Главная / Гуногун / Аз байн рафтани империяи Сосониён

Аз байн рафтани империяи Сосониён

Савол: Чи шуд, ки як империяи бузурги ҷаҳонӣ яку якбора аз байн рафт?

Ҷавоб:  Мо посухро на аз ибтидои сосониён, балки аз интиҳои он оғоз мекунем. Дар тўли 40 сол пас аз  таваллуди Муҳаммад  ва ҳодисаи фавқуттабии он шаб дар дарбори Ануширвони Одил рух дода, хомўш шудани оташкадаи Зардуштиёни оташпараст, ҳама фаромўш шуданд. Боз баҳри сарвату давлат ба ҷангу талоши нафси ҳайвонӣ дода шуда, Худоро фаромўш карданд, Инак ба ҳақиқати таърихӣ аз китоби «Таърихи таммаддуни Ориён»-и И. Умарзода рўй меорем: «Сосониён соли 609 мелодӣ Эдемаро гирифта, сипас ба Сурия ҳуҷум карданд ва то Антиохия омаданд. Соли 613 Димишқро ба тасарруфи худ дароварданд. Сипас ба Фаластин ва моҳи июни соли 614 ба Ерусалим дохил шуданд. Императори Рим Ираклий аз ғалабаҳои  барқосои форсҳо ба таҳлуқа афтода пойтахти худро ба Карфаген кўчониданӣ шуд.

Чи хеле, ки мебинем, ҳаракати фарсҳо дар ин давраи таърихӣ, барқосо буд. Қуввае набуд, ки пеши роҳи онҳоро гирифта тавонад.

  Вале Хусрави Дуи Парвиз подшоҳи сосониён, ба гапи ҳамсари аввалааш – Ширин даромада писари калониаш Қавадро, ки бо номи Шерўя (Шероз) машҳур буд, ҳабс намуд ва ба ҷойи худ писари аз Ширин ба дунё омадаро гузоштанӣ шуд. Аммо ашрофони дарбору насрониёни несторианӣ бо сардории орамеӣ – Шамта Шерўяро аз ҳабс озод карда, 29 феврали соли 628 Хусрави Дуи Парвизро ба қатл расониданд ва ба ҷойи ў Шерўяро ба тахт шинониданд. Шерўя ҳамин, ки соли 628 ба сари ҳокимият омад фаъолияти давлатдории хешро аз куштори бародаронаш оғоз намуд ва 18 нафар шоҳзодаро ба қатл расонид. Пас аз кушта тамом кардани бародарон ба назди императори Рим Ираклий одам фиристода тамаллуқкорона сулҳ талаб кард. Аз баҳри Сурия баромада зуд лашкарашро аз он ҷо баровард. Вале пас аз кушта шудани Хусрави Ду оби ду дарёи азим – Даҷла ва Фурот дамида, ҳамаи полезҳоро шуста рафтанд ва ин водии аз дасти тўрониёну халқҳои маҳаллӣ ба бўстон табдил дода шударо ба биёбон мубаддал сохт ва аз паси он бемории вабо пайдо шуда нафакат ҳазорон аҳолии соҳилҳои фарохи ду дарёро ба доми марг кашид, балки пойтахти Форсҳо – шаҳри Мадоинро, ки чи дар замони Паҳлавӣ ва чи дар замони Сосонӣ, ба шаҳри афсонавӣ табдил дода шуда буд, ба гадоӣ гирифтор кард ва худи шоҳ  ҳам пас аз ҳукмронии шаш моҳа аз олам гузашт.

Пас аз Шерўя, вориси ў писари 7 солааш Ардашери Серо соли 628 ба тахти подшоҳӣ шинониданд. Дар ин вақт сарлашкари Сосониён – Шаҳрбероз бо императори Рим – Ираклий вохўрда, бо кўмаки ў, ки вайронии давлати Форсро мехост, худро  шоҳ эълон кард ва бо хиёнати як идда хоинони сосонӣ ба Мадоин дохил шуд ва ба ғорату таҷовуз даст зада, Ардашери сеи ноболиғро 27 апрели соли 630 ба қатл расонид.

Аъёну ашроф намехостанд, ки ба ҷуз авлоди Сосониён шахси дигаре ба тахти подшоҳӣ нишинад. Беҳтар ин аст, ки духтари Хусраву Ширин – Боронро, ки бо лақаби Тўрондухт маъруф буд, ба тахти подшоҳӣ шинониданд. Зеро аз авлоди Сосониён шоҳзодае намонд, ки ўро ба тахти подшоҳӣ гузоранд.

Шоҳдухтар ба тахти подшоҳи нишасту ба тезӣ бо империяи Рим сулҳ баст. Ҳудуди давлати Форс ҳамон тавре, ки дар замони Маврикия буд, нигоҳ дошта шуд ва бо талаби Тўрондухт Нисибин ба Форс гузашт. Ин ғалабаи бузург буд. Тўрондухт то соли 631 подшоҳӣ кард. Дар ин давра ҷанги бародаркушӣ дар Мадоин авҷ гирифт ва шоҳзода Фирўз подшоҳ гардид. Сипас хоҳари Тўрондухт-Озермидухт (631) ба сари қудрат омад. Дар ин вақт сарбозҳои сарлашкари қатлшуда, набераи Хусрави Дуи Парвиз – Ҳурмузи V-ро дар Нисибин подшоҳ эълон карданд. Ў дар он ҷо аз соли 631 то соли 632 подшоҳӣ кард. Озермидухт супориш дод, ки яке аз меросхўрони сарлашкари Хуросонро ба қатл расонанд. Писари ў сарлашкари номӣ, тимсоли (прототипи) қаҳрамони афсонавии «Шоҳнома» – Рустам Озермидухтро аз тахт дур андохт. Мувофиқи гуфтаи Кримский, дар Мадоин як қисми ашрофҳо Фироқзодаи Хусравро дастгирӣ мекурданд, ки ҳоло кўдак буд, қисми дигари аъёну ашрофи Форс дар қасри Истахр бачаи дигар, яке аз набераҳои Хусрави Ду-писари Шаҳриёр, Яздигурди Серо ба тахт шинонданд. Сипас дар Мадоин Фаррухзодаи Хусравро ба қатл расонида Яздигурди  Серо ба пойтахти Форс, шаҳри Мадоин (дар шафати Бобулистон) оварданд. Ба тезӣ ба ин ҷо сарлашкари диловари Хуросонӣ Рустам пайдо шуда, ҳимоятгари шоҳи ҷавон гардид. Вале ҳайҳот! Акунун дер шуда буд. Пеши роҳи ҳуҷуми арабҳоро қуввае набуд, ки бигирад. Яздигурди Се роҳи гурезро пешп намуд ва ба Осиёи Миёна омада, аз соли 632 то соли 651 дар шаҳри Марв ҷон ба саломат бурд ва сипас ўро ба қатл расониданд. Яздигурди Се охирин подшоҳи сулолаи сосониён буд. Авлоди ў аз шаҳри Шерози форсҳои қадим, гузаштагони тоҷикони муосир буд, ки онҳоро то пайдо шудани дини Ислом бо ифтихор «форс» мегуфтанд.

  Хулоса, дар як сол, дар як моҳ, дар як рўз ва шояд дар як соат ҳам бошад, 8-уми июни соли 632 мелодӣ империяи муқтадири Сосониён ва сипас империяи Рим ва Юнони мутамаддун аз саҳнаи таърих афтодаанд. Ин соле буд, ки дини мубини Ислом ба саҳнаи таърих қадам ниҳод.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …