Главная / Илм / БАКТЕРИЕМИЯ

БАКТЕРИЕМИЯ

bakteriomiyaБАКТЕРИЕМИЯ (Bacteriaemia; аз бактерияҳо ва haima – хун), дар хун вуҷуд доштани бактерияҳо. Ангезандаҳо ба хун асосан дар мавриди бемориҳои сироятӣ роҳ меёбанд. Миқдори онҳо дар воҳиди ҳаҷми хун ба дараҷаи сироятангезӣ, инчунин аз муқобилати организми мариз вобаста аст. Дар сурати Б.-и бардавом, одатан, сирояти уфунатӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Ҳангоми бемориҳои гузаранда Б. роҳи асосии интиқол ёфтани ангезандаҳо тавассути бандпойҳои хунмак ба шумор меравад. Дар мавриди баъзе бемориҳои вазнин (лейкоз, осебҳои шуоъӣ, сӯхтагӣ, баъзе бемориҳои сироятӣ ва ғ.) бинобар заиф гаштани неруи дифоии табиии организм имкон дорад зери таъсири макроорганизмҳои шартан бемориовар (микробҳои рӯда, пӯст ва луобпардаҳо) Б.-и ғайримахсус низ рух намояд. Чунин тарзи Б. барои инкишофи сирояти дохилӣ, аз ҷумла уфунат, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Барои ошкор сохтани Б. аз тадқиқоти бактериологӣ ва гоҳо бактериоскопияи хун истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …