Главная / Варзиш / БАРДАМӢ, МАВЗУНӢ, МУВОЗИНАТ.

БАРДАМӢ, МАВЗУНӢ, МУВОЗИНАТ.

Гимнастика ҳамчун як намуди варзиш гимнастикаи варзишӣ, бадеӣ, мавзун ва акробатикаро дар бар мегирад. Бо калимаи «гимнас- тика» инчунин комплекси машқи пагоҳирӯзӣ, варзиши табобатиро низ ном мебаранд.

Машғул шудан ба гимнастика ҳамаи мушакҳоро инкишоф меди- ҳад, қаду қоматро мавзун намуда, роҳгардиро осон ва ҳаракатҳоро зебо мегардонад. Машқҳо дар зери оҳанг ҳисси мавзунӣ ва зебопарас- тиро инкишоф медиҳанд.

Машқҳоро одамон аз ҳолати аввала оғоз менамоянд. Ба шаклҳои асосии онҳо шинос шавед.

poy

Барои пойҳо (расми 27)

1.    Исти асоси – пойҳо якҷоя.

2.     Истодан бо пойхои кушода (дар кушодани пошна, пойҳо а: китфҳо кушодтар).

3.      Истодан бо пойҳои кушода, рост (ё чап) дар пеш.

4.      Истодан бо пойҳои печида (рост дар назди чап ё баръакс)

5.      Истодан дар ҳолати як пошна давоми дуюм

Барои дастҳо(расми28)

1.     Исти асосӣ: Дастхо ба поён

2.      Дастҳо дар миён.

3.      Дастҳо дар китфҳо

4.      Дастҳо дар назди қафаси сина

5.      Дастҳо паси cap.

6.      Дастҳо ба пеш.

7.      Дастхо ба боло.

Д астҳо ба ду тараф

da

Расми 28

Машқхои умумӣ

Машқҳои тайиноти инкишофи умумидошта барои гузаронидаш гимнастикаи пагоҳирӯзӣ ва дақиқаҳои ҷисмонӣ ивазнашавандаанд.

Онҳоро бе ашё ва бо ашё (тӯбҳо, ҳалқаҳо, чӯбҳо, тасмахо, байрак чаҳо) иҷро кардан мумкин аст.

Ҳангоми тартиб додани машқҳо таъсири дурусти онҳоро ба тамоми мушакҳо, даст, китфҳо, пойҳо, қомат, миён дар назар дош- тан мумкин аст:

Ба гурӯҳи машқҳои умумӣ ҳам машқҳои барои нафаскашӣ ва қаду қомати дуруст тавсияшуда дохил мешаванд.

Ба ҳар як машқи мустақилона машқҳои нав дохил бикун. Ба ту шавқовар мешавад ва ба солимии бадани ту фоидаи зиёд меорад.

Машқҳои умуми.
Машқҳои умуми.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …