Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ СОҲАИ ЗАНБЎРПАРВАРӢ

БАРНОМАИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ СОҲАИ ЗАНБЎРПАРВАРӢ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР ДАР БОРАИ БАРНОМАИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ СОҲАИ ЗАНБЎРПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2006-2010

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади рушди соҳаи занбўрпарвари, афзун гардонидани истеҳсоли асал ва дигар маҳсулоти занбўри асал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Тасдиқ карда шаванд:

Барномаи барқарорсози ва рушди минбаъдаи соҳаи занбўрпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 (замимаи 1);

– нишондиҳандаи дурнамои зиёд кардани миқдори оилаҳои занбўри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳо дар солҳои 2006-2010 (замимаи 2);

pchelovodstvo-prostatit

– ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳо дар солҳои 2006-2010 (замимаи 3).

  1. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлати дар давраи солҳои 2006-2010 ба Корхонаи воҳиди занбўрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани заминаи моддию техники, харидани таҷҳизоти технологи, асбобу анҷом, занбўри зоти, таъмини пурраи эҳтиёҷоти занбўрпарварони хоҷагиҳои деҳқони (фермери) ва занбўрпарварони ҳаваскор бо маводи зарури ҳар сол 150 ҳазор сомони пешбини намоянд.
  2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи “Тоҷикматлубот”, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 20 январ аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Э. Раҳмонов

 

аз 1 сентябри соли 2005 № 338

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …