Главная / Илм / БАНДИ КИТФ

БАНДИ КИТФ

bandi-kitfБАНДИ КИТФ (Articulatio humeri), пайванди курашакле, ки сараки устухони бозу ва комаи устухони шона ба вуҷуд меоранд. Бо халтаи мафсилӣ фаро гирифта шудааст. Мушак ва бандакҳо сараки устухонро дар комаи пайвандгоҳ устувор нигоҳ медоранд. Сатҳи пеши поёни Б. к. мушак надорад. Дар ин мавзеъ ғилофаки банди устухон бисёр вақт канда ва сараки устухони китф берун мешавад. Б. к. бо халтаҳои зулолӣ фаро гирифта шудааст; онҳо, одатан, ба ҷавфи банд робита доранд.
Ба иллатҳои Б. к. нуқси инкишоф, деформатсияи модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ, зарб хӯрдан, бемориҳои гуногун ва омосҳо мансубанд. Б. к. ҳаракатҳои гуногунро иҷро мекунад.

С.С. Қурбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …