Главная / Гуногун / АЗ ГУНОҲАТ ГУЗАШТАМ – Асланшо Раҳматуллоев

АЗ ГУНОҲАТ ГУЗАШТАМ – Асланшо Раҳматуллоев

“АЗ ГУНОҲАТ ГУЗАШТАМ, ИН СУ ГУЗАР!” 66 СОЛАГӢ МУБОРАК!

Асланшо Раҳматуллоев (Раҳматуллоев Асланшо Аскаршоевич; 23 сентябри 1954, деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005).

photo_2020-09-23_11-39-49Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба охир расонда, дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кардааст, аз соли 1994 актёр ва коргардони Театри миниатюраи «Оина» мебошад. Дар «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» барин спектаклҳои театр хуб ҳунарнамоӣ кардааст, вале истеъдодаш дар кино бештар намоён аст. Дар беш аз 30 филм нақш офаридааст.
Нақшҳои иҷрокардааш дар филмҳои бадеии «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телеканали НТВ) ва ғайра хотирмонанд.

Фильмография:«Заложник»Режиссер Ю.Юсупов, «Таджикфильм» «Встреча в ущелье смерти»Режиссер Т.Собиров, «Таджикфильм» «Четвертая сторона треугольника»Режиссер В.Мирзоянц, «Таджикфильм» «Операция Тора-Бора»Режиссер М.Алиев, Россия «Офицеры»Режиссер М.Алиев, Россия «Чет нечет»Режиссер Б.Худойназаров, Таджикистан – Германия – Швейцария «Золотой запас»Режиссер М.Алиев, Д.Матов, канал НТВГод рождения – 1954 год

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …