Главная / Илм / Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ (Китоб)

Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ (Китоб)

«Баҳористон»-и бехазон аз гаронмоятарин осори тарбиявӣ-ахлоқии адабиёти ҷаҳону форсизабон ва эҷодиёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) буда, бештар аз 500 сол мешавад, ки дар тарбияти ахлоқи ҳамидаву атвори писандидаи инсоният ҳиссаи сазовор мегузорад.

Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

Нашри ҳозира, ки нашри савуми илмӣ-оммавии асар дар Тоҷикистон мебошад ва ба 520-умин солгарди таълифи он мувофиқ меояд, матни мукаммали онро фароҳам оварда, бо сарсухани муфассал ва шарҳу тавзеҳоти мудаллал оро ёфтааст, то кори хонандагони азизи гуногунсолро осон гардонад.

Чунон ки худи Мавлоно дар муқаддимаи китоб менависад, «илтимос аз тамошойиёни ин риёзи холӣ аз хори мулоҳазаи аърозу хошоки мутолабаи аъвоз он, ки чун ба қадами иҳтимом бар инон бигзаранду ба назари иътибор бар инҳо бингаранд, боғбонро, ки дар тарбияташон хуни ҷигар хўрдаасту дар танмияташон ҷони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба санное шод гардонанд».

Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон.  Таҳиягари матн, муаллифи сарсухану тавзеҳот ва шореҳи луғот Аълохон Афсаҳзод, Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008,

Китоб аз 139 – саҳифа иборат аст.

———- **** ——-

БАҲОРИСТОНИ БЕХАЗОН

Панҷсад (-у бист) сол пеш аз ин, баҳори соли 1487, шоири нотакрору  олими номдор Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414—1492), ки 73-сола буд, дар канори шаҳри Ҳирот, дар маҳаллаи Хиёбон ба фарзанди ягонаи даҳсолааш Зиёуддин Юсуф аз забони арабӣ ва қоидаҳои он дарс медод. Писарак соҳиби зеҳни бурро ва шавқи гиро бошад ҳам, аз ҷиҳати камқувватӣ ҳар замон хаста мешуд. Ба болои ин, ҷўши баҳор ва ҳаёҳуйи бачагони шўх ўро берун мекашид.

Ҷомӣ, ки марди фозилтарини даврон ва муаллими муътабари замон буд, намехост нури чашмаш фақат ба аслу насаб ва, хусусан, фарзанди ў будан фахр кунад. Бинобар ҳамин, шабу рўз ба тарбияи Зиёуддин Юсуф машғул мешуд. Аслан, Зиёуддин Юсуф дар миёни чаҳор писар фарзанди савуми Ҷомӣ буда, писарони дигараш дар тифлӣ нобуд шуда буданд. Ҷомӣ ба тарбияи Зиёуддин Юсуф аз кўдакии ў машғул шуда, дар «Тўҳфат-ул-аҳрор»,«Сабҳат-ул-аброр», «Юсуфу Зулайхо», «Лайливу Маҷнун» ва «Хирадномаи Искандарӣ», ки онҳоро мутобиқан дар солҳои 1481, 1482, 1483, 1484 навшита буд, фаслҳои алоҳидаро ба насиҳат ва панди фарзанди дилбандаш бахшида, ўро ба касби дониш, ахлоқи нек, кирдори шоиста, дўстиву рафоқат, навозиши бечорагон, хайру саховат, кумаки эҳтиёҷмандон ва хизмати халқ раҳнамойӣ мекунад. Баробари ин, фарзандашро огоҳ менамояд, ки аз кизбу дурўғ, бухлу ҳасад, кибру ҳаво, ғуруру худписандӣ, коҳиливу танбалӣ, ҷаҳолату мардумозорӣ, ҷоҳу мансабпарастӣ, тамаллуқу чоплусӣ ва дигар падидаҳои ахлоқи разила барҳазар бошад. Яке аз вазифаҳое, ки Ҷомӣ дар назди ҷигаргўша ва нури дидаи худ мегузорад, ба қадри вақт расидан, аз он хуб истифода бурдан ва дар ҷавонӣ илму ҳунар омўхтан аст. Ў талаб мекунад:

Чу нодонон на дар банди падар бош,

Падар бигзору фарзанди ҳунар бош!

Ҳамин мавзўъи на дар банди падар, яъне мағрури ному мақом ва сарвати ў шудан, балки фарзанди ҳунар будан, яъне албатта барои ба худ ва ба ҷамъият нафъ расондан илму ҳунар (Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, — Қуфлкушои ҳама дарҳост илм) омўхтанро Ҷомӣ дар тамоми зиндагии худ таълим медод:

Ҳар писар, к-ў аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наорад мева бар, андар шумори ҳезум аст!

Шоир аз писари худ талаб мекунад, ки дар касби камолоти инсонӣ ва манфиат расондан ба мардум ҳеҷ гоҳ ба он чизе, ки ноили он гардидааст, қонеъ нашавад:

Конеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ,

Аз хуб ба хубтар шитобӣ.

Панду насиҳатҳои Ҷомӣ ба писараш дар «Баҳористон» бо моҳияти худ аҳамияти умумиянсонӣ доранд. Барои ҳамин ҷовидонӣ ҳастанд ва ба дили ҳар як одам роҳ ёфта, ўро ба сўйи некӣ раҳнамун медоранд. Шояд аз рўйи анъана бошад, ки ба ман ҳам модарам «Баҳористон»-ро дар 10 — 11-солагӣ ёд медод.

Ҷомӣ ба тарбияи ҷиддии Зиёуддин Юсуф аз чаҳорсолагии ў шурўъ карда, охирин китоби хешро барои вай чанд моҳ қабл аз вафоти худ ба охир расонд. Он «Фавоиди Зиёия» ном дошта, роҷеъ ба синтаксис(наҳв)-и забони арабӣ баҳс мекунад.

Ҷомӣ дар омўзондани илмҳо ба писараш усули хубе дошт. Ба ў пайваста қиссаю афсона мегуфт, шеър ёд медод, ҳикоятҳои «Гулистон»-ро мехонд. Гулпарвариро меомўзонд, дар замин меҳнат карданро машқ мекунонд, аспсавориро таълим медод. Баҳорони соли 1487, ҳангоми дар байни сабақҳои Зиёуддин Юсуф аз арабӣ ба хотири хастагӣ ва дилсардии ўро кам кардан барояш аз «Гулистон»-и Саъдӣ ҳикоятҳо хондан, пай бурд, ки баъзе ҳикоятҳо барои писарак душворӣ мекунанд. Аз ин рў, худ ба навиштани асаре шурўъ карда, зуд онро ба охир расонд ва номашро «Баҳористон» гузошт.

«Баҳористон»  аз муқаддима ва  ҳашт боб  (равза) иборат аст: 1) саргузашти орифон; 2) ҳикмати бузургон; 3) саргузашти подшоҳон, адолат ва ахлоқи неки онҳо; 4) тарғиби саховатмандӣ; 5) ҳикоятҳои шавқангези ишқӣ; 6) мутоябаҳои сафобахш; 7) зикри шуъаро, таърифи  шеър, пайдоиш ва ҳусну қубҳи он; 8) ҳикоятҳои тамсилӣ.

«Баҳористон», ки дар пиронсолии муаллиф зеби рақам гардидааст, як навъ асари ҷамъбасткунандаи ғояву ақоиди ҷамъиятшиносии мутафаккири забардаст аст. Андешаву афкори адиб дар он ба таври соддаву равшан ифода ёфта, онҳоро дар сурати натиҷаҳои фикр дастраси мардум   сохтааст. Нависанда ҳангоми таълиф пеш аз ҳама, мақсади тарбияи насли  наврас ва дар ҷавонон парваридани  ахлоқи некро дар мадди назар доштааст. Дар муқаддимаи асар Ҷомӣ ба хонандагон муроҷиат карда мегўяд: «Илтимос аз тамошойиёни ин риёзи холӣ аз хори мулоҳазаи аъроз ва хошоки мутолабаи аъвоз он, ки чун ба қадами иҳтимом бар инон бигзаранд ва ба назари эътибор дар инҳо бингаранд, боғбонро, ки дар тарбияташон хуни ҷигар хўрдаасту дар танмияташон ҷони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба саное шод гардонанд».

«Баҳористон» асари бадеъиест, ки дар он ба тарзи хосе ҳам аз зиндагонии ибратомўзи шайхону орифон, ҳам аз дурдонаҳои андешаю афкор ва ҳикмати донишмандони бузург, ҳам аз аъмоли хайри ҳокимону мансабдорон, ҳам аз ривояти хайру саховати муболиғаомези афроди таърихӣ ва ҳиммату накўкории шахсони афсонавӣ, ҳам аз тасвири гудози ишқ ва дўстию вафодории дилбохтагон, ҳам аз латифаю мутоибаҳои ҳалқӣ, ҳам аз рафтори шуъаро, ҳам аз ҳикоёти пандомўзи тамсилӣ роҷеъ ба ҳайвонот натиҷаҳои ахлоқӣ гирифта мешавад.

Дар баробари ин, муаллифи «Баҳористон» иллатҳои иҷтимоӣ ва айбҳои шахсиро фошофош зери танқид гирифта, ба василаи муқобилгузории ҳодисаҳои ба ҳам зид ақоиди худро роҷеъ ба некӣ тақвият медиҳад.

Равзаи ҳафтуми «Баҳористон» аз хусуси пайдоиши шеъру адаб, анвоъи шеър ва ҳусну қубҳи он сухан ба миён меорад. Ин боб аз хусуси моҳияту табиат ва хусусиёти шеър баҳс ороста, ба ҳукми тазкираи мухтасаре намунаи ашъори сиву нўҳ тан шоири асрҳои X—XV, минҷумла Рўдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хоқонӣ, Низомӣ, Амъақ, Анварӣ, Сўзанӣ, Муиззӣ, Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камол ва Навоиро санад меорад. Вале маълумоти Ҷомӣ на шарҳи ҳол, балки лаҳзаҳои ибратомўзи зиндагии адибонро фаро гирифта, бо рўҳия ва шеваи нигориши худ ба бобҳои дигари асар куллан мутобиқат доранд.

Умуман, «Баҳористон» энсиклопедияест, ки дар он урфу одат ва хулқу хислати тамоми табақоти мардуми асри XV, аз фаррош то подшоҳ, инъикос гардидааст.

Нависандаи «Баҳористон» ҳамчун шахси халқпарвару ватандўст, озодихоҳу адолатҷў ва хайрхоҳи табақаи заҳматкашу мазлум, пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро ба миён гузошта, мувофиқи тасаввури асримиёнагӣ ҷамъияти инсонҳоро ба ду гурўҳ — золимон ва мазлумон тақсим менамояд ва бар зидди зулму ҷавр ва таъаддию бедодгарӣ исён бардошта, давлатмандонро ба саховат ва бечорагонро ба қаноат даъват намуда, бо ҳамин адлу инсофро тарғиб мекунад ва бар зидди худбинию худписандӣ ва ҳарисию хасосат, бераҳмию беинсофӣ ва ҷангу ҷидол исён мебардорад, ин нуқсонҳоро сабаби фалокати ҷамъият ва вайронии мамлакат дониста, аз онҳо роҳи халосӣ меҷўяд ва ин роҳро дар сохти подшоҳии армоние мебинад, ки дар он шоҳи одили хизматгори халқ ҳукмрон бояд бошад.

Агар дар асри XV баён ёфтани ин ақидаҳоро ба назар гирем, аҳамияти онҳо боз ҳам меафзояд, зеро асри XV, ба таъбири  В.В. Бартолд, «замони шукўҳи зоҳирӣ» намояд ҳам, дар асл «замони истибдоди феодалӣ, кашмакаш ва задухўрдҳои пайдарпайи темуриён, шиддати кинаву адовату таассуби динӣ ва мазҳабӣ буд». Хусусан, баъди марги Темур (18 феврали соли 1405), ки дар замони ҳукумати худ (1371 —1405) Мовароуннаҳр, Туркистон, Эрон, Осиёи Хурд, Кавказ,  Афғонистон, як қисми Ҳиндустон, Дашти Қипчоқ ва як қисми Россияро забт карда буд, авлоди ў барои тахт ҷон меканданд, хуни якдигарро мерехтанд ва дар натиҷаи ин задухўрдҳои тахту тоҷталабӣ мамлакат рў ба харобӣ ва хонаи фуқаро рў ба вайронӣ мениҳод. Бинобар ин, тарғиби адлу инсоф дар ин аср аҳамияти махсус касб мекунад.

Ҳокимони асри XV қабоҳат ва золимии худро бо таълимоти динӣ пардапўш карданӣ мешуданд. Дар адабиёти замони Ҷомӣ, аз ҷумла дар насри он, мавзўъҳои динӣ ва тарғиби аҳкоми мазҳабӣ ҷойи намоёнро мегирад. Аммо дар миёни чунин асарҳо «Баҳористон» бо мазмуни дунявӣ, ақоиди умумиинсонӣ ва нуктаҳои ҳуманистии худ ҷилои махсус медиҳад. Имтиёзи «Баҳористон» аз асарҳои дигари ҳамҷинсу ҳамзамонаш дар он низ ҳувайдо мегардад, ки адиби инсондўст дар танқиди ҳокимони золим, ки дину мазҳабро ниқоби худ карда буданд, аз ҳеч чиз наҳаросида, ҷасурона ниқоб аз рўйи онҳо бардошта, аз под-шоҳи диндори золим беҳтар будани подшоҳн бединро пеш мегузорад. Ба ақидаи ў, на дину мазҳаб, на саҷҷоданишинию тоат, балки адолат сифати ягонаест, ки ба подшоҳ обрў ва шаъни ҷовидонӣ меорад.

Мутафаккири бузург чунин ақидаҳоро қабл аз ин ҳам чандин бор бар пеш гузошта, дар «Саломону Абсол» низ подшоҳи бедини адлпарварро аз подшоҳи диндори золим болотар гузоштааст:

Куфркеше, к- ў ба адл ояд фариҳ,

Мулкро аз золими диндор биҳ!

Ҷомӣ, бо ин ҳама қонеъ нашуда, салтанатро ба хайма ташбеҳ дода, ростиву адлро сутунҳои он мешуморад ва саволомезона хитоб мекунад:

Гар набошад сутуни хайма ба ҷой,

Чун ситад хайма бе сутун бар пой?!

Муаллифи «Баҳористон» таъкид мекунад, ки «агар кас ба мардум теғи номеҳрубонӣ кашад, куштаи теғи номеҳрубонон мегардад». Бинобар ин, подшоҳ бояд оқибатандеш ва аз хунрезӣ барҳазар бошад.

Дар силсилаи образҳои мусбати «Баҳористон» Искандару Анўшервон чун образҳои подшоҳони идеалӣ амал мекунанд. Бузургмеҳру Арасту ва дигар донишмандону адибон раҳнамою ёвари онҳо мебошанд. Образи Ҳаҷҷоҷ, ки дар асл ва дар таърих ба золимӣ машҳур буд, ҳамчун акси онҳо таҷассум мегардад. Абўҷаҳл, амалдори ҷафогар, табиби бемурувват, муаллими нодон, тавонгари мумсик, шоири тамаъкори чоплус, олими беамали ғуломи нафс, дўстони риёӣ, фарзандони нохалаф ва амсоли инҳо, ки лашкари қувваҳои бадиро ташкил медиҳанд, ҳама ҳосили беадолатӣ ва нобасомониҳои замонанд.

Ҷомӣ адолатро чун пояи хубиҳо ва сифати барҷастатарини подшоҳ эътироф намояд ҳам, ба ҳама адолат кардани подшоҳро талқин намекунад. Баръакс, мувофиқи ақидаи ў, подшоҳ ҳар қадар бо росткорону накўкорон боиноят бошад, ҳамон қадар нисбат ба золимон ва одамони бадкирдор бераҳм бояд шавад. Аз номи Бузургмеҳр ҳамон подшоҳро беҳтарин меҳисобад, ки «покизагон аз вай эмин бошанду гунаҳкорон аз вай битарсанд».

Масъалаи муҳимми дигаре, ки Ҷомӣ дар «Баҳористон» пеш мегузорад, шинохтани қадри инсон аст. Шоири бузург мегўяд, ки ба инсон на аз рўйи сарвату мансаб, балки ҳунармандиаш баҳо бояд дод, зеро:

Қимати мард на аз симу зар аст,

Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

Ай басо банда, ки аз баҳри ҳунар

Қадраш аз хоҷа басо бештар аст!

В-ай басо хоҷа, ки аз беҳунарӣ

Дар раҳи бандаи худ пайсипар аст!

Худи мартабаи ҳамин ғуломи ҳунармандро аз хоҷаи беҳунар боло гузоштани Ҷомӣ яке аз фикрҳои пешқадами ўст, ки аз зубдаи афкори мутараққии инсондўстонаи аслофи ў, хусусан Саъдӣ, ибтидо мегирад. Аз рўйи ин таълимот, барои қадри инсон сурати зоҳирӣ ҳам аҳмият надорад, кас бояд ботинан зебову ғанӣ бошад, чунки:

Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» аҳамияти бузурги илму донишро дар ҳаёти инсоният борҳо қайд намуда, одамонро ба пардохтани илму дониш ҳидоят мекунад. Ў нишон медиҳад, ки дарёи илм бепоён буда, фаро гирифтани ҳамаи илмҳо аз имкон берун аст. Бинобар ин, кас бояд бо камоли масъулият фақат илми заруртаринро омўзад. Аммо илми беамал ҳам фоида надорад. Аз ин рў, ба хонандагон ва муътақидони худ маслиҳат медиҳад:

Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гарой,

В-онро, к-аз он гузир бувад, ҷустуҷў макун!

В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир,

Ғайр аз амал ба мўҷиби он орзу макун!

Қисме аз ҳикоятҳои «Баҳористон» баландҳимматӣ («Дарвеши қавиҳиммат ва подшоҳи соҳибшавкат», «Ҳотам ва ғуломбачаи ятим», «Мўри боҳиммат»), ҷавонмардиву ҷасорат («Ҳаҷҷоҷ ва аъробӣ», «Иброҳим ибни Сулаймон ва ҷавоне аз бани Умийя»), фурўтанӣ (равзаи нахустин), барои дўст ҷонсупорӣ кардан («Аштару Ҷидо»)-ро ифода менамоянд. Ҳикоятҳои «Искандари Румӣ», «Туҳфаҳои малики Ҳинд ба халифаи Бағдод» (аз равзаи дувум), «0лиму канизак» (аз равзаи чаҳорум), «Салил», «Канизаки муғанния», «Аштар ва Ҷидо» (аз равзаи панҷум) ва «Фирдавсӣ» (аз равзаи ҳафтум) аз ҷиҳати банду баст, сюжет, образи қаҳрамонҳо, гузориши низоъ ва ҳалли он мукаммал ва мураккаб мебошанд. Дар ин ҷода «Баҳористон» ягона набуда, асарҳои ҳаҷман калон ва аз ҷиҳати воқеабандӣ мураккабу пурмоҷаро низ мавҷуд буданд.

Асарҳои мансури бадеъии ин замон, ки аз ҷиҳати  ҳаҷм  хеле  калон буда, дар онҳо  нақли воқеаҳо мураттаб меравад,  «Доробнома»-и Беғамӣ ва  «Анвори Суҳайлӣ»-и Кошифӣ мебошанд. Романи пурмоҷаройи  ишқиву  паҳлавонӣ   «Доробнома»,  ки  ба   қалами Ҳоҷӣ Муҳаммад  ибни  Алии Беғамӣ таъаллуқ дошта, саргузашту   корномаҳо   ва   ишқварзиҳои   паҳлавони афсонавӣ Фирўзшоҳи писари малик Дороб ва писари ў   Баҳманро  фаро  мегирад,   аз  китобҳои  пурарзиши мансури замон мебошад. Аз сарчашмаҳо маълум мешавад, ки Беғамӣ қиссаро аз хотир дар ҳузури гурўҳе нақл мекардааст, Маҳмуди Дафтардор, ки муосири нақлкунанда  ё  имлокунандаи  он,  яъне Мавлоно Беғамӣ, будааст, онро навишта, барои дигарон мехондааст. Асари Беғамӣ дар шеваи китобҳои халқӣ иншо гардида,  аз такаллуфоти  муншиёнаю  олимона ва  арабибозиҳои китобӣ барӣ, ба забони омма (чун насри ривоятӣ), фаҳмою кўтоҳбаён нигошта шудааст. Ин асар бо номи «Доробнома»  маълуму машҳур бошад ҳам, дар асл бояд «Фирўзшоҳнома»   (аз   рўйи   қаҳрамони   асосии   он) ном дошта бошад. Аз ҳамин сабаб, тарҷимаи арабии каме мухтасари он дар чаҳор ҷилд соли 1336 ҳиҷрии қамарӣ  (1918   мелодӣ)  дар  Миср  бо  номи   «Сиратун Фирўзшоҳ  ибни Малик Дороб», яъне «Корномаи Фирўзшоҳи писари шоҳ Дороб» нашр шудааст.

«Анвори Суҳайлӣ» асари машҳури мансури дигари ин замон аст, ки бо шеваи қисса андар қисса навишта шудааст. Он аз таҳрирҳои китоби «Калилаву Димна» буда, дар ҳудуди асрҳои XV – XVI бо саъйи Ҳусайн Воъизи Кошифӣ анҷом пазируфтааст. Кошифӣ таҳрири матнро дар асоси тарҷимаи форсии «Калилаву Димна»-и арабии Ибни Муқаффаъ (асри УШ), ки ба қалами Абулмаъолии Насруллоҳ (асри XII) таъаллуқ дорад, ба поён расонида, китоби худро ба шоир Амир Шайхам Низомуддин Аҳмади Суҳайлӣ—вазири Ҳусайни Бойқаро бахшидааст. Кошифӣ бобҳои яку дуи «Калилаву Димна»-ро ихтисор намуда, ба ҷойи он ҳикояти подшоҳи Чин, Рой Добшалим ва Бидпойро дохил карда, адади ҳикоёти пандомўзи дохили бобҳоро аз 40 ба 100 расондааст.

Кошифӣ, бо вуҷуди нигоҳ доштани рамзиёт ва шеваи тамсилии «Калилаву Димна», сабки маснўъи таҳрири Абулмаъолиро то андозае содда карда, ибораҳоро ба тарзи барои худ хос метирозад, амсолу ашъори арабӣ ва ибораҳои пуртакаллуфро аз асар берун андохта, бобҳои китоби ўро ба як хатти сюжет кашида, асари томе ба вуҷуд овардааст. Инчунин, Кошифӣ ба ҷойи порчаҳои арабии он ашъори шоирони форс-тоҷик ва зарбулмасалу мақолҳои фаровонеро ба кор бурдааст, то ки фаҳмидани асар осон гардад. Вале ҳанўз ҳам он тобеъи сабки насри пуророиши асри XV буда, дар он суханпардозӣ мавқеъи калон дорад. Бинобар ҳамин, онро баъдҳо Абулфазл ибни Муборак бо номи «Иёри дониш» (1588) ва баъдтар (1752) касе дигар таҳти унвони «Нигори дониш» ба форсӣ боз аз сари нав таҳрир кардаанд.

 «Анвори Суҳайлӣ» чун тамоми таҳрирҳои «Калилаву Димна» асари пандуахлоқӣ буда, дар ҳикоятҳои тамсилии он, ки асосан аз ҳаёти ҷонварон аст, хулқи нек, иттиҳоду иттифоқ, ватанпарастӣ, мардумдўстӣ, адолатпарварӣ ва хислатҳои дигари ҳамидаи инсонӣ тарғиб мешавад. Ин асар дар гузашта ба сифати китоби дарсӣ низ истифода мегардид. «Анвори Суҳайлӣ»-и Кошифӣ ба чандин забони Шарқу Ғарб тарҷумаву нашр шуда, соли 1966 профессор Расул Ҳодизода онро  барои бачаҳо аз нав таҳриру содда ва дар Душанбе чоп кард, ки соли 1977 такроран ба табъ расид.

«Баҳористон»-ро Ҷомӣ, чунон ки худ мефармояд, дар татаббўъ ва сабку усули «Гулистон» эҷод намуда, дар пайравии «Гулистон» онро бо санъати саҷъ оройиш додааст. Забони он, дар баробари нигоҳ доштани зебоиҳо ва фасоҳати саҷъ, соддаву равон ва фаҳмо буда, ҷумлаҳои мусаҷҷаъи саршори ибораю таъбирҳои халқӣ ва пораҳои шеърии он  шабеҳи гуфтору сурудаҳои мардумианд. Нақли ҳикоятҳо ва латифаю мутоибаҳои дохилии равзаҳо ба ҳикояву латифаҳои дилкаши фалклорӣ монанданд. Муҳокимарониҳои фалсафӣ, мубодилаи афкор ва суҳбатҳои донишмандон, андарзу ҳикматҳо арзиши ахлоқии асарро афзудаанд.

Мавқеи устувори ҳуманистӣ Саъдиву Ҷомиро наздик мекунад ва аз умумияти қасду хадафи эҷодии ду суханвари нобиға дарак медиҳад. Ҷомӣ мавзўъҳои «Гулистон»-ро дар бобати адлу инсоф, парваридани ҳисси масъулияти инсонию иҷтимоӣ, покии ахлоқи дарвешон ва ишқу муҳаббату ҷавонӣ вусъату идома бахшида, дар навбати худ, ба асараш сюжетҳои тоза ворид овардааст. Нақлу ҳикоёти Ҷомӣ дар нигориш, сюжетбандӣ ва низоъ рангорангтаранд.

«Баҳористон» аз ҷиҳати пандомўзиву ибратбахшӣ низ нишонрастар буда, нависанда аз мушоҳидаи манзараҳои ҳузновари фақиронаи мамлакат, нобасомониҳои ҷамъият, беҳуқуқии раият, ғорати туркони чағатой, ривоҷи бозори зулми ҳокимон, бедиёнатии арбоби дин низоъи асосии иҷтимоӣ ва ахлоқии даврони хешро дарк менамояд.

Ҷомӣ дар ин асараш низ идеали адолати иҷтимоиро тафсилу таҳким дода, мусовоти инсонҳо ва бебақоии хонаи зулму ситамро ба қалам медиҳад. Аз ҳар инсон тақозо мекунад, ки дар муносибат бо инсони дигар эҳтиром, риояти иззати нафс, сидқу сафо, аҳду вафо ва хайру некиро ба кор андозад. Андешаҳои Ҷомӣ дар бораи қадру қимат ва мақому манзалати волои инсон, ки на вобастаи аслу насаб, мулку дороӣ, балки самараи маънавиёти ғанӣ ва ақлу хирад аст, низ муфид ва шоистаи таваҷҷўҳанд.

Ҳамчунин, Ҷомӣ дар як силсила ҳикоятҳои «Баҳористон» бо шеваи мазҳакавӣ воқеъияти мудҳиши замонаи хеш ва сиришти манфури аҳли зулм — подшоҳони ситамгар, вазирони бемурувват ва амалдорони ҷафокори замони феодалиро равшан ҷилвагар менамояд.

Ў дар ҳикояте меорад: «Тавонгаре дар аҳди яке аз золимон бимурд. Вазири он золим писари вайро талаб карду пурсид, ки падари ту чӣ гузоштааст? «Аз молу манол чунину чунон, аз ворисон вазири кабирро айдуҳуллоҳу субҳонаҳу ва ин фақири ҳақирро». Вазир бихандиду фармуд, ки мероси вайро ба ду ним кунанд: нимеро ба вай гузошту нимеро барои подшоҳ бардошт».

Аз  ин  ҳикояти  ҳаҷвӣ  шоир чунин  хулоса   мебарорад :

 Зулмпеша вазир нашносад   
Ҷуз ҳақи подшоҳ моли ятим.
Адл донад, агар барад ба тамом,
Фазл донад, агар кунад ба ду ним.

Ҳамин тариқ, танқиди разолатҳои замони феодалӣ ва хислатҳои нохуби намояндагони алоҳидаи он мазмуни бисёр ҳикоятҳои «Баҳористон»-ро ташкил медиҳад. Вале Ҷомӣ аз айбҳои инсонҳои оддӣ низ чашм намепўшад. Гоҳо дар инсонҳо иллатҳо, нуқсонҳоеро меёбад, ки сарфи назар аз мақоми ҷамъиятии шахс, манфур ва барои ҷомиъа зарарнок мебошанд. Аз ин рў, баъзе ҳикояту мутоябаҳои «Баҳористон» ба муқобили коҳилию ҳасад ва бухлу хиссат барин айбҳое нигаронда шудаанд, ки барои ҳама зиштанд. Яке аз иллатҳои қабеҳтарини инсонӣ, ки дар байни табақаҳои гуногуни нимаи дуюми асри XV паҳн гардида буд, майхорагиву бадмастист. Ин одати зишт дар он замон махсусан дар байни табақаи боло – шоҳу дарбориёни ў, амалдорони олирутба, ҳатто рўҳониёну ходимони дин ва аз табақаи шаҳр дар байни лавандҳо (олуфтаҳои шаҳрӣ) басе ривоҷ ёфта, фасоди ахлоқро бештар мекард.

Дар осори Ҷомӣ ва наздикони ў — Навоӣ, Ҳотифӣ, Биноӣ, Суҳайлӣ, Кошифӣ ва дигарон зарарҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва ҷисмонии шаробхорагӣ мазаммату маҳкум шуда, кўшише рафтааст, ки мардумро аз разолати ин пастигарӣ эмин нигоҳ доранд. Мувофиқи гуфти Ҷомӣ, шаробу май душмани ақлу ҳуш, зоилкунандаи донишу биниш, фосидкунандаи ахлоқ ва сарчашмаи ҷумла хабисиҳо буда, шахси майхора наметавонад, ки байни хубу зишт, некию бадӣ, ҳалолу ҳаром, дўстиву душманӣ фарқ гузорад. Бинобар ин, инсондўсти оламшумул Мавлавӣ Ҷомӣ аз ин қабоҳат дурӣ ҷустан ва ба ин разолат нафрат доштанро тарғиб мекунад ва ба хонанда хитоб менамояд:

Душмани ҳуш аст май, Ай ҳушманд,

Дўстро мағлуби душман кам писанд!

Ин байт аз «Саломону Абсол» оварда шуд. Ҷомӣ ҳар дафъа мавриди мувофиқе ёфта, ин фикри худро вусъат медиҳад. Ҳикояте, ки дар «Баҳористон» аз ҳолати як маст оварда мешавад, муносибати Ҷомиро ба ин амали зишт басе гўё ифода мекунад ва он ҳикоят ин аст: «Масте аз хона берун омаду дар миёнаи роҳ бияфтоду қай кард ва лабу даҳони худ биёлуд. Саге омаду онро лесидан гирифт. Пиндошт, ки одамест, ки онро пок мекунад. Дуъо мекард, ки Худои таъоло фарзандони туро хидматгори ту гардонад. Баъд аз он саг пой бардошту бар рўйи ў бавл кард. Гуфт: «Боракаллоҳ, ай сайидӣ, ки оби гарм овардӣ, то рўйи маро бишўйӣ». Қитъа:

Шаробхора чу бар хештан раво дорад,

Ки сиблат аз қайи нопоки май биёлояд.

Саг аз масона гар ибриқи оби гарм орад,

Ки ғусли сиблати нопоки ў кунад, шояд!

Чунон ки болотар ишора рафт, мувофиқи эътирофи худи Ҷомӣ, «Баҳористон» назираи «Гулистон» аст. Агар мундариҷаи «Гулистон»-у «Баҳористон»-ро ба тариқи муқоиса аз назар гузаронем, мебинем, ки «Баҳористон» тақлиди кўркўронаи «Гулистон» набуда, бо сабки умумӣ ва рўҳи инсондўстии худ тазмини он аст. Ҷиҳатҳои умдаи умумие, ки дар шабоҳати «Баҳористон»-у «Гулистон» ба назар мерасанд, аз инҳо иборатанд: Ҷомӣ дар пайравии номи асари безаволи Саъдӣ «Гулистон» асари хешро «Баҳористон» унвон гузошта, тарҳи «Баҳористон»-ро мисли «Гулистон» дар як муқаддима, ҳашт бахш ва як хотима афканда, мутобиқи унвони «Баҳористон» «бахшҳоро» «равза», яъне боғча номидааст, ки он истифодаи эҷодкоронаи дебоча, ҳашт боб, яъне ҳашт дарвозаи «Гулистон» ва анҷоми он аст. Бар замми ин, Ҷомӣ дар таълифи «Баҳористон» суннати «Гулистон»-ро дар сабки нигориш давом дода, онро бо насри мусаҷҷаъи омехта бо назм иншо кардааст. Ҳангоми нигориши «Баҳористон» муаллифи он таҷриба, дониш, биниш ва орзуву омоли худро ба қалам оварда, дар равияи «Гулистон» барои ифодаи ақоиду афкор ва назарияи худ аз нақли воқеаҳои зиндагӣ, ҳикоятҳои таърихӣ, ривояту латифа ва мутоибаю масалҳои халқӣ истифода мебарад. Аз ҷиҳати мавзўъ фақат боби якуми «Баҳористон»-у боби дувуми «Гулистон» ҳаммавзўъ буда, боби савуми асари Ҷомӣ мавзўъи боби якуми асари Саъдиро такрор мекунад. Бобҳои панҷуми ҳарду китоб дар як мавзўъанд, лекин аз ҷиҳати ҳикоятҳои истифодашуда тамоман фарқ доранд. Мавзўъоти бобҳои III, IV, VI, VII, VIII «Гулистон» дар «Баҳористон» истифода нашуда, бобҳои II, IV, VI, VII, VIII «Баҳористон» аз лиҳози мавзўъ тамоман нав мебошанд. Ҳамчунин, Ҷомӣ дар тақсимбандии бобҳо ҷиҳати мутақобили ҳодисаҳои ба ҳам зидро, ки дар «Гулистон» таъкидан сабт ёфтаанд (мисли «Дар сирати подшоҳон», «Дар ахлоқи дарвешон», «Дар ишқу ҷавонӣ», «Дар заъфу пирӣ»), истифода намекунад.

Ду-се ҳикояти «Баҳористон» аз ҷиҳати мавзўъ ва ҳатто мазмун ба чанд ҳикояти «Гулистоя» қаробат доранд. Вале дар чунин мавридҳо низ Ҷомӣ саъй менамояд ва ба он муваффақ мегардад, ки гуфтораш аз навиштаҳои Саъдӣ фарқ кунад. Барои мисол ҳикояти «Искандари Румӣ»-ро аз ҳар ду асар меорем: «Гулистон»: «Искандари Румиро пурсиданд: Диёри Машриқу Мағриб ба чӣ гирифтӣ, ки мулуки пешинро хазоину умру мулку лашкар беш аз ин будаасту эшонро чунин фатҳе муяссар нашуда? Гуфто:-Ба авни Худои азза ва ҷалла ҳар мамлакатеро, ки гирифтам, раъияташ наёзурдам ва номи подшоҳон ҷуз ба некўйӣ набурдам:

Бузургаш нахонанд аҳли хирад,

Ки номи бузургон ба зиштӣ барад».

«Баҳористон»: «Искандарро гуфтанд: – Ба чӣ сабаб ёфтӣ, он чӣ ёфтӣ аз давлати салтанату вусъати мамлакат бо сиғари синну ҳадосати аҳд? Гуфт: – Ба истимолати душманон, то аз ғоилаи душманӣ зимом тофтанду аз таъоҳуди дўстон, то дар қоидаи дўстӣ истиҳком ёфтанд. Байт:

Боядат мулки Сикандар, чун вай аз ҳусни сияр

Душманонро дўст гардон, дўстонро дўсттар!».

Чӣ навъе ки мебинем, ҳангоми иншои ҳикоят Ҷомӣ ягон калимаи Саъдиро истифода набурда, баръакси ў, дар он санъати саҷъро устодона ба кор бурда, дар футўҳоти Искандар, мувофиқи ақидаи халқ, тадбири «бо душманон муросову бо дўстон дурустпаймониро» дар ҷойи аввал мегузорад. Дар натиҷа, ҳикоят ғояи нав касб мекунад.

Дар ҳикояти «Ҳотами Той» Саъдӣ хорканро аз Ҳотам бузургҳимматтар ва Ҷомӣ ғуломи ятимро аз ў каримтар ба қалам дода, дар ҳикояти Саъдӣ меҳнати ҷисмонӣ чун боиси озодии шахс таъкид шуда, дар ҳикояти Ҷомӣ бартарии караму саховати инсони камсарвату камбизоат нисбат ба садақадиҳиҳои намоишкоронаи молдорон ситоиш карда мешавад. Ба ҳикоятҳо таваҷҷўҳ фармоед:

«Гулистон»: «Ҳотами Тойро гуфтанд: – Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидайӣ ё шунидайӣ? Гуфт: – Бале, рўзе чиҳил шутур қурбон карда будам умарои арабро. Пас ба гўшаи саҳрое ба ҳоҷате берун рафта будам. Хоркашеро дидам, пуштае фароҳам оварда. Гуфтамаш: – Ба меҳмонии Ҳотам чаро наравӣ, ки халқе бар симоати ў гирд омадаанд? Гуфт:

-Ҳар ки нон аз амали хеш х(в)арад,
Миннат аз Ҳотами Тойӣ набарад!

Ман ўро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам».

 «Баҳористон»: «Ҳотамро пурсиданд, ки ҳаргиз аз худ каримтаре дидайӣ? Гуфт: – Бале, рўзе дар хонаи ғуломе ятим фуруд омадаму вай даҳ сар гўсфанд дошт. Филҳол як гўсфандро кушту пухту пеши ман оварду маро қитъае аз вай хуш омад. Бихўрдаму гуфтам: – Валлоҳ, ин басе хуш бувад. Он ғулом берун рафту як-як гўсфандонро мекушту он мавзеъро мепухту пеши ман меоварду ман аз он огоҳ не. Чун берун омадам савор шавам, дидам, ки беруни хона хуни бисёр рехтааст. Пурсидам, ки ин чист? Гуфтанд, ки вай ҳамаи гўсфандони худро кушт».

Чунин аст фарқияти «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ дар мавридҳои каме, ки ҳикоятҳои онҳо мавзўъу ҳодисаҳои муштаракро фаро мегиранд.

Дар омади гап қайд кардан зарур аст, ки образи Ҳотам чун шахси сахӣ дар адабиёти тоҷик хеле машҳур буда, дўсти Ҷомӣ Кошифӣ асари худ «Ҳотамнома»-ро, ки бо номҳои «Рисолаи Ҳотамия», «Қисса ва осори Ҳотами Той» ва «Ҳотами Той» низ шинохта шудааст, соли 891/1496 навиштааст. Як нусхаи хуби қаламии он, ки соли 907/1502 аз тарафи хаттоти машҳур Султоналии Машҳадӣ китобат гардидааст, таҳти рақами 4388-1 (варақҳои 2а-32а) дар захираи дастнависҳои шарқии АФ Ҷумҳурии Ўзбекистон маҳфуз аст. Таърихи таълифи асарро худи муаллиф  чунин зикр менамояд: «Аз вафоти Ҳотами Той дар ин таърих, ки санаи иҳдо ва тисъина ва самонамиатаи (яъне 391/1486 — А. А.) ҳиҷрияи набавия аст, нўҳсаду сӣ сол гузаштаву ҳанўз баҳори зикраш ба раёҳини офарин оростаасту чамани некномии вай ба пирояи санову таҳсин пироста. Байт:

Намонад Ҳотами Той, валекин то абад

Бимонад номи баландаш ба некӣ машҳур».

«Ҳотамнома»-и Кошифӣ ба насри ривоятии бадеъӣ тааллуқ дошта, муаллиф ба василаи ҷамъ овардан ва имлои ривояту ҳикоятҳои дар китобҳо дидааш ва аз мардум шунидааш симои идеалии  Ҳотамро нигошта, ба ин восита саховату ҷавонмардӣ ва олиҳимматиро тарғиб мекунад.

Китоби халқии «Саргузашти Ҳотам» низ маҳсули ҳамин даврон буда, соли 1967 дар Душанбе ба ҳуллаи табъ ороста гардидааст.

Фарқи дигари «Баҳористон» аз «Гулистон» он аст, ки Шайх Саъдӣ бобҳои китоби худро бидуни ҳеч гуна муқаддима сар мекунад. Аммо Ҷомӣ дар оғози ҳар равза бо унвони «Фоида» муқаддимаи хурде меорад, ки он моҳият, мавзўъ ва мақсади ҳамон бобро муайян мекунад. Шоир хотимаи «Фоида»-ҳоро бо шеър хулосаву ҷамъбаст намуда, таъсирбахшиву хотирмонии навиштаҳояшро бештар мегардонад. Чунончи, равзаи чаҳорум, ки «Дар сифати мевабахшии дарахтони боғистону ҷуду карам ва шукуфарезиашон ба базли динору дирам» ном дорад, бо чунин «Фоида» ибтидо меёбад: «Ҷуд — бахшидани чизест, боистӣ бе мулоҳазаи ғаразе ва мутолабаи ивазе, агарчӣ он ғараз ё иваз санои ҷамил ё савоби ҷазил бошад». Баъди ин ду қитъаи зерин оварда мешавад:

«Кист карим?—Он ки на баҳри ҷазост

Ҳар караме, к-ояд аз ў дар вуҷуд.

Ҳар чи бувад баҳри санову савоб,

Байъу шаро гир, на эҳсону ҷуд!

Ва:

Ҳар ки мақсудаш аз карам он аст,

Ки барорад ба олам овоза,

Бошад аз мисри ҷуду шаҳри карам

Хонаи ў буруни дарвоза!»

Саъдӣ на танҳо бисёр ҳикоятҳоро чун мушоҳидаҳои шахсӣ ба қалам медиҳад, балки аз саргузашти воқеъии худ низ нақлҳо мекунад. Дар «Баҳористон» Ҷомӣ фақат услуби ҳикояту ривоятро ба кор бурда, танҳо гуфтору рафтори муътабари пешиниёнро меорад, ки худ дар онҳо  иштирок  надорад.

Тафовути дигари «Баҳористон» аз «Гулистон» он аст, ки пораҳои манзум дар ҳикоятҳои мансури «Гулистон» ҷузви таркибии тасвири воқеа, муколама ва натиҷагириҳои мантиқиро ташкил медиҳанд. Дар «Баҳористон» қитъаҳои манзум, одатан, чунин хусусият надоранд ва аз хатти сюжет берун мемонанд. Қитъаю рубоӣ ва байту маснавиҳои мавриди тақрири «Баҳористон» ба
мисли маънигириҳо (морал) дар тамсилҳои (басняҳои) Юнони Қадим моҳияти хулосаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва ахлоқии нақлу ҳикояти мансурро дар шакли
фашурдаи ҳикматомез чун натиҷа ифода менамоянд. Ин тобишро дар чаҳор мисоле, ки дар боло оварда шуданд, мушоҳида кардан осон аст. Барои тақвияти даъвои худ боз яктоӣ намунаро чун далел аз «Гулистон»-у «Баҳористон» меорем.

«Гулистон»: «Дузде гадоеро гуфт: —Шарм надорӣ, ки даст аз барои ҷаве сим пеши ҳар лаъим дароз мекунӣ? Гуфт:

—Дасти дароз аз пайи як ҳабба сим

Биҳ, ки бибурранд аз донге ним».

«Баҳористон»: «Туркеро гуфтанд: —Кадом дўсттар дорӣ: ғорати имрўз ё биҳишти фардо? Гуфт:—Имрўз даст ба ғорат бикушояму ҳар чӣ ёбам, бирабояму фардо бо Фиръавн дар оташ дароям. Қитъа:

Он шунидастӣ, ки турке васфи ҷаннат чун шунид,

Гуфт бо воъиз, ки он ҷо ғорату тороҷ ҳаст?!

Гуфт: «Не». Гуфто:  «Батар бошад зи дўзах он биҳишт,

К-андар ў кўтаҳ бувад аз ғорату тороҷ даст!».

Таносуби насру назм дар ҳикоятҳои дигари «Гулистон» -у «Баҳористон» ҳам тақрибан ба ҳамин минвол аст.

Ҳарчанд машҳуртарин асари насри бадеъии асри XV «Баҳористон» аст, тамоми ин аср ва, хусусан, нимаи дувуми он дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аз ҷиҳати инкишофи наср мақоми хосе дорад. Бо вуҷуди ин, асарҳои манзум садҳоро ташкил диҳанд, осори мансур ангуштнамо мебошанд. Ба тарзи дигар гўем, рангорангию боигарии хоси назми он замон дар насраш ба назар намерасад. Насри он давр, ки миқдорану ҳаҷман нисбат ба назм кам аст, иртифоъи назмро надорад. Вале насри давраро комилан аз ривоҷ барӣ наметавон шумурд. Насри бадеъии форсу тоҷик дар ин замон бо се роҳ ҷараён дошт: 1) насри сирф бадеъӣ; 2) насри илмии ривоятӣ, ки ба насри бадеъӣ иртиботи наздик дорад, зеро таърихнигору тазкиранависон ва донишмандони соҳаҳои дигар бисёр қисматҳои асарҳои таърихию илмии худро бо услуби қиссаҳои бадеъӣ, истифодаи ҳикояту нақлҳо, саволу ҷавобҳо навиштаанд; 3) муросилоти давлатӣ, мактуботи байнидавлатӣ, талабномаҳои ҷамъиятӣ ва муншаоти шахсӣ, ки аз ҷиҳати сабку услуб дар ниҳояти бадеъият қарор гирифта, сарфи назар аз шеваи иборапардозию муншиёна, баъзешон то дараҷаи шеър мерасанд.

Ҳамаи ин аз дараҷаи хуби инкишофи насри нимаи дувуми асри XV дарак медиҳад. «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Анвори Суҳайлӣ» ва «Ҳотамнома»-и Кошифӣ, «Фурснома»-и Шоҳқулӣ, «Ҳай ибни Яқзон»-и Рўзбеҳон, «Аҷойиб-ул-махлукот»-и Шаҳоби Мудаввин, «Доробнома»-и Беғамӣ, «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ силсилаи асарҳои барҷастаи насри замонро ташкил медиҳанд.

Соилӣ низ дар пайравии «Гулистон» асари мансури омехта ба назм таълиф карда будааст, ки дар якҷоягӣ муҳимтарин ҷиҳатҳои зиндагии ҷомеаи он рўзро инъикос мекунанд.

Таълифи китобҳои шарҳи ҳоли бузургон низ маъмул буд, ки «Нафаҳот-ал-унс»-и Ҷомӣ пурарзиштарини онҳост. Маноқибҳои роҷеъ ба Ҷомӣ навиштаи Абдулғафури Лорӣ, Мавлоно Пуршамс, Абдулвосеъи Низомӣ намунаҳои хуби насри ёддоштӣ буда, асари Ғиёсиддини Хондамир «Макорим-ул-ахлоқ» низ ба силсилаи шарҳи ҳоли бузургони адаб дохил шуда, зиндагӣ, сират, муаллафот ва эҷодиёти Навоиро баён мекунад, ки соли 1360/1981 дар Кобул интишор ёфтааст.

«Тазкират-уш-шуъаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ роҷеъ ба адибону мамдўҳони онҳо нақлу ривоятҳои марғуб дорад. Дар бисёр асарҳои ахлоқӣ, кутуби сўфия, аҳволи вазирон ва ҳолати ҳунарварон низ порчаҳои дилчаспу муассири бадеъӣ ба назар мерасанд.

Сабки соддабаёну пандомўзи Ҷомиро бисёр адибони муосири ў меписандиданд ва ба он мувофиқи қудрати нигорандагии худ пайравӣ мекарданд, ки навиштаи Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ (в. 910/1505) намунаи барҷастаи он аст.

Сабки   нигориши   «Баҳористон»   баробари   ваҳдат дар куллиёт, ки мусаҷҷаъ ва ахлоқию таълимист, дар ҷузъиёт вобаста ба матлаби бобҳо, ҳодисаи воқеъаи тасвиршаванда, ҳадафи бадеъӣ ва муҷиботи дигар тағйир пазируфта, рангоранг ҷилва менамояд. Дар ҳикматҳо ҳамеша хосияти кўтоҳбаёнӣ, пандомўзандагӣ ва таъкиди гўяндаи муътабари он ба тарзи нақл ба калам оварда мешавад. Масалан: «Абуҳошими Сўфӣ, қуддуса сирруҳу, гуфтааст, ки кўҳро бо нўги сўзан аз бех кандан осонтар аст аз занги кибр аз дил бияфкандан». «Абулҳасани Фушанҷӣ, қуддуса сирруҳу, гуфтааст, ки дар дунё ҳеҷ чиз нохуштар нест аз дўсте, ки дўстии вай аз барои ғаразе бошад ё ивазе». «Юсуф ибн ал-Ҳусайн, қуддусаллоҳу сирруҳу, гуфтааст: «Ҳамаи некўиҳо дар хонаесту калиди он тавозўъу фурўтаниву ҳамаи бадиҳо дар хокаесту калиди он мойиву манӣ».

Шахсиятҳои мўътабаре, ки Ҷомӣ аз забони онҳо ҳикмат меорад, аз ҷиҳати замону макону миллат маҳдудияте надоранд. Ҷомӣ гуфтори ҳакимони Юнони Қадиму Эрони Бостон — Арасту (384 —322 қабл аз мелод), Бузургмеҳри вазири Анўшервон (531—579), яке аз посдорони фарҳанги куҳани Аҷам Ибни Муқаффаъ (724—769), ашхоси таърихии Арабу Чин, Эрону Ҳинд, шоирону мутафаккирон ва орифону донишмандонро чун хулосаҳои ҳаётӣ меорад. Дар худи ҳамин муносибати Ҷомӣ нисбат ба тамаддуни ҷаҳон ва афкори умумибашарӣ инсоният чун вуҷуди воҳид ва ҳастии ягона зуҳур менамояд.

Унсури намоёни шеваи нигориши «Баҳористон» дар муколамасозиҳои муаллифи он, ки ба маънои ботинии сухан аҳамияти махсус медиҳад, аён мегардад. Ҷомӣ дар тасвири саҳначаҳои оддии хурди маъишӣ, ки дар авҷи драмавӣ ба қалам дода мешаванд, ба тарзи ҳайратангезе ҳолати психологии тарафайнро сабт намуда, дар вазъиятҳои пуршиддати мазҳакавӣ, ҳаҷвӣ, фоҷиавӣ ва ғайра масъалаҳои сиёсат, давлатдорӣ, ҷангу сулҳ, ахлоқ ва проблемаҳои иҷтимоиро ба миён гузошта, ҳал мекунад. Хулосаҳои ў вобаста ба қаҳрамонҳо шакли муҳокимаҳои олимона, натиҷагириҳои ҳакимона ва ҳозирҷавобиро ба худ мегиранд. Вале дар ҳазлу мутоибаҳо, ки бештар ҷанбаи иҷтимоӣ доранд, эҳтирому таваҷҷўҳи хоси нависанда ҳамеша ба тарафи мазлумону намояндагони табақаҳои меҳнатӣ буда, дар гуфтори онҳо, ки тарафи муқобил дар муносибат ба онҳо ҳисси назарногирӣ, нописандӣ ва ночизшуморӣ изҳор медорад, ҳозирҷавобию хирадмандӣ, истеҳзову тамасхур, писханду нафрати онро ба муқобили аҳли риё, ситамгарон, танпарастон, коҳилон, муфтхўрон, бадахлоқон ва ғайраҳо нишон медиҳад. Аз ҷавобҳои намояндагони табақаҳои болоӣ бефазилатӣ, ҷоҳилӣ, симои манфур ва ботини пучи онҳо ҳувайдо мегардад. Ин шеваи нигориши «Баҳористон», ки ба тарзи ифодаи латифаҳои халқӣ наздик аст, тафаккури халқро ифода намуда, бори дигар халқияти асарро намоиш медиҳад. Як намуна меорем: «Бахлул (шоири ҳаҷвнигори талхзабони дарбори Ҳорунаррашид дар асри VIII — А. А.) бар Ҳорунаррашид даромад. Яке аз вузаро гуфт: —Башорат бод мар туро, ай Баҳлул, ки амиралмўъминин туро бар сари қиродаву ханозир (маймунҳо ва хукҳо) сардору амир гардонид! Баҳлул гуфт: —Гўш ба ман дору фармони ман ба ҷо ор, ки аз ҷумлаи раъоёи манӣ. Қитъа:

Ба шаҳриёрии гову харам диҳӣ мужда,

Раъийяте, ки бувад хоси шаҳриёр, туйӣ!

Шумори лашкариёнам зи хирсу хук кунӣ,

Нахуст кас, ки дарояд  дар ин шумор, туйӣ!».

Албатта, ҳолатҳои мустасно низ мавҷуданд. Вале ақидаҳои нависанда дар «Баҳористон» хеле гуногун ва баъзан мухолифи якдигар ифода ёфта  бошанд ҳам, дар ин асари оламшумул ҷанбаи танқидӣ басе пурқувват буда, дар тамоми маворид андешаҳои мусанниф некбинона ва оптимистонаанд, некиву зебоӣ ва ҳусни хулқ барин ғояҳои мусаффоро талқин менамоянд. Ҳатто дарёфту фошу маҳкум намудани зиштиву бадиҳо ба хотири расидан ба ин нияти нек ба қалам   дода мешавад.

Забони нигориши «Баҳористон» ҷолиби диққат буда, гуфтори зерини М. Тавҳидипур, ки доир ба забони асри XV гуфтааст, пеш аз ҳама ба «Баҳористон» таъаллуқ дорад: «Дар наср сабки махсуси давраи муғул, ки пояи он дар муғлақнависӣ ва касрати (фаровонии — А. А.) истеъмоли калимоту луғоти арабист, дар он давра матрук монду ба ҷойи он сабки дигаре ба вуҷуд омад, ки асоси он бар истиороту ташбеҳоту киноёти фаровон қарор дошт ва аз такаллуф дар луғоти арабӣ орӣ буд».1

«Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Латоиф-ут-тавоиф»-и Сафӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Такмилаи Нафаҳот»-и Абдулғафури Лорӣ бо ҳамин услуби содда навишта шуда бошанд ҳам, дар байни асарҳои насрии асри XV «Баҳористон» аз ҷиҳати соддагии забон ва равонии тарзи баён мумтоз буда,  корбасти санъати саҷъ чун унсури услубие, ки ба василаи калимаҳои мушобеҳу мутазоди баробарвазн, баъзан ҳамқофия ва ҳамеша воҳидҳои ҳамоҳанг, зеби суханро афзун мегардонад, мақоми хос дорад. Бар замми ин, саҷъ суханҳои Ҷомиро мисли каломи Саъдӣ мармузтар ба садо медарорад. Таваҷҷўҳ фармоед: «Хирадмандони карим мол ба дўстон гуморанду бехирадони лаъим аз барои душманон бигзоранд». «Ҳар ки бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гирад, дар лагадкўби забардастон бимирад». Чунон ки ба мушоҳида мерасад, Ҷомӣ исмҳоро бо исмҳо, сифатҳоро бо сифатҳо ва феълҳоро бо феълҳо мусаҷҷаъ месохтааст, ки яке аз дарбоистҳои саҷъ аст.

Дар шеваи навишти насри бадеъии Ҷомӣ нақшнигории дарозсухан, аз қабили «қуръаи машварат дар миён андохтан» ба ҷойи «машварат кардан», «даст  дар  домани  мутобиату  фармонбарӣ  задан»  ба  ҷойи  «итоат кардан», 

1.М.Тавҳидипур.   Муқаддима.— Ҷомӣ.   Нафаҳот-ал-унс, Теҳрон, 1337, саҳ. 151.

иншои музайяни пуртакаллуф, арабибозӣ, иҳомпарастӣ ва тасаннуоти дигар, ки хоси таърихнигорону иншонависони дарборист, ба кор намеравад. Вале Ҷомӣ дар муншаоту мактуботи худ бештар таҳти нуфузи пешиниён қарор гирифта, ба дарозгўӣ, муқаддимапардозӣ ва ибораттирозӣ саъй менамояд.

Умуман, сабки иншонависӣ дар он аҳд чунин буд.

Хулласи калом, нигорандаи «Баҳористон»-и бехазон ва бисёр осори дигари мондагор Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ адибест, ки тамоми эҷодиёти худро ба нафъи мардум нигаронидааст. Ў дар осори бо санъати баланду забони содда навиштааш афкори ҳакимонаи адабиёти панҷсадсолаи тоҷику форсро ҷамъбаст намуда, ба василаи тасвири ишқи поки Лайливу Маҷнун, Юсуфу Зулайхо, Саломону Абсол ва Аштару Ҷидо, тавсифи адолатпарварии Анушервон, хирадмандии Бузургмеҳру Афлотун, донишмандии Искандари идеалӣ, нақли зиндагию рафтори бузургони ирфон ва адибони номдор, инсонпарвариву ватандўстӣ ва рафоқату бародариро тараннум мекунад, адлу инсоф, донишу хирад, меҳнату осоиш ва некўкориро тарғиб менамояд, пастҳиммативу танпарварӣ, дурўғгўиву фиребгариро ба зери танқид мегирад, хулоса, ба одамон тарзи касби камоли одамиятро   таълим   медиҳад.   Зубдаи   таълимоти инсондўстонаи  ў  ин аст:

Шамъ  шав, шамъ, ки худро сўзӣ,

То ба он базми касон афрўзӣ!

Абр шав, то ки чу борон резӣ,

Бар гулу хас ҳама яксон резӣ!

Ниҳоят, соли 1966 муаллифи ин сатрҳо ба воситаи нашриёти «Ирфон» матни илмӣ-оммавии «Баҳористон»-ро ба чоп расонд, ки хеле мухтасар бошад ҳам, дар муддати кўтоҳе дар китобхонаҳо камёфт гардид, зеро шавқи хонандагон ба ин асари ҷовидонии Ҷомӣ калон аст. Ҳамин талаботро ба назар гирифта, нашриёти «Маориф» онро аз нав (соли 1987) чоп кард, ки дар он аз асли матн фақат чанд ҷумлаи душворфаҳм аз аввали дебоча, 12 ҳикоят аз боби якум, чор мутояба аз боби панҷум, чор ҳикоят аз боби шашум ва як ҷумла аз мақолаи «Азрақӣ» (боби ҳафтум) ихтисор гардид. Нашри нави асар як ҳодисаи гуворо ва як навъ поси хотири муаллифи рисолаи ҷовидонаи беҳамто хоҳад буд.

Аз замони бунёди «Баҳористон»-и бехазон панҷсад сол гузашт ва, албатта, дар ин муддати дарози ним ҳазор сол, ки аз ҳаводиси рўзгор пур буд, барге чанд аз ин «Баҳористон»-и ҷовидон аз тундбоди таърих ва гардиши даврон зард шуда, мисли барги хазон ба хонанда ҳузнеро илқо менамоянд. Вале ба тарзи куллӣ «Баҳористон»-и ҳамешасабзу пуртароват ҳамон ороставу пероста буда, насими ҷонбахше таровати гулҳо ва бўйи рўҳнавози раёҳини онро ба машом расонда, ба чашмон зиё, ба дилҳо сафо, ба равонҳо ҷило ва ба ҷисмҳо шифо мебахшад.

ХОТИМА

Дар дил чунон мегашт ва дар хотир чунон мегузашт, ки ин нома ба зудӣ ба охир наянҷомад ва хома дар тайи мақосиди¹ он ҳолиё аз ҷунбиш наёромад. Аммо чун ойинаи табъи гўянда занги маломат гирифт ва ба сайқали сидқи рағбати шунаванда сақолат напазируфт, бад-ин қадар иқтисор афтод.

Қ и т ъ а

Баст2 кун, Ҷомиё, бисоти сухан,

Ки аз он хубтар бисоте нест.

Лек хомўш нишину дам даркаш,

Табъро гар дар он нишоте нест.

Нест кофӣ бисоти табъи ту низ

Агар аз сомеъ3 инбисоте4 нест.

Ва ҳар чӣ аз мақулаи5 назм гузашта, ба нозиме мансуб нагашта, зодаи табъи муҳаррири6  ин рисола аст ва натиҷаи фикри муқаррири7 ин мақола.

Р у б о ӣ

Ҷомӣ ҳар ҷо, ки номае иншо орост,

Аз гуфтаи кас ба орият ҳеҷ нахост.

Онро, ки зи сунъи худ дукон пурколост,

Даллолии колои касонаш на сазост.

Уммед ба макорими8 ахлоқи мутолиакунандагон он, ки чун бар халале муталлеъ шаванд, ба зайли афв ва иғмоз9 бипўшанд ва дар ифшои он 6а забони ғайб ва эътироз накўшанд. 

Қ и т ъ а

Чун бубинӣ зи ошное айбе,

Гар ба бегонагон нагўй, беҳ.

З-он ки дар кеши охирандешон

Айбпўшӣ зи айбҷўӣи беҳ. 

Дар таърихи қатьи атноби 10 итноб11 ва тайи асбоби асҳоб: 

Қ и т ъ а

Такупўйи хома дар ин турфа нома,

Ки Ҷомӣ бад-ў кард табъозмойӣ,

Ба вақте шуд охир, ки таърихи ҳиҷрат

Шавад нўҳсад, ар ҳашт бар вай физойӣ12 .

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …