Главная / Гуногун / Баландшавии мавқеи Ҷопон дар Корея

Баландшавии мавқеи Ҷопон дар Корея

Дар ниман дуюми солҳои 90-ум ва ибтидои асри XX ҳам рақобати байни мамолики империалистӣ барои ба худ тобеъ кардани Корея идома ёфт. Ба Ҷонон Кореяро ба зери итоати худ даровардан мамлакатҳои империалистии Европа, аз он ҷумла Русия, Фаронса ва Германия халал мерасониданд. Онҳо аз Ҷопон талаб карданд, ки нимҷазираи Ляодунро ба Чин баргардонад, барои ҳамин Ҷопон маҷбур шуд, ки аз ин нимҷазира даст кашад.

images

Ба малика Мин муяссар шуд, ки ҷонибдорони Ҷопонро аз ҳукумат пеш кунад. Ҷавобан ба ин ҷопониҳо боз ба табаддулоти Кукумати Корея даст заданд. Субҳидами 8 октябри соли 1895 онҳо бо сардории генерал Миуру гӯё барои ёрӣ ба Тэвонгун ба қаср зада даромада, куштор ташкил мекунанд. Малика Мин ва баъзе наздикони ӯ қатл карда шуданд. Ин сӯиқасд қаҳру ғазаби мардуми Кореяро ба вуҷуд овард. Эьтирози халқ чунон пурзӯр буд, ки ҳукумати Ҷопон маҷбур шуд Миуруро ба Ҷопон хонда, кори ӯ ва аҳли намояндагии Ҷопонро дар Корея ба додгоҳ диҳад. Лекин ҳамаи гумонбаршудагон бо сабаби “исбот нашудани гуноҳ” сафед карда шуданд. Генерал Миуру бошад, дар Ҷопон қаҳрамони миллӣ шуд. Баъди ин сӯиқасд дар Корея ҷанги чирикӣ сурат гирифт. Моҳи феврали соли 1896 шоҳи дар қаср ҳабсбудаи Корея фирор кард. Бо даъвати ӯ аҳолии Сеули шӯришбардошта кабинети вазирони ҷопонимаобро торумор кард. Ду вазири ин Кабинет кушта шуданд, боқимонда ба Ҷопон гурехтанд. Ба ҷои ин ҳукумат ҳукумати зиддиҷопонӣ ташкил ёфт.

Мамлакатҳои дигари империалистӣ ҳам мехостанд, ки ба Корея cap дароранд. Яке аз онҳо Русия буд. Моҳҳои май – июни соли 1896 барои доираи нуфуз дар Корея байни Ҷопон ва Русия ду қарордоди Сеул ва қарордоди Маскав ба имзо расонда шуданд.

Аз рӯи ин қарордодҳо ҳам Русия за ҳам Ҷопон ҳуқуқ ба даст дароварданд, ки ба ҳукумати Корея ёрӣ расонанд. Дар ин мамлакат миқдори муайяни аскарони худро дошта бошанд.

Рақобати Русияю Ҷопон барои ба даст даровардани мавқеъ дар Шарқи Дур ва забти мустамликаҳо дар байни ин ду давдат ҷанги солҳои 1904 1905-ро ба амал овард. Он аввали соли 1904 бо ҳуҷуми эскадраи Ҷопон ба Порт-Артур ва дар Чемулпо ғарқ карда шудани киштиҳои ҳарбии русии “Варяг” ва “Кореете” оғоз меёбад. Дар ин ҷанг Русия аз Ҷопон шикаст мехӯрад. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Портсмут (ИМА) аз 5 сентябри соли 1905 ҳукумати подшоҳии Русия манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии Ҷопонро дар Корея эътироф кард як қисми қаламрави худро аз даст дод. Мувофиқи шартномаи байни Ҷопон ва Корея аз 17 ноябри соли? аз болои Корея протекторати Ҷопон муқаррар карда шуд. Минбаъд Корея ҳуқуқи ба мамлакатҳои хориҷӣ мустақилона робита карданро аз даст дод.

Баъди моҳи феврали соли 1906 таъсис додани намояндагии кулли Ҷопон дар Корея ҳукумати лухтакмонанли Корея бо сардории Ли Ванён ташкил карда шуд. Шартномаи соли 1907-и дар байни Корея ва Ҷопон басташуда ҳукумати Кореяро ба намояндаи кулли Ҷопон тобеъ кунонд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …