Главная / Гуногун / Аз дуруг бипархезед, ки баракат аз ризқатон меравад

Аз дуруг бипархезед, ки баракат аз ризқатон меравад

Шахсе пеши пайғамбари замони худ омад ва гуфт:

Ман дар марази исён гирифторам ва пайваста ба дуздиву зино ва хунрезӣ ва ба дағобозиву дуруғгӯйӣ ба cap мебарам ва наметавонам, ки ҳамаро ба як бор тарк гуям. Ҳоло илоҷи ин бемориро аз Шумо мехоҳам, ки Ҳақ, таоло Шуморо ҳакими ин иллатҳо намуда ва барои муолиҷаи ҳамчунин маразҳо фармон дода, аввал кадом якеро аз инҳо тарк кунам?

durugguy

Он Ҳазрат гуфтанд, ки:

Аввал дурӯғгӯиро тарк кун ва баъд аз се рӯз пеши ман биё, ки илоҷи дигар исёни туро нишон хоҳам дод.

Он кас аз дуруғгӯӣ тавба карду ба хонаи худ омад. Чун хотираш ба ҳасби одат ба фисқу фуҷур майл намуд, андеша кард, ки: «Агар аз ман пурсанд, ки: «Куҷо меравӣ?» Чӣ ҷавобаш диҳам? Ва ҳар гоҳ баъд аз се рӯз пеши пайғамбари Худо равам ва аз ман пурсанд, ки: «Дар ин се рӯз чӣ кор кардӣ?» Дурӯғ наметавонам гуфт. Ва низ одамиро шарм аст, ки бадкирдории худ бар забон орад». Алғараз, дар ҳамин андеша се рӯз бигӯзашт ва ҳеҷ бадкорӣ аз ӯ ба вуқуъ напайваст, то он ки сирати нописандида ба хасоили разийяву шамоили марзийя мубаддал гашт ва дар андак замон маншаи[1] ӯ ба некӣ гироиду аз ҷамеи гуноҳ тоиб[2] гашт.

Ҳосили матлаб. Дуруғгӯйӣ бадтарини гуноҳ аст. Аксари мардумон ба ин бало гирифторанд. Онҳо андеша доранд, ки агар дурӯғ нагуем, рӯзӣ наёбем. Аммо ин сухан ғалат аст, балки аз дурӯғ гуфтан баракат аз рӯзӣ меравад.

[1] Маиша – сиришт.

[2] Тоиб – тавбакунанда.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …