Китоби Аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми
Аъзам Абӯҳанифа (р)
Муаллиф: Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович).
Муҳаррирони илмӣ: Мавлавӣ Ҳоҷ Амир Аббоси Бобоназар – мутарҷими Қуръон, муфассир ва муҳаддиси барҷастаи ҳанафӣ.
Ҳоҷӣ Мулло Зайниддини Набот – мудири кафедраи таърих ва фалсафаи ДДИТ (ҳамзамон устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ) – номзаид илми фалсафа, дотсент.
Шайх Мулло Муродалии Яғнобӣ – Имомхатиби масҷиди ҷомеъаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб – донишманди шинохта ва имоми шоистаи ҳанафӣ.
Ҳазрати Эшони Ҳоҷӣ Сайид Абдуҷалилхоҷаи Муҷтаҳиди Ҳисори Шодмонӣ – Имомхатиби масҷиди ҷомеъи музофоти Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав – донишманди шинохтаи илми шариъат ва тариқат.
Муқарриз ва муаллифи сарсухан: Доктор Сайид Абдулҳайи Комилӣ.
Муҳаррири масъули нашр: (ва виростории компютерӣ) – Ҳамидуллоҳи Файзуллоҳ.
Китоб бо маблағи холисона ва беғаразонаи родмарди саховатпеша дӯст ва бародари гиромӣ – мӯҳтарам Мирзосафар Хаёлбеки Ализодаи Яғнобӣ рӯи чоп омад, ки муаллиф аз эшон ба ғояти тамом миннатдор ва сипосгузор аст. Ҳаққи чоп ва нашр маҳфуз ва махсуси ношир мебошад.
МУНДАРИҶАИ КИТОБ
- Ассалом, эй мазҳаби моро чароғи раҳнамо 4
- Бо баҳонаи пешгуфтор 9
- Даричае рӯ ба мавзӯъ 11
- Дурахши ахтари тобон 27
- Фурӯзон гашт «чароғи уммат»-и ҳазрати Паёмбар(с) 29
- Дар баёни расидани амонати ҳазрати Расулуллоҳ /с/ 43
- Воқеаи ҳазрати Имоми Аъзам/р/ Ва ба тавофи каъба рафтани Ӯ 45
- Парвоз ба қуллаҳои ормон 48
- Мероси илмии Имоми Аъзам ва ё фишӯрдаи мӯҳтавойи расойил (илми фиқҳ) -и каломии имом Абӯҳанифа (р) 60
- Ал-фиқҳал-акбар 86
- Ал-фиқҳ-ал-абсат 91
- Ал-олим вал-мутааллим 97
- Рисолаи Абӯҳанифа ба Абӯмуслим ал-баттӣ-имоми басра 105
- Ал-васият 116
- Ал-муснад-ал-Имом-ал-Аъзам (р) 126
- Китоб ал-осор 127
- Танбеҳ 127
- Шахсияти имоми аъзам Абӯҳанифа (р) 130
- Имомон ва бузургони ислом дар васфу ситоиши Имоми Аъзам (р) ва шаммае аз сифоти ҳамида ва некӯи эшон 164
- Дар шиддати сахткӯшии имоми аъзам (р) дар ибодат ва сабаби шабзиндадориҳои эшон 193
- Танбеҳ 197
- Дар хавф ва муроқибати Имоми Аъзам (р) аз парвардигори субҳон ва баъзе аз хобҳои некӯе, ки ба эшон марбут аст 198
- «Дигар донойи роз – ояд, ки н-ояд» 207
- Аз таърихи пайдоиши мазоҳиб дар ислом 226
- Ҳанафия чист ва Ҳанафи кист? 284
- Ҳанафия аз оғоз надорад айбе… 362
- Имоми Аъзам ҳомии забони форсӣ-тоҷикӣ 371
- Гулчине аз ҳикматҳои лозаволи ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ 375
- Чанд эътирофи ҷолиб аз ихлосмандон ва мӯътақидони ислом 384
- Дуъо ба Имоми Аъзам /р/ 384
- Дуо ва ё нола 395
- Дуруд ба расули Акрам /с/ 397
- Феҳристи китобиёт 399Феҳристи матолиб 406
Китобе, ки дар дасти мубораки хонандаи азиз ва пешорӯйи дидагони борикбини аҳли назар қарор гирифтааст, дар таърихи мазҳабшиносии тоҷик падидае дигар буда, дар он ба таври муфассал андешаҳову нигоштаҳои муҳаққиқи исломшинос – Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) оид ба аҳвол ва осори лозаволи яке аз барҷастатарин шахсиятҳои олами Ислом – муассиси мазҳаби муҳаззаби ҳанафия (маъруф ба мазҳаби Имоми Аъзам) инсони комил ва фақеҳи кабиру имоми шаҳир (аз шумори тобиъин), яъне, «Чароғи уммат» – Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (699 м. – 767 м). рӯи авроқ навишта шуда…
Ҳамчунин, ба ғайр аз бозшинохти аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), дар китоби ҳозир дар бораи таърихи пайдоиши равия, мазҳабҳову фирқаҳо ва тариқаҳову силсилаҳои Ислом ва ба хусус, мазҳаби муҳаззаби ҳанафия, низ маълумоти мукамал дода шудааст.
Китоб ба лутфу табъи мубораки диншиносон (ҳақшиносон), мударрисони мадорис ва донишкадаи исломӣ, устодону донишҷуёни донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвари соҳибистиқлол ва ба ҳамаи он азизоне, ки ба масоили исломшиносӣ, ба хусус, ба омӯзиши фарҳанги тамаддуни исломӣ пажӯҳиш мебаранду барои интишори дини мубини Ислом ва ривоҷу густариши беҳтарин мазҳаби Ислом – мазҳаби муҳаззаби сироҷи умам – мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (яъне, ҳанафия ки қадимтарин ва беҳтарин мазҳаб буда, аз он бӯи файзи Расулуллоҳ (с) ва асҳоби Расули акрам (с) ба машоми мӯъминон мерасад) дастандаркоранд, пешкаш мегардад.