Главная / Гуногун / Ба роҳи сармоядорӣ дохил шудани Туркия

Ба роҳи сармоядорӣ дохил шудани Туркия

Ба Туркия воридшавии сармояи хориҷӣ маънои онро дошт, ки ин давлат ба хоҷагии ҷаҳонии сармоядорӣ кашида мешавад. Дар даҳсолаҳои охири асри XIX сохтмони фабрикаю заводҳо, шахтаҳо, депоҳо, устохонаҳои роҳи оҳан ва иншооти бандарҳо оғоз ёфтанд. Маблағгузорӣ ба саноати миллӣ дар ҳамон сохаҳое сурат мегирифт, ки бо саноати давлатҳои Европа рақобат намекарданд ё ки ба коркарди аввалияи зироатҳои содиротӣ, аз он ҷумла, коркарди пахта, тамоку, мавиз ва амсоли ин машғул буданд. Аз 1587 корхонаҳое, ки дар Туркия соли 1900 ба ҳисоб гирифта шуда буданд, аксарияташон устохонаҳои хурди косибӣ буданд. Танҳо наздики 200-тои онҳоро ба қатори фабрика ва заводҳо гузоштан мумкин буд. Дар баробари саноати хурокворӣ истеҳсолоти бофандагӣ, собунпазӣ, абрешимбофӣ ва қолинбофӣ то як дараҷа пеш рафт. Ин вақт саноати Туркия асосан дар дасти ширкатҳои Европа буд. Онҳо ашёи хоми ин соҳаҳоро асосан ба хориҷа мебароварданд.

111_112

Ба шарофати роҳҳои оҳан ва ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шудани талабот барои бозор кор кардани зироатпарварӣ меафзояд ва махсусан базоӣ бозорҳои ҷаҳонӣ. Оҳиста-оҳиста кишоварзии Туркия ба роҳи сармоядорӣ ворид мешуд. Хоҷагиҳои кишоварзне, ки меҳнати кирояро истифода мебурданд, сол то сол зиёд мешуданд. Соҳибкорони деҳотӣ барои зиёд шудани рента аз тамоми воситаҳои зарурӣ истифода мебурданд. Дар Анатолия мулкҳои заминдоронӣ пайдо шуданд, ки музаффариятҳои илми агрономӣ ва мошинҳои кишоварзиро ҳам ба кор мебурданд.

Болоравии тиҷорат ва пайдошавии саноати фабрикаю заводӣ ба табақаҳо таксимшавии аҳолиро тезонид. Ин раванд ба ташаккули табақаи нав – буржуазия сабаб шуд. Сарфи назар аз ин муносибатҳои сармоядорӣ дар Туркия суст сурат мегирифтанд. Ақибмонии деҳот ба тараққиёти умумии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонд. Маҳдудияти бозори дохилӣ, аз як тараф ва зӯроварии сармояи хориҷӣ аз тарафи дигар, ба ташкили саноати миллӣ халал мерасонданд. Таҷҳизоти техникии корхонаҳои мавҷуда хеле пастсифат буданд. Мувофиқи ба рӯйхатгирии саноатии соли 1915 дар мамлакат 264 корхонаи дорои ҳаракатдиҳандаҳои механикӣ кор мекарданд. Яъне он вақт ба корхонаҳои саноатии Туркия ҳанӯз мошинҳо роҳ наёфта буданд.

Буржуазияи дар султонии Туркия ташаккулёфта асосан тиҷоратӣ буд. Қисми нисбатан обрӯмандтарини он ба корҳои воридоту содироти мол машғул буд. Дар охирҳои асри XIX аввали асри XX табақаи зиёиёни Туркия афзуд. Шумораи табибон, ҳуқуқшиносон, хизматчиёни ширкатҳои гуногун, нависандагон, хабарнигорон, амалдорон ва афсарон зиёд шуд. Зиёиёни индавраинаи Туркия аз ашрофони миёнаи асри XIX-и ин давлат бо он фарқ мекарданд, ки одамони касбу кори гуногун буданд. Бисёрии афсарон, амалдорон ва ашхоси касбу кори озоди ин давра аз муҳити ашрофӣ ва ё оилаҳои майдабуржуазӣ баромада, дар муассисаҳои навташкили ҳарбӣ ва таълимгоҳҳои махсус маълумот гирифта буданд. Биноан дар ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷамъиятии онҳо он арзишҳое инъикос ёфта буданд, ки феълан ҷомеаи Туркия ба онҳо ниёз дошт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …