Главная / Илм / БАДБӯИИ ДАҲОН

БАДБӯИИ ДАҲОН

badbuii-dahonБАДБӯИИ ДАҲОН (Foetor ex ore), бӯи нофорамест, ки бештар ҳангоми бемориҳои милки дандон, дандонҳо, димоғ, сурхрӯда, меъда, шуш ва ғ. падид меояд. Дар баъзе мавридҳо Б. д. нишонаи диабети қанд, газаки гурда (нефрит) ё бемориҳои дигари узвҳои дарунӣ аст.
Ҳангоми Б. д. барои муайян кардани сабаби пайдоиш ва бартараф намудани он ба духтури дандон муроҷиат кардан лозим. Аввало иллати даҳону дандонҳоро табобат бояд кард, баъд маслиҳати духтурони дигар низ лозим аст.
Б. д.-ро тавассути эликсири дандон («Идеал», «Лимонный», «Специальный»), сақич («Дирол», «Орбит» ва ғ.) ва лосёнҳо (обҳои мушкин) муваққатан бартараф менамоянд. Барои пешгирии Б. д. баъди истеъмоли ғизо ва пеш аз хоб даҳонро обгардон карда, дандонҳоро шустан лозим аст; хусусан протезҳоро хуб нигоҳубин бояд кард. Риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, хусусан санатсияи ҷавфи даҳон, омили муҳими пешгирии Б. д. мебошад. Ҳангоми ин ё он беморӣ (хусусан бемориҳои меъдаю рӯда) иҷрои маслиҳати духтур ҳатмист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …