Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ

БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ

 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “30” декабри соли 2015, № 795 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020 

nbo

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
  1. Тавре маълум аст, дастрасӣ ба энергия асоси рушди иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани эътимодияти дастрасии доимӣ ба энергияи барқ ва гармиро бошиддат ҳал намуда истодааст.
  2. Ҳамзамон, қисмати зиёди минтақаҳои дурдасти кишвар, ки одатан маҳалҳои аҳолинишини хурд ва аз ҳамдигар дур ҷойгиршуда доранд, имконияти дастрасӣ ба энергияи барқро надоранд. Дар Барномаи аз худ намудани манбаҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) аз лиҳози иқтисодӣ фоиданок ва нисбатан самараноки таъмин намудани усули истеъмолкунандагони ин минтақаҳои ҷумҳурӣ бо нерўи барқ то соли 2020 пешбинӣ шудааст.
  3. Яке аз вазифаҳои асосии Барнома, ин ҷалби сармоя ва фароҳам овардани шароити нисбатан мусоид барои сармоягузорон ҷиҳати васеъ истифода намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд, обҳои маҷроӣ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, ба ҳисоб меравад.
  4. Ҳамзамон бо зиёд гардидани шумораи нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ ва ба фаъолият шурўъ намудани нерўгоҳҳо бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, масъалаи оқилона ва аз лиҳози иқтисодӣ самарабахш идора намудан ва хизматрасонии ин иншоотҳо хеле муҳим арзёбӣ гардида истодааст.
  5. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои намудҳои зиёди захираҳои гуногуни манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, аз ҷумла:

– энергияи офтобӣ – давомнокии солонаи дурахши офтоб дар ҳудуди ҷумҳурӣ тақрибан 2000 – 3000 соатро дар як сол дар тамоми минтақаҳои кишвар ташкил мекунад. Бо мақсади ваоеъ истифода бурдани энергияи офтоб ва таъмини оилаҳои камбизоат, иншооти тандурустӣ, маориф ва манзилҳои собиқадорони ҷангу меҳнат бо энергияи барқ, бо дасттирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2009-2014 ба 13 ноҳияи дурдаст 2 433 адад дастгоҳҳои офтоби, бо иқтидори 88,7 кВт дастрас карда шуд.

Дар якҷоягӣ бо Бонки Рушди Осиё, Ширкати энергетикии “Вепа”-и Олмон, Ширкати “Глобал Гигаватт”-и Нидерландия ва Ширкати “ZТЕ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкориҳо бобати васеъ истифода намудани лавҳаҳои офтобӣ ба роҳ монда шудааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Рушди Осиё бо мақсади омўзиши имкониятҳои насби лавҳаҳои офтобӣ дар тамоми минтақаҳои дурдасти кишвар таҳқиқот гузаронид. Бо дарназардошти натиҷаҳои таҳқиқот барои 138 деҳаҳо ҷиҳати насби таҷҳизоти барқии офтобӣ асосноккунии техникию иқтисодӣ омода гардид;

– энергияи шамолӣ – яке аз маъмултарин манбаи барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия ба шумор меравад. Самаранок истифода бурдани дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергия аз ҳисоби шамол танҳо вобаста ба ҳолати суръати муайяни шамол, яъне на камтар аз 5 м/с. имконпазир аст. Бинобар ин, истифода бурдани энергияи шамол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми таҳқиқоти ҷиддӣ бо омода намудани асосноккунии техникӣ иқтисодии он мувофиқи мақсад мебошад. Дар ин самт, ба таври таҷрибавӣ дар деҳаҳои Учқул, Мискинобод ва Бунгакиёни ноҳияҳои Шўрообод ва Файзобод бо ҷалби сармояҳои ташкилотҳои байналмиалӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва шахсони воқеӣ 9 дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергия аз ҳисоби шамол бо иқтидори 5,1 кВт. насб гардидааст,

  1. Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ барои. солҳои 2016-2020 ба марҳилаи навбатии зиёд намудани дастрасӣ ба энергияи барқ дар ноҳияҳои дурдасту баландкўҳ равона гардида, вусъат бахшидан ба рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ, васеъ намудани саҳми нн ноҳияҳо дар истиқлолияти озуқавории кишвар, ташкил намудани сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити муосири истироҳат дар ноҳияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар бар мегирад.
  2. Барномаи мазкур дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, татбиқи амалии он имконият медиҳад, ки манбаъҳои барқароршавандаи энергияи аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар самаранок истифода карда шаванд.
  3. Истифодаи иқтидори дарёҳои хурду миёнаи ҷумҳурӣ барои сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ бештар аз 30 ҳаз. МВт-ро бо истеҳсоли тақрибаи 100 млрд. кВт.с. энергияи барқи солона ташкил менамояд.
  4. Тадриҷан аз худ намудани ин захираҳо имкон фароҳам меорад, ки на танҳо мушкилоти иҷтимоии экологии аҳолии афзоишёбанда қонеъ карда шавад, балки саҳми ин ноҳия: озуқаворӣ ва иқтисодии кишвар зиёд гардонида шавад.

2. БАҲОДИҲИИ ЗАХИРАҲОИ МАВҶУДА ВА ИҚТИДОРИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

  1. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз рўи шумораи пиряхҳои азим ва дарёҳои куҳӣ, ки аксарияти ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад, яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ин дарёҳо дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошанд. Барои баҳогузории захираҳо ва иқтидори манбаъҳои баркароршавандаи энергия маълумоти гидрологии дарёҳо истифода шуд, доир ба энергияи офтоб, шамол ва геотермалӣ маълумоти мавҷудбудаи метеорологӣ ва нуқтаҳои санҷишӣ гирд оварда шудааст. Аз рўи баҳодиҳии пешакӣ захираҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст.

3. ЗАРУРАТИ ТАҲИЯИ БАРНОМА

  1. Айни занон, муносибатҳо дар соҳаи азхудкунӣ ва истифодабарии манбаъхои барқароршавандаи энергия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия” ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро миёни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ав ҳуқуқӣ дар самти истифодабарии самараноку оқилонаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба танзим медарорад. Қонун асосҳои ҳуқуқию исқтисодиро, ки баҳри боло рафтани сатҳи сарфаҷўии энергия, кам гаштани таъсири номатлуби он ба муҳити зист ва иқлим, сарфа намудан ва нигоҳ доштани манбаъҳои бақароршавандаи энергия барои наслҳои оянда равона карда шудаанд, муайян менамояд.

Барои аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия як қатор ҳуҷҷатҳо омода карда шудаанд, аз ҷумла:

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”;

– санадҳои зерқонунӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”;

– қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоидаҳои таҳия намудани Кадастри давлатии манбаъҳои барқароршавандаи энергия”;

– маҷмўи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва стандартҳои миллии амалкунанда оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия”.

  1. Дар татбиқи амалии Қонун Ҷумҳурии Тоҷикиотон “Дар бораи истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия” ва дигар ҳуҷҷатҳои қабулшуда таҷрибаи кофӣ ба даст оварда шуда, заминаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия васеъ гардидааст.
  2. Татбиқи амалии ҳуҷҷатхри қабулшуда, зарурати такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия беҳтар ба роҳ мондани ташкили истифодабарӣ ва хизматрасонии манбаъҳои барқароршавандаи энергияи мавҷударо иишон дод.
  3. Зарурати таҳияи Барнома бо мақсади пешгирӣ намудани норасогиҳои мавҷуда дар раванди сохтмон ва истифодабарии нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки ба зиёд шудани ҳаҷми сармоягузориҳо монеа мешаванд ва ба самаранокии иқтисодии баъзе нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ сохташуда таъсири манфӣ мерасонанд, пеш омадааст.
  4. Ҳамзамон, мўҳлати амали ҳуҷҷатҳои асосӣ барои рушди энергетика дар кишвар ба охир расонида истодааст, аз қабили:

– Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сўзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015;

– Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, ки ҳуҷҷатҳои асосии стартегияи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатро, ки ба ноил гардидан ба рушди боэътимоди иқтисодӣ, осон намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ ва паст намудани камбизоатӣ равона карда шудааст, муайян менамояд. Ҳалли масъалаи зикргардида, равишу усулҳои навро дар вазъи воқеии иқтисодӣ ҳангоми азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия талаб менамояд.

4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

  1. Мақсади барномаи ин беҳтар намудани сатҳи таъминоти барқи аҳолии минтақаҳои дурдаст ва балндкўҳ, баланд бардоштани самаранокии иқтнсодшо энергетикии неругоҳҳои хурди барқи обии сохташаванда ва фароҳам овардани шароит ҷиҳатн ба таври фаврӣ хизмат расонидан ба нерўгоҳҳои хурди барқи обии амалкунанда, таъмир ва истеҳсоли имконпазири қисмҳои эҳтиётии онҳо барои нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ дар Тоҷикистон иборат мебошад.
  2. Ҳамчуиин Барнома ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди ин минтақаҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо нерўи барқ ва таъмири дастгоҳҳо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии иқтисодин истифодабарии таҷҳизотҳои барқии мавҷуда ва ҷалбн сармоя барои ин иншоотҳо, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкўҳ аз буридани ҷангалу буттаҳо барои сўзишворӣ, рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, саҳм дар амнияти озуқавории кишвар тавассути коркарди маҳсулот дар маҳалҳо ва нигоҳдории самараноки онҳо, аз худ намудани боигариҳои табиӣ, сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркардн канданиҳои фоиданоки маҳаллӣ, таъсисн ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ин ноҳияҳо равона карда щудааст.
  3. Дар Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳои маҷмўӣ вобаста ба ҳалли вазифаҳои базиммагирифта ва рушди энергетикаи хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин пешбинӣ гардидааст:

– сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки лоиҳаи корӣ, асосноккуиии техникию иқтисодӣ ва сармоягузор доранду сохтмон ва баистифодадиҳии онҳо дар давраи солҳои 2016-2020 ба нақша гирифта шудааст;

– сохтмони иерўгоҳх,ои хурди барқи обӣ, ки асосноккунии техникию иқтисодӣ доранд ва дар давраи солҳои 2016-2020 ба сармоягузорон пешниҳод карда мешаванд;

– сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ дар иншооти ирригатсионӣ ва обҳои маҷроӣ, ки дорои асосноккунии техникию иқтисодӣ буда, барои пешниҳод ба сармоягузорон дар давран солҳои 2016-2020 пешбинӣ шудаанд;

– омода намудани асосноккунии техникию икгисодӣ ва лоиҳаҳои корӣ бо ҷалби сармоягузорӣ дар давраи солҳои 2016-2020 барои сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ;

– бо ҷалби сармоягузорӣ дар давраи солҳои 2016-2020 насб намудани дастгоҳҳои баркди офтобӣ дар минтақаҳое, ки асосноккунии техникию иқтисодиашон омода шудааст;

– бо ҷалби сармоягузорӣ дар давраи солҳои 2016-2020 омода намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ барои дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергияи барқ бо истифода аз шамол.

5. МУҲИМИЯТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

  1. Зарурати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок истифода бурдани минтақаҳои баландкўҳ ва дурдасти кишварро метавон танҳо бо таъмини дастрасии аҳолии он, корхонаҳои соҳаи кншварзӣ ва корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ ба энергияи барқ ба даст овард. Марҳила ба марҳила ноил гардидан ба ин ҳадаф ва ҳалли вазифаҳои Барномаи мазкур имкон медиҳанд, ки ноҳияҳои дурдасте, ки дар онҳо хатҳои интиқоли барқи марказӣ вуҷуд надорад, алоҳида аз системаи умумиҷумҳуриявии энергетикӣ бо нерўи барқ таъмин гарданд. Омилҳое, ки муҳимияти Барномаи мазкурро баланд мебардоранд, ба бартарафсозии монеаҳо ҳангоми азхудкунии энергетикаи хурд, ки ба онҳо дар раванди корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва баҳрабардориашон диққат дода шудааст, равона карда мешавад, аз он ҷумла:

– набудани шабакаҳои васеъ оид ба таъмири фаврӣ ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқие, ки аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, барқ истеҳсол менамоянд;

– набудани сохтор оид ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии ҳайати кормандони хизматрасонии таъмир ва истифодабарии иншоотҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– набудани ташкилотҳои молиявии манфиатдор оид ба ҷудо намудани қарзҳо барои сохтмони иншоотҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

– ҳангоми лоиҳакашӣ дарназардошт ва риояи қатъии меъёрҳову қоидаҳои сохтмонӣ ва дигар меъёрҳои ҳуҷҷатгузорӣ. Истифода намудани маълумотҳои расмии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ;

– ҳатман гузаронидани ташхис ва мувофиқа намудани лоиҳаҳо бо ташкилотҳои дахлдор.

6. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Маъмулан, нерўгоҳҳои хурди барқии обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷрои бевоситаи об ва ё як қисми ҷараённ об барои истеҳсоли нерўи барқ сохта мешаванд. Таҷҳизотҳои барқӣ ва корҳои сохтмонии нерўгоҳҳои хурдн барқи обӣ арзиши калон надошта, маблаггузориҳои калони дарозмуддатро талаб наменамоянд, Раванди сохтмони иншоотро метавон дар муддати як ё ду сол ба анҷом расонид. Ҳангоми дуруст амалӣ намудани лоиҳа ва баҳрабардории ин нншоотҳо имконияти дар муддати 3-5 сол хароҷоти онро рўипўш намудан фароҳам меояд.

Ин омилҳо диққати сармоягузоронро ҷиҳати амалӣ намудани лоиқаҳои мазкур ва маблағгузориҳо ҷалб месозад, Маблағгузории лоиҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон метавонад чунин бошанд:

– буҷетӣ – маблағгузории иншооти энергетикаи хурд аз ҳисоби буҷет, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷонибӣи вазорату идораҳо, ширкатҳои давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд;

– хусусӣ – дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони иншоотҳои хурди энергетик,, шахсони воқеӣ метавонанд иштирок ва маблағгузорӣ намоянд. Айни замон, аз 281 нерўгоҳҳои хурди барқии обии мавҷуда 196-тоаш аз ҳисоби маблағҳои шахсони воқеӣ сохта шудаанаш аз ҳисоби шудаанд;

– аз ҳисоби маблағҳои худии ШСХК “Барқи Тоҷик” – айни замон баъзе лоиҳаҳои энергетикаи хурд амалӣ шуда, истода, ҳайати кории назораткунандаи фаъолияти иншоотҳо ба ширкат вобастаро доро мебошад. Дар тавозуни ШСХК “Барқи Тоҷик” 16 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ қарор дорад, ки вобаста ба онҳо маълумоти фаврии шабонарузи гирд оварда мешавад; :

– аз ҳисоби маблағҳои ҶСК “Ширкати помир Энерҷӣ” – Ширкат ба иншооти энергетикаи хурде, ки дар ҳудуди ВМКБ ба Ширкат таалуқ дорад,; роҳбарӣ мекунад. Бо тамоми иншооти новобаста аз шакли моликияташон ҳамкорӣ намуда, да ҳолати ба миён омадани мушкилот кўмак менамояд;

– маблағгузориҳон бонкӣ (тиҷоратӣ) – Барои сохтмони иншооти хурди энергетикӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон аз қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳо бо пешниҳоли нақшаи – тиҷоратӣ аз ҷониби сармоягузорон истифода бурд.

  1. Дар Барнома маблағгузории як қатор иншооти хурди энергетикӣ пешбинӣ гардидааст:

– дар заминаи 1 номгўи “Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаҳои корӣ тва сармоягузор дошта, сохтмонашон дар давраи солҳои 2016-2020 пешбинӣ шудааст” оварда шудааст. Ба он 11 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки дорои лоиҳаи корӣ буда, иқтидори муқарраршудаашон 2855 кВт-ро ташкил медиҳад, ворид карда шудааст;

– дар заминаи 2 “Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ дошта, бо муайян шудани сармоягузор корҳо солҳои 2016-2020 амалӣ мегарданд”, оварда шудааст. Ба он 14 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ бо иқтидори муқарраршудаи 60277 кВт ворид карда шудааст;

– дар замимаи 3 номгўи “Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншоотҳои ирригатсионӣ ва самти ҷараёни об сохташаванда, ки дорои ососноккунии техникию иқтисодии қаблӣ мебошанд ва дар онҳо сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати амалӣ намудани сохтмонашон дар давраи солҳои 2016-2020 ба сармоягузорон пешниҳод мегарданд” оварда шудааст. Ба он 17 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ бо иқтидори 1840 кВт пешбинӣ гардида, ворид карда шудааст;

– дар замимаи 4 номгўи “Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорон асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи кориашонро дар давраи солҳои 2016-2020 омода намудан зарур мебошад” оварда шудааст. Ба он ҳамагӣ 22 иншоот иқтидори муқарраршудаи 30750 кВт ворид карда шудааст;

– дар замимаи 5 рўйхати “Иншооти афзалиятноки дорои ососноккунии техникию иқтисодӣ барои насб намудани дастгоҳҳои гелии инфиродии фотооэлектрикӣ ва офтобӣ ҷиҳати пешниҳод ба сармоягузорон” оварда шудааст. Ба он, маҷмўъ 138 иншоот, ки иқтидори муқарраршудаашон 4306,6 кВт-ро ташкил менамояд, ворид карда шудааст;

– дар заминаи 6 “Ҷадвали суръати миёнаи солонаи шамол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб намудан ва омода намудани асоноккунии техникию иқтисодии дастгоҳҳои шамолӣ бо ҷалбӣ сармоягузорон” (метр/сония)” ворид карда шудааст.

7. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ҲИФЗИ ТАБИАТ

  1. Ҳангоми омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энегия, ба таври ҳатмӣ бояд алоҳида қисмати махсус доир ба ҳифзи муҳити зист (қисмати экологӣ) таҳия ва ба лоиҳа ворид карда шавад. Сатҳ ва пуррагии он ва дигар шартҳо бояд ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ арои гирифтани хулосаи ташхиси давлатӣ барои сохтмони иншоот бо истифода аз манбаъхои барқароршавандаи энергия, мутобиқат намоянд. Бо сабаби он, ки рушди энергетикаи хурд дар ноҳияҳоит баландкўҳу дурдаст пешбинӣ шуда, баъзе аз иншоотҳо дар минтақаи мамнўъгоҳҳо ва қисми дигар дар минтақаҳои кўҳӣ ва наздикўҳи, ки ҳамчун минтақаҳои дори олами бойи ҳайвоноту наботот тафсиф мешаванд, сохта мешаванд, дар ин ҳолат баҳодии таъсир ба муҳити атроф ва натиҷаҳои имконпазири онҳо аз рўи самтҳои зерин, ба роҳ монда шавад:

– чорабиниҳо вобаста ба муҳофизати замин (хок) олами наботот ва ҳайвонот;

– чорабиниҳо вобаста ба ҳифзи обу манбаъҳои моҳипарварӣ;

– чорабиниҳо вобаста ба хуб нигоҳ доштани вазъи экологӣ, дар минтақаҳои сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ.

  1. Хусусияти алоҳидаи ҳар як нерўгоҳ ва имкони сохтани онро дар минтақаи мамнўъгоҳҳо ба инобат гирифта, аз ҷониби ташкилотҳои экологӣ вобаста ба татбиқи ин лоиҳаҳо ташхиси экологӣ гузаронида мешавад.

Ниг. ба Замимаҳои 1,2,3,4,5,6

Замимаи 1

ба Барномаи аз худ намудани

манбаъҳои барқароршавандаи энергия

ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ

барои солҳои 2016-2020

Иншоотҳои хурди гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки

лоиҳаҳои корӣ ва сармоягузор дошта, сохтмонашон дар

солҳои   2016-2020 пешбинӣ шудааст

Номгӯуи нерӯгоҳҳои хурдии барқии обӣ Иқтидори муқарраргардида, кВт Мавзеи ҷойгиршавӣ (шаҳр, ноҳия) Сарчашмаи маблағгузорӣ
1 «Пинён» 100 Айнӣ Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид
2 «Падрӯд» 700 Панҷакент Содиқов А.

 

3 «Пушти боғ» 180 Балҷувон ШСХК «Барқи тоҷик»

 

4 «Сафедоб» 100 Шурообод Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид
5 «Пахтакор» 100 Ҷиликӯл Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид
6 «Ҳиҷборак» 100 Рашт Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид
7 «Сорво-1» 370 Ваҳдат Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид
8 «Оқ-су-1» (Азнавсозӣ) 800 Мурғоб Ҳукумати Олмон, Бонки рушди Олмон «KFW»
9 «Мотравн» 300 Ванҷ Агентии «KOICA», Кореяи ҷанубӣ
10 «Бустонқалъа» 75 Бохтар Маҳмадалиев Ш.
11 «Сорво-2» 30 Ваҳдат Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид
  Ҳамагӣ 2855    

Замимаи 2

ба Барномаи аз худ намудани

манбаъҳои барқароршавандаи энергия

ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ

                                                                                                   барои солҳои 2016-2020

Иншоотҳои хурди гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки

лоиҳаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ дошта,  бо муайян шудани сармоягузор, корҳо

солҳои 2016-2020 амалӣ мегардад

Номгӯи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ Иқтидори муқарраргардида, кВт Мавзеи ҷойгиршавӣ (ноҳия, шаҳр)
1 «Искандардарё» 6000 Айнӣ
2 «Қарагушхона» 1700 Рашт
3 «Штиён» 170 Тавилдара
4 «Лакон» 1000 Исфара
5 «Домбрачӣ» 15500 Ҷиргатол
6 «Назармерган»» 4700 Ҷиргатол
7 «Ёрмазор» 2300 Ҷиргатол
8 «Оби Ашт» 82 Ашт
9 «Гурумбак» 250 Тавилдара
10 «Зерабад» 75 Айнӣ
11 «Ҷафр» 500 Рашт
12 «Себзор» 10000 Роштқалъа
13 «Ҳафткул-1» 10000 Панҷакент
14 «Ҳафткул-2» 8000 Панҷакент
  Ҳамагӣ 60277  

Замимаи 3

ба Барномаи аз худ намудани

манбаъҳои барқароршавандаи энергия

ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ

                                                                                                   барои солҳои 2016-2020

Иншоотҳои гидроэнергетикаи хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншоотҳои ирригатсионӣ ва самти ҷараёни об сохташаванда, ки дорои асосноккунии техникии иқтисодии қаблӣ мебошанд ва дар онҳо сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати амалӣ намудани сохтмонашон дар давраи солҳои 2016-2020 ба сармоягузорон пешниҳод мегарданд

Номгӯи дарёҳо Иқтидори муқарраргардида, кВт Мавзеи ҷойгиршавӣ (ноҳия, шаҳр)
1 Канали Чилгази (Ситорача, тезрав) 200 Исфара
2 Обпартои Лакон 300 Исфара
3 Дарёи Исфара, хоҷагии оби Равот 5 Конибодом
4 Канали Токсанкорез дар ҳавзи асосӣ, обпарто 20 Панҷакент
5 Канали Марғедар, ПК1+15, обпарто 300 Панҷакент
6 Канали Токсанкорез дар ПК97, афтиши оби тезрав 300 Панҷакент
7 Канали Хоҷабоқирғон, ПК24, тезрав 200 Бобоҷон Ғафуров
8 Канали Хоҷабоқирғон, ПК0+00 100 Бобоҷон Ғафуров
9 Канали ГМ-1 20 Ҷиликӯл
10 Канали Шурообод дар ПК47+70. Ситорача, обпарто 100 Абдураҳмони Ҷомӣ
11 Канали обпартои Кулобдарё, ПК24 50 Мир САйид Алии Ҳамадонӣ
12 Канали Деҳқонобод, бинои асосӣ, ПК114. Тезрав 20 Мир САйид Алии Ҳамадонӣ
13 Канали Карамкӯл 50 Ҳисор
14 Канали Куктоши поён, тезрав 50 Рӯдакӣ
15 Канали мошин п.с №3 Заркамар 15 Турсунзода
16 Канали Даштишӯр, ПК62+35, тезрав Эскигузар 10 Ваҳдат
17 Канали Даштишӯр-Султонобод 100 Ваҳдат
  Ҳамагӣ 1840  

Замимаи 4

ба Барномаи аз худ намудани

манбаъҳои барқароршавандаи энергия

ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ

                                                                                                   барои солҳои 2016-2020

Иншооти гидроэнергетикаи хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорон

асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои кориашонро дар давраи

солҳои 2016-2020 омода намудан зарур мебошад

Номгӯи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ Иқтидори муқарраргардида, кВт Мавзеи ҷойгиршавӣ (шаҳр, ноҳия)
A.                   «Нурбахш» 5000 Данғара
B.                    «Пештова-2» 320 Балҷувон
C.                    «Токак» 150 Ховалинг
D.                   «Лоҳутӣ» 100 Ховалинг
E.                    «Рарз» 200 Айнӣ
F.                     «Дарғ» 250 Айнӣ
G.                   «Потибед» 250 Айнӣ
H.                   «Самҷон» 500 Кӯҳистони Мастчоҳ
I.                      «Фатмовут» 1200 Айнӣ
J.                      «Хоҷагии Амон» 2000 Бобоҷон Ғафуров
K.                   «Ворух» 500 Исфара
L.                    «Язғулом 1900 Ванҷ
M.                  «Ширговад» 500 Ванҷ
N.                   «Чорсем» 10000 Шуғнон
O.                   «Муҷиҳарф» 300 Нуробод
P.                    «Назар-Айлоқ» 2400 Рашт
Q.                   «Вистан» 1300 Ваҳдат
R.                    «Туро» 3000 Кӯҳистони Мастчоҳ
S.                    «Худгифи Офтоб» 500 Кӯҳистони Мастчоҳ
T.                    «Ғузн» 300 Кӯҳистони Мастчоҳ
U.                   «Ҳушёрӣ» 250 Варзоб
V.                   «Меҳргон» 30 Ҳисор
  Ҳамагӣ 30750  

Замимаи 5

ба Барномаи аз худ намудани

манбаъҳои барқароршавандаи энергия

ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ

                                                                                                   барои солҳои 2016-2020

Иншооти афзалиятноки дорои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ

барои насб намудани дастгоҳҳои гелии инфиродии фотоэлектрикӣ

ва офтобӣ ҷиҳати пешниҳод ба сармоягузорон

Мавзеи ҷойгиршавӣ (шаҳр, ноҳия) Иқтидори муқарраргардида, кВт

 

Шумораи деҳаҳо
Вилояти Хатлон
1 Данғара 232,8 6
2 Фархор 16 1
3 Балҷувон 401,6 26
4 Ховалинг 51,2 4
5 Хуросон 64,8 3
6 Шурообод 393,4 19
7 Темурмалик 68,2 8
8 Муъминобод 87,8 10
  Ҳамагӣ 1315,8 77
ВМКБ
1 Ванҷ 120,8 3
2 Мурғоб 1192,8 10
3 Дарвоз 15,2 1
4 Рушон 485,8 8
5 Шуғнон 34,4 1
  Ҳамагӣ 1849 23
Вилояти Суғд
1 Исфара 72 2
2 Шаҳристон 0,8 2
3 Кӯҳистони Мастчоҳ 837,6 16
  Ҳамагӣ 910,4 20
Ноҳияҳои тобеи марказ
1 Варзоб 63,2 2
2 Тавилдара 167,8 15
3 Тоҷикобод 0,4 1
    231,4 18
  Ҳамагӣ 4306,6 138

Замимаи 6

ба Барномаи аз худ намудани

манбаъҳои барқароршавандаи энергия

ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ

                                                                                                   барои солҳои 2016-2020

Ҷадвали суръати миёнаи солонаи шамол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои интихоб ва омода намудани асосноккунии техникию иқтисодии дастгоҳҳои

шамолӣ бо ҷалби сармоягузорон, (метр/сония)

Мавзеъ Моҳҳо Сол
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12
Хуҷанд 5,3 5,5 5,6 4,8 4,2 4,0 4,4 4,4 4,0 3,8 4,6 4,8 4,6
Панҷакент 1,6 1,8 2,1 2,4 2,2 2,2 2,1 2,1 2,2 1,8 1,5 1,4 2,0
Ёвон 2,7 3,4 3,1 2,6 2,6 2,6 2,0 1,7 1,8 1,8 1,7 2,1 2,3
Ғарм 3,6 3,5 3,1 2,3 1,9 2,0 1,9 2,1 2,2 1,8 2,8 3,2 2,5
Мурғоб 1,2 2,1 2,7 3,2 3,0 3,0 2,6 2,3 2,2 2,2 2,0 1,5 2,3
Ишкошим 0,9 1,6 2,2 2,4 2,6 2,6 2,7 2,7 2,4 1,9 1,4 1,0 2,0
Анзоб 5,0 5,5 5,5 4,7 4,1 4,1 3,9 4,0 4,2 4,5 4,7 4,8 4,6
Хоруғ 1,6 1,8 2,6 2,7 2,3 2,6 2,8 2,8 2,4 2,0 1,9 1,8 2,3
Шаймак 2,1 2,6 2,5 2,6 2,6 2,1 2,0 1,9 2,1 2,3 2,6 2,3 2,3
Пиряхи Федченко 7,1 7,4 7,2 6,6 5,7 4,8 4,0 4,0 4,8 5,9 7,4 7,1

6,0

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …