Главная / Илм / БАНДИ ЗОНУ

БАНДИ ЗОНУ

bandi-zonuБАНДИ ЗОНУ (Articulatio genis), пайванди курашакл, ки устухонҳои мӯчи канорӣ ва мобайнии рон, сатҳи болои устухони калони соқ ва собунак ба вуҷуд меоранд. Собунак дар пайи асабҳои чорсара ҷой гирифтааст. Сатҳи пайвандии мӯчи устухони рон, устухони калони соқ ва собунак бо тағояки гиалинӣ фаро гирифта шудааст. Халтаи мафсилии Б. з. васеъ буда, қисми пеши онро пайҳои мушаки чорсараи рон ташкил медиҳанд. Б. з.-ро бандакҳои паҳлӯии устухонҳои калон ва хурди соқ, ҳамчунин бандакҳои салибшакл ва кӯндаланги ҷавфи Б. з. устувор медоранд. Дар байни сатҳи бандҳои устухони рон ва устухони калони соқ ду тағояки досшакл – моҳакҳои дохилӣ ва берунӣ ҷой гирифтаанд. Б. асосан ҳаракати қат ва рост шуданро иҷро мекунад; дар ҳолати қат будани банд зонуро метавон андак ба берун ё дарун низ тоб дод.
Ба осебҳои Б. з. гемартроз, гусастани бандакҳои паҳлӯӣ, моҳак ва бандакҳои салибшакл, баромадану шикастан, зарбу лат хӯрдан ва ғ. мансубанд. Артрозҳо, хондроматоз, гонит, бурсит ва ғ. аз ҷумлаи амрози Б. з. маҳсуб мешаванд.
КЛ
Расми 1. Банди зонуи рост (намуд аз пеш; ғилофи банд дур карда, собунак бо пайи мушаки чорсараи рон ба поён кашида шудааст): 1 – устухони рон; 2 – бандаки салибшакли қафо; 3 – бандаки салибшакли пеш; 4 – моҳаки зону; 5 – бандаки кӯндаланги зону; 6 – бандаки паҳлӯгии устухони калони соқ; 7 – халтаи амиқи зери кулчаи зону; 8 – бандаки кулчаи зону; 9 – сатҳи банди кулчаи зону; 10 – пайҳои мушаки чорсараи рон; 11 – пардаи байни устухонҳои зону; 12 – устухони калони соқ; 13 – устухони хурди соқ; 14 – бандаки пеши сараки устухони хурди соқ; 15 – бандаки паҳлӯгии устухони хурди соқ; 16 – моҳаки латералии банди зону; 17 – мӯчи латералӣ; 18 – сатҳи кулчаи зону.
Расми 2. Бандакҳои салибшакл ва моҳаки банди зонуи рост: 1 – бандаки кулчаи зону; 2 – халтаи амиқи зери кулчаи зону; 3 – бандаки кӯндаланги зону; 4 – ғилофи банд; 5 – моҳаки латералӣ; 6 – бандаки паҳлӯгии устухони хурди соқ; 7 – бандаки салибшакли ақиб; 8 – моҳаки медиалӣ; 9 – бандаки паҳлӯгии устухони калони соқ; 10 – бандаки салибшакли пеш.

С.С. Қурбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …