Главная / Илм / БАКУЛЕВ Александр Николаевич

БАКУЛЕВ Александр Николаевич

bakulevБАКУЛЕВ Александр Николаевич (7. 12. 1890, Невениковскаяи вил. Саратов – 31. 3. 1967, Москва), ҷарроҳ, акад. АФ ИҶШС (1958), аъзои ҳақиқӣ (1948) ва президенти АИТ ИҶШС (1953 – 60), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Фак-ти тиббии Донишгоҳи Саратовро хатм карда (1915), аз с. 1919 дар клиникаи ҷарроҳии ҳамин донишгоҳ ординатор шуда кор кардааст. ӯ аз с. 1926 дар Ин-ти тиббии ба номи Н. И. Пирогови ш. Москва кор карда, аз с. 1943 ба кафедраи ҷарроҳии ҳамин ин-т роҳбарӣ мекард. Аз с. 1955 ба Ин-ти ҷарроҳии қафаси сина, ки бо ташаббуси худи ӯ ташкил шуда буд (ҳоло Ин-ти ҷарроҳии ба номи А. Н. Бакулев), роҳбарӣ мекард. Усулҳои ҷарроҳии гурда, шуш, дил, устухон, бемориҳои захмнок ва ғ.-ро кор карда баромад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ усули бо ҷарроҳӣ муолиҷа намудани захми тирро ҷорӣ кард. Лауреати Мукофоти давлатии ИҶШC (1949) ва Мукофоти ленинӣ (1957). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Консервативное лечение абцессов мозга (пункциями), М.-Л., 1940; Врождённые пороки сердца. Патология, клиника, хирургическое лечение, М., 1955.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …