Дар нимаи дуюми асри XIX дар Корея бӯҳрони сиёсӣ боз ҳам тезу тундтар мешавад. Он ба замони оғози ба Корея cap даровардани мамлакатҳои бузурги сармоядорӣ рост омад. Агар то миёнаҳои ин аср ба Корея бештар мамлакатҳои Европа cap дароварданӣ мешуданд, пас дар нимаи дуюми он ба қатори ин давлатҳо Ҷопон, ИМА ва Германия ҳам ҳамроҳ мешаванд. Дар ин кор махсусан Ҷопон фаъол буд. Германия давлати европавӣ бошад ҳам, сиёсати империалистии худро дертар оғоз карда буд. Ба Корея cap даровардани он ба аввали фаъолияти истилогаронаи хориҷии ин давлат рост омад.
Нисбат ба дигар давлатҳои номбурда Ҷопон барои ба худ тобеъ кардани Корея бештар талош мекард. Соли 1875 дар ҷазираи Канхва дар байни Корея ва Ҷопон бархӯрди ҳарбӣ ба амал омад. Баъди рӯй додани ин воқеа ҳукумати Ҷопон ба Корея сафир фиристода талаб кард, ки он бо Ҷопон шартномаи “дӯстӣ” бандад. Азбаски Корея муқобилияти бояду шояди ҳарбӣ нишон дода наметавонист, маҷбур шуд, ки ба Ҷопон итоат карда, 26 феврали соли 1876 дар ҷазираи Канхва ба зери “шартнома дар бораи сулҳ ва дӯстӣ”-и пешниҳодкардаи ин давлат имзо гузорад. Мувофиқи ин шартнома Корея бандарҳои Пусан, Чемулпо (Инчхон) ва Венсанро барои тиҷорату соҳибкории ҷопониҳо кушод. Ҷопон дар Корея барои шаҳрвандони худ ҳуқуқи дахлнопазирӣ ба даст даровард. Инчунин тоҷирони ҷопонӣ метавонистанд молҳои худро бе пардохти боҷ ба Корея дароварда фурӯшанд ва дар бозорҳои он пули ҷопониро ба муомилот бароранд. Ба шартномаи Канхва такя карда, ҷопониҳо рӯирост ба корҳои дохилии Корея дахолат мекарданд.
Мамлакатҳои дигари сармоядори низ аз Ҷопон ақиб монданӣ набуданд. Онҳо ҳам ба гардани Корея шартномаҳои асоратоварро бор мекарданд. Мувофиқи шартномаи ИМА ва Корея аз 22 майи соли 1882 шаҳрвандони америкавӣ дар бандарҳои Пусан, Вонсан ва Инчхон ҳуқуқи тиҷорати озодона, дар қаламрави мамлакат харидани замин ва сохтмони корхонаҳои саноатиро пайдо намуданд. Дар солҳои 1883—1884 чунин шартномахоро бо Корея Англия, Германия, Италия, Русия ва чанде баъдтар Фаронса ҳам мебанданд.