Главная / Илм / БАНД

БАНД

bandБАНД (Articulatio), мафсил, пайванди мутаҳаррики байни устухонҳо ё тағоякро гӯянд, ки байни онҳо роғ (диартрозҳо) мавҷуд аст. Б. як тарзи пайваст шудани устухонҳост. Пайванди беҳаракати устухонҳоро васла (синартроз) меноманд. Б. ҳамзамон вазифаи такя ва ҳаракатро низ иҷро мекунад. Б. аз интиҳо (сатҳи устухон), халта ва ҷавф иборат аст. Дар бештарин мавридҳо як тарафи Б. барҷаста ва тарафи дигари он фурӯхамида мебошад. Б. ғайр аз унсурҳои асосӣ, ҳамчунин ҳосилаҳои ёвар низ дорад (мас., диск, исфанҷ, моҳак ва ғ.). Интиҳои устухонҳои Б. дар халтаи Б. ҷойгир шудааст. Халтаи Б. аз бофтаи пайвандӣ ҳосил мешавад. Андаруни онро пардаи зулолӣ (синовиалӣ) фаро гирифтааст. Пардаи зулолӣ аз худ шилм ҷудо карда, лағжиши бемонеаи Б.-ро таъмин менамояд.
Б. аз ҳисоби шохчаҳои наздиктарини артерия бо хун таъмин мешаванд; онҳо дар халтаи Б. шабакаи зичи анастамозҳоро ба вуҷуд меоранд.
Б.-еро, ки аз ду устухон ташаккул ёфтааст, Б.-и сода ва Б.-еро, ки аз чанд устухон ба вуҷуд омадааст, Б.-и мураккаб меноманд.
Б. ба таъсири омилҳои беруна – сармо, сирояти ангезаи бемориҳо, лат хӯрдан, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғ. ниҳоят ҳассос аст. Баъзе бемориҳо (мас., тарбод) боиси тағйир ёфтани шакли Б. мегарданд. Ба бемориҳои асосии Б. мансубанд: анкилозҳо, синостозҳо, артрогрипоз, тарбод, хондродисплазия, гемартроз, артритҳо ва ғ.
Ниг. низ Банди соқу пойпанҷа, Банди зону, Банди оринҷ, Банди даст, Банди китф, Банди косу рон.
С. Қурбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …