- Шарик бар Худо овардан.
- Хуни ноҳақ рехтан.
- Азият кардани падару модар.
- Хӯрдани моли ятимон.
- Маҳрум кардани духтарон аз мерос.
- Зулм кардан.
- Ғайбат кардан (яъне, дар ғайби касе бадии ӯро баён кардан).
- Ваъдаро хилоф кардан.
- Дар амонат хиёнат кардан.
- Тарки фароиз, аз қабили намоз, рӯза ва ғайра кардан.
- Ба ноҳақ савганд ёд кардан.
- Ғайри Худоро саҷда кардан.
- Мусалмононро кофир ё бе имон ва Худозада ва душмани Худо донистан.
- Дуздӣ кардан.
- Дурӯғ гуфтан.
- Дар вазн ва паймона кам кардан.
- Аз гаронии қимати гандум ва дигар эҳтиёҷоти мардум хушнуд шудан (яъне, тоҷирон, агар аз зиёдии нарх хурсанд бошанд).
- Қимор задан.
- Касеро масхара ва беҳурмат ва шарманда кардан.
- Ҳалолро бад шумурдан.
- Зиноъ кардан.
- Ҳаромро ҳалол ҳукм кардану гуфтан.
- Изо (ҳизо) додани мардум.