ||||
50. | Харидории арғунчаку чархофалакҳо ва дигар таҷҳизоти замонавӣ барои ҷиҳозонидани боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 950,0 950,0 950,0 950,0 | 2017
2018 2019 2020 |
Ҷалби сармоятузорӣ | ||
51 | Ҷудо намудани қитьаи замин ва маблағгузорӣ барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (тибқи нишондоди банди 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, №33 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010” | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Айнӣ, Истиқлол, Ғончӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Шӯрообод, Мӯъминобод, Балҷувон, Ховалинг, Хуросон, Варзоб, Нуробод, Рӯдакӣ, Тавилдара,
Тоҷикобод |
– | Буҷети маҳаллӣ | |||
52 | Сохтмони Маркази ҷавонон дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ (тибқи нишдондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи 2008, №399 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008-2015” | Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Мастчоҳ | 1 | Буҷети давлатӣ | |||
53 | Сохтмони қасри фарҳанг барои 400 ҷой дар ноҳияи Шаҳринав (тибқи нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 авгуси соли 2007, № 450 “Дар бораи Барномаи рушдн иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015” | Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав | Буҷети давлатӣ | ||||
54 | Сохтмони Китобхонаи бачагона дар маркази ноҳияи Шаҳринав (тибқи нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №450 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015” | Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав | Буҷети давлатӣ | ||||
55 | Азнавсозии қасри фарҳанги шаҳраки Гаравутии ноҳияи Ҷиликӯл (тибқи нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 № 683 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2016 | Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷиликӯл | Буҷети давлатӣ | ||||
56 | Азнавсозии хонаи фарҳанг дар деҳаи Басиди ҷамоати Басиди ноҳияи Рӯшон (тибқи нишондоди банди 50 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №82 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон” | Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон | 1 | 2016 | Буҷети давлатӣ | ||
57 | Сохтмони қасри фарҳанг дар ноҳияи Мӯъминобод (тибқи нишондоди банди 45 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи августи соли 2011 дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баён доштанд) | Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Мӯъминобод | 2016-2018 | Буҷети давлатӣ | |||
58 | Сохтмони бинои клуби деҳаи Бознавди ноҳияи Рӯшон (тибқи нишондоди банди 28 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18-19 сентябри соли 2012 дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баён доштанд) | Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон | 2016-2018 | Буҷети давлатӣ | |||
59 | Сохтмони хонаи фарҳанг дар деҳаи Спончи ноҳияи Рӯшон (тибқи нишондоди банди 49 қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №82 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон” | Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон | 2016-2018 | Буҷети давлатӣ | |||
60 | Сохтмони хонаи фарҳанг дар деҳаи Савноби ноҳияи Рӯшон (тибқи нишондоди банди 51 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №82 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон” | Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон | 2016-2018 | Буҷети давлатӣ | |||
61 | Сохтмони Маркази фарҳангӣ дар ноҳияи Ишкошим (тибқи нишондоди банди 32 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18-19 октябри соли 2012 дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баён доштанд) | Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ишкошим | 2016-2018 | Буҷети давлатӣ | |||
62 | Сохтмони осорхона дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт (тибқи нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №600 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016” | Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт | 2017 | Вуҷети давлатӣ | |||
63 | Ташкил намудани корхонаи хурди истеҳсолӣ бутафор ва реквизитҳои театрӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон | 2016-2018 | ||||
64 | Ташкил намудани мағозаҳои фурӯши маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ “Армуғон” дар шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва мавзеҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2016-2018 | ||||
65 | Ташкил намудани студияҳои сабти овоз дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2016-2020 | ||||
66 | Харидории дастгоҳҳои тақвияти овоз | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 10
10 10 10 |
60,0
60,0 60,0 60,0 |
600,0 600,0 600,0 600,0 | 2017
2018 2019 2020 |
Буҷети маҳаллӣ |
67 | Харидории созҳои мусиқии миллӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 80
80 80 80′ |
2,5
2,5 2,5 2,5 |
200,0 200,0 200,0 200,0 | 2017
2018 2019 2020 |
Буҷети маҳаллӣ |
68 | Харидории либосҳои саҳнавӣ | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 200 200 200 200 | 0,5 0,5 0,5 0,5 | 100,0 100,0 100,0 100,0 | 2017 2018 2019 2020 | Буҷети маҳаллӣ |
69 | Харидории мебелҳо, аз ҷумла курсиҳои театрӣ ва рафҳои китобмонӣ барои муассисаҳои фарҳанг | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 200,0 200,0 200,0 200,0 | 2017 2018 2019 2020 | Буҷети маҳаллӣ | ||
70 | Харидории таҷҳизот, мебелҳои кӯдакона (курсӣ, миз, роҳаткурсӣ, ҷевони китоб ва курсиҳои театрӣ барои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар | Вазорати фарҳанг | 50,0 50,0 | 2017 2018 | Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи фарҳанг | ||
71 | Бо таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда таъмин намудани қасрҳо ва хонаҳои фарҳанги маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 10
10 10 10 |
28,0
28,0 28,0 28,0 |
280,0 280,0 280,0 280,0 | 2017
2018 2019 2020 |
Буҷети маҳаллӣ |
72 | Таъсиои тифяокабинетхо барои истифодабарандагони дорои имко-ниятҳои маҳдуди ҷисмонӣ (маъюбон) дар назди тамоми китобхонаҳои вияоятӣ ва марказии шаҳру нохияхр | Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳошмияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Сугд, Хат-лон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ | 2016-2020 | Аз ҳисоби грантҳои тащкилотхри байналмилалӣ ва маблағҳои сармоягузоронӣ ватанӣ | |||
/3 | Ҳамчун замимаи осори чопӣ ба роҳ мондани нашри китобҳои электронӣ дар нашриётҳои ҷумҳурӣ | Вазорати фарҳанг | 2016-2020 | Аз ҳисоби даромадҳои дохилии муассисаҳои нашриявии тобеи Вазорати фарҳанг | |||
74 | Андешидани тадбирҳои мушахасс баҳри ободонӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Чкалов, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Зафаробод, Мастчоҳ, Қайроқкум, Норак, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷиликӯл | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон | Буҷети маҳаллӣ | ||||
75 | Таъмин намудани китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳо бо:
– компютерҳо; – принтерҳои лазерии якранга; – сканерҳо; – мизҳои компютерӣ; – курсиҳои компютерӣ |
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 216
144 72 216 216 |
3,25
0,8 0,8 0,5 0,18 |
702,0 115,2 43,2. 108,0 38,8 | 2017 | Буҷети маҳаллӣ |
76 | Таъмин намудани китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳо бо:
– компютерҳо; – принтерҳои лазерии якранга; – сканерҳо; – мизҳои компютерӣ; – курсиҳои компютерӣ. |
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 216
144 72 216 216 |
3,25
0,8 0,8 0,5 0,18 |
702,0 115,2 43,2 108,0 38,8 | 2018 | Буҷети маҳаллӣ |
77 | Таъмин намудани муассисаҳои клубии ҷумҳурӣ бо:
– компютерҳо; – принтерҳои лазерии якранга; – сканерҳо; – мизҳои компютерӣ; – курсиҳои компютерӣ. |
Мақомоти жҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Сугд, Хат-лон ва шаҳру ноҳия-.ҳои тобеи ҷумҳурӣ | 260 130 65 260 260 | 3,25 0,8 0,8 0,5 0,18 | 845,0 104,0 39,0 130,0 46,8 | 2017 | Бучети маҳаллй |
78 | Таъмин намудани муассисаҳои клубии ҷумҳурӣ бо:
– компютерҳо; – принтерҳои лазерии якранга; – сканерҳо; – мизҳои компютерӣ; – курсиҳои компютерӣ. |
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 260
130 65 260 260 |
3,25
0,8 0,8 0,5 0,18 |
845,0 104,0 39,0 130,0 46,8 | 2018 | Буҷети маҳаллӣ |
79 | Пайвастнамоии тамоми китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет ва таъсиси сомонаи онҳо дар шабакаи мазкур бо назардошти хароҷоти ҳамасолаи домен, хостинг, фаъолияти сомонаҳо ва истифода аз интернет | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 100,0 100,0 100,0 100,0 | 2017
2018 2019 2020 |
Буҷети маҳаллӣ | ||
80 | Пайвастнамоии раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет ва таъсиси сомонаи онҳо дар шабакаи мазкур бо назардошти хароҷоти ҳамасолаи домен, хостинг, фаъолияти сомонаҳо ва истифода аз интернет | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 15,0
15,0 15,0 15,0 |
2017
2018 2019 2020 |
Буҷети маҳаллӣ | ||
81 | Ба роҳ мондани феҳристнигории электронии корпоративии осори чопӣ дар китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳо | Вазорати фарҳанг Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 10,0
10,0 10,0 10,0 |
2017
2018 2019 2020 |
Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи фарҳанг | ||
82 | Бунёди китобхонаҳои электронӣ дар тамоми китобхонаҳо | Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 15,0
15,0 15,0 15,0 |
2017
2018 2019 2020 |
Буҷети маҳаллӣ | ||
83 | Мукаммалгардонии фонди осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ бо нигораҳои нав | Вазорати фарҳанг | 100,0 100,0′ 100,0 100,0 | 2017 2018 2019 2020 | Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи фарҳанг | ||
84 | Таҷҳизонидани муассисаҳои фарҳанг бо таҷҳизоти шамолдиҳӣ, низоми огоҳнамоӣ ва васоити сӯхторхомӯшкунӣ | Вазорати фарҳанг | 100,0 100,0 100,0 100,0 | 2017
2018 2019 2020 |
Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи фарҳанг |
Замимаи 2
ба Барномаи давлатии рушди
муассисаҳои фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Сарчашмаҳои маблағгузории
Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
Солҳо | Дар доираи
маблағҳои пешбинишудаи соҳаи фарҳанг |
Буҷети
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
Ҷалби
инвеститсия |
Чорабиниҳои
марказонидашудаи Вазорати фарҳанг |
Ҳамагӣ дар як сол |
2017 | 1665,0 | 3747,0 | 950,0 | 1360,0 | 7722,0 |
2018 | 1900,0 | 3732,0 | 950,0 | 1010,0 | 7592,0 |
2019 | 1500,0 | 1575,0 | 950,0 | 1360,0 | 5385,0 |
2020 | 1550,0 | 1575,0 | 950,0 | 1310,0 | 5385,0 |
Ҳамагӣ: | 6615,0 | 10629,0 | 3800,0 | 5040,0 |
26084,0 |