БАНГИ ДЕВОНА (Datura stramonium), аҷинахорак, тотура, шонаи аҷина, ҷавзи масил, гиёҳест яксола. То 1,5 м қад мекашад. Пояи рости сершох, барги дарозрӯяи паррадор, гули қифшакли сафед, ғӯзаи байзашакли сершох, тухми гурдашакли сиёҳ дорад. Аз апр. то охири тирамоҳ гулу мева мекунад. Б. д. гиёҳи басо заҳрнок ва бадбӯй буда, ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои партов, қад – қади ҷӯйбор, соҳили дарё, канори роҳҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар ҳама ҷо (ғайр аз Помири Шарқӣ) паҳн шудааст. Барги Б. д. ашёи хоми доруворӣ аст. Онро дар давраи гулшукуфти растанӣ меғундоранд.
Дар хусуси таъсири Б. д. ба организм дар дастнависҳои Миср ишора шудааст. Олими Юнони Қадим Теофраст Б. д.-ро чун заҳри ба вуҷуд орандаи ҷунун тавсиф намудааст. Абӯалии Сино қайд карда, ки Б. д. касро масту мадҳуш мекунад ва барои мағзи сару дил зиёновар аст. Ба ақидаи Абӯрайҳони Берунӣ як донак (0,531 г) тухми Б. д. касро маст мекунад ва як мисқоли он (4,250 г) одамро мекушад.
Дар тибби халқӣ тухми Б. д.-ро барои тайёр кардани доруҳои мураккаб истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби тухми Б. д. ҳангоми дарди дандон, сардард ва табларза даҳонро обгардон мекунанд, онро дар вақти дарди сахти дил, меъда (баъзан ҳангоми дарди тахтапушту сина) чун воситаи дардбар ва хобовар кор мефармоянд. Баъзе табибон Б. д.-ро барои муолиҷаи зиқи нафас, саромос ва чун воситаи таскинбахш ҳангоми бемориҳои асабу рӯҳӣ, невралгия, тарбоду радикулити музмин тавсия медиҳанд. Дар гомеопатия он барои табобати бемориҳои рӯҳӣ, кузоз, саръ, фалаҷ, сарсом, сулфакабутак истифода мешавад. Ҷавҳари спиртии тухми Б. д.-ро баъзан ҳангоми бемории саратон тавсия медиҳанд. Доруҳои Б. д. («астматин», «астматол», «солутан»)-ро дар тибби муосир барои давои зиқи нафас, амрози асабу рӯҳӣ, тарбод, невралгия ва ғ. кор мефармоянд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …